* * *
Рӯзи дигар, баъди намози бомдод, шайхулислом Шарофиддин дар мақсура бо Сайфуддин бародарвор салом карду барои нӯшидани як пиёла чой ба манзилаш хонд. Шоир даъватро бо хушнудӣ пазируфт. Зеро бо хоҳиши Турконхотун ба ин алломаи замона мадеҳае навишта, ба дасташ супорида буду мехост, чанд байте ба самъи ӯ расонад. Шеър хонда шуд, аммо на муаллиф, балки мамдӯҳ азёд қироат кард:
Эй Шоҳ, дил фишону бар ин фатҳ сар фароз,
В-эй Шайх шод бошу бад-ин мавҳибат биноз!
К-андар замони нусрату таъйид аз сафар
Алломаи афозили олам расид боз.
Маҷду Шарофи миллату дин, он ки бар замин
Чун осмон ба файзи камол аст сарфароз.
Булфатҳи садр, зодаи ислом он, ки ҳаст
Иқболро зи турраи дастори ӯ тироз.
Аз гавҳараш чу нақди ҳақиқат ривоҷ ёфт,
Афсона шуд ҳақиқати бозори зулмаҷоз…
Гар дар Аҷам баёни ту шарҳи сухан кунад,
Саргум шавад фасоҳати аъроб дар Ҳиҷоз!
Хондани башавқи Шайх нишонаи дилбурдагӣ буд ва Сайфуддин, ки маҳз бо пешниҳоди Турконхотун ба маснади Шайхулисломи Хоразм пазируфта шудани Шарофуддинро қаблан медонист, аз фавран дастрас шудани шеъри тозаэҷод рамузи шоирона бардошт. Фаҳмид, ки чаро ин марди тозалибос ва баландболо ҳар шаб сурма бар чашм медиҳаду пайваста рӯған бар сару риш мемолад ва хушбӯиҳо фаровон истифода мебарад. Бовар кард, ки пайванди онон роҳатфизо ва ногусастанист.
Шайху шоир нони гарм бо гӯшти мурғ хӯрданду андаке лаҳми гӯсфанд ва харбуза. Вақти тановули шаҳду ширинӣ сӯҳбат тасфид.
– Ҳар дуи мо дар миллати обои хеш ҷоннисорем ва хуб медонем, ки ашъори баландғоя зевари давлату дин аст, — ба ҳукми мизбон сухан оғозид Шайхулислом. — Сидқан миннатдорам, ки ба кулбаи мо бетакаллуф ташриф овардед. Мо имкон дорем, батаанӣ сӯҳбат ороста, аз камоли фитрию фазилат ва дониши илоҳии ҳамдигар воқиф шавем.
— Мо низ бандаи Худои каримем ва ягона умедамон лутфу марҳамати илоҳист, — гуфт Сайфуддин чашм аз рухсораи нуронии Шарофиддин ибни Маҷдуддин наканда. Аввалин чизе, ки ҳис кард, покизамарди бӯё будани ин гиромиқадр буд, гӯиё дар ҷайб кулолаи мушки анбарӣ дошта бошад. Ин марди хушлибоси тахмин шастсола, ки риши гирдаи қатронӣ, абрувони пайвастаи камонӣ, чеҳраи сурхинаи нуронӣ ва чашмони софи хуросонӣ дошт, мухтасар ҳасби ҳол гуфту бо шайхи мӯътабари Хуҷанд Бадеуддини Нурӣ шиноси дилхоҳ ва дерин буданашро махсус таъкид карда, бо меҳрубонӣ пурсид:
– Ҳоло, ки дар саргаҳи кори нав қарор доред, лутфан бигӯед, тадбир аз кӣ мепурсед?
— Оне, ки дини пок, муҳаббати беғараз ва дониши комил дорад, метавонад тадбир бигӯяд. Дар урфият мақоле ҳаст: тадбир аз пир, ҷанг аз сарҳанг…
— Эдар, ки ба дарбори Хоразмшоҳ наздик шудаед, худро ба чӣ василат манзур менамоед?
— Агар меҳрубонию қурбати беғараз ёбам ва рафтори шоҳро нек бишносам, ҳунари хеш мутобиқи рой ва ҳавои ӯ пешниҳод мекунам. Аз тамаллуқ мепарҳезам. Чун кори савоб оғоз кунад, шеъри воло дар чашму дилаш ороста гардонам, то шодии шоҳ афзояд.
— Омади кори шоир аз кӯшиш аст ё амри қазо?
— Кӯшиш қазоро сабаб аст.
— Ба фикри Шумо дар олам беҳтарин чиз кадом аст?
— Хушнудии Парвардигори азза ва ҷалла ва розигии волидайн.
— Кӣ оқилтар аст: аъробӣ ё аҷамӣ?
— Оне, ки бисёр донаду кам гӯяд ва беш шунавад.
— Дар шеъри худ моро «шарофи миллату дин» гуфтаед. Шараф чисту шароф чӣ маъно дорад?
— Номуси ватандорӣ ва ифтихор аз ҷадду обои хеш шараф аст. Асилзодаи барӯмандро шароф гӯянд.
— Адл чист?
— Бинои ободест, ки ҳаргиз хароб нашавад. Ҳар подшоҳе, ки аз сифати адл орӣ бошад, монанди абрест, ки борон надошта бошад. Як соати умри подшоҳ дар додгустарӣ баробар аст ба чандин соли ибодатбарӣ. «Адлуссоати хайрун мин ибодат-ис-сабъина санатин» — ин сухан аз аҳодиси набавист ва адли яксоата беҳ аз ибодати ҳафтодсола маъно доштанашро аз ман хубтар медонед.
— Накӯӣ беҳтар аст ё аз бадӣ дур будан?
— Аз бадӣ дур будан сарчашмаи накӯист…
Шайхулислом, ки ҷавоби пурсишҳои худро хуб медонист, аз посухи Сайфуддин қаноатманд гардид ва ӯро икром карду гуфт:
– Ҳаббазо, ки моро бо дониши қавӣ ва сухани мӯътамад шод гардондед, эй бародар. Мо ният дорем шуморо дар сафи аввали дӯстони беҳтар зи ҷон ҷой диҳем. Акнун мехоҳем бидонем, ки фикри шумо дар ин хусус чӣ гуна бошад?