— Шоҳаншоҳи олам шуморо раҳнамои мусулмонҳои Хоразм баргузида ва мо ба ҳукми тақдир хушнудем. Лутфу инояти шумо бағояти меҳрубонӣ ва карам аст, — Сайфуддин ангушти қабул ба дида ниҳоду изҳори фараҳ ва сурур кард ва афзуд: — шумо пуштибони дини Худо ва ҳомии донои Расули Худоед. Иҷрои ҳар амри мубораки шумо барои мо ҳам фарз асту ҳам суннати санийя…
— Эҳсос мешавад, ки сидқан сухан мегӯед. Акнун ба як масъалаи нозук мутаваҷҷеҳ мешавем. Хурду бузург медонанд, ки шеъру шоирӣ ва бодапарастию майгусорӣ ҳамрадифанд. Вале аз ашъори шумо бӯйи шароб ба димоғ намерасаду дирӯз алорағми шароб сухан ба коҳиш гуфтед…
– Қабл аз сафари Ғӯрганҷ аз бода бо хуни дил даст шустаам, то аз дари раҳмат ноумед нашавам. Зеро Шайх Маслиҳатдин ҳама шарру шӯру шаранги ҷаҳонро аз касофати шароб дониста, маро «Сайфуддин» тахаллус ниҳода ва чунин насиҳат карда: «Шоироне, ки бодахоҳ шаванд, аз майи сурх рӯсиёҳ шаванд!»
Аллакай фаҳмидам, ки шоире аз бодаи ишқ масту хуморист, лаззати онро ҳаргиз бо дами шароб намешиканад! Ман ҳаргиз зиною лавот ва корҳои ношоист накардааму минбаъд розномаи дил бо сиришк менависам, на бо шароб!
— Офарин! Лекин… Гап байни худамон монад, ҳолиё Шоҳаншоҳи Хоразм сахт пайванди шароб шуда… Ҳолдонҳо мегӯянд, ки мисли бобокалонаш Эл Арслон лаби ҷоми майро аз лаби майгуни ёр бартар медонад…
— Ин қиссаро намедонам. Агар бемалол бошад…
Шаёхулислом бо тааҷуби ошкоро Сайфуддинро нигарист:
— Наход шоир аз корномаи шоир огоҳ набошад? Ин қисса басо ибратбахш аст. Азбаски ба мавзӯи сӯҳбати мо дахл дорад, муфассал мегӯям…
Аз нақли равони шайхулислом маълум шуд, ки Эл Арслон бо як ҳамла Нишопуру Рай Байҳақу Сабзавор ва Абҳару Занҷону Қазвинро тобеи худ кард ва ба чор атроф фатҳномаҳо фиристод бо имзои Тоҷ-ад-дунё ва-д-дин, Малик-ат-турк ва-л-аҷам Эл Арслони Хоразмшоҳ… Аз нашъаи ғалаба маст гашту базму тараби осмонкафро оғоз ниҳод.
Рӯзҳову ҳафтаҳо ва моҳҳо беист аз машриқ ба мағриб сипарӣ мешуданд. Аммо садои табли шодӣ ва хурсандӣ лаҳзае фазои Ғӯрганҷро тарк намекард. Дахли беҳисоб сарфи шароб ва кабоб мешуд. Хазинаи машҳури Отсиз торафт тиҳӣ мегашт.
Мусалсалмаҳфили ною нӯш, ки оғози бадфарҷомист, қалби пайвандон ва муқаррибон ғарқоби хун мекард. Вале гурдадоре набуд, ки шоҳи лабташнаву дилсӯхта ва саргаштаву ақлхаста ба роҳи рост ҳидоят кунад. Он гоҳ Теркенхотун — ҳамсари вафодор ва хирадпарвари Эл Арслон маликушшуарои дарбор Рашидуддин Ватвотро ҳадя аз зари холис доду ба хилват хонд ва гуфт: «Эй донои кайҳон ва амири шоирони ҷаҳон! Ақли худованди моро дев асир кардааст ва акнун аз Шумост маро ёрӣ додан. Зеро «сухан аз даҳони пире — беҳ аз ҳазор тадбире» мегӯянд. Ҳоло панде пирона ва сухане пероста бояд сароид, то соябони сари мо аз Худо битарсаду дар кӯзаи айш худро ҳалок накунад»
Шоири ҳафтоду ҳафтсола пиронасар ҷавониҳо ёд оварда, ба маҳфили ною нӯш қадаме ниҳод бебокона ва ҷасорате нишон дод шоирона! Чун фурсати мувофиқ фаро расид, рухсати гуфтугӯ пурсид ва табъи сухантирозро ба ҷилва овард. Аввал қасидае мадҳия хонду бадоҳатан онро бо чанд абёти нав тамдид намуд:
Некӯӣ кун, шоҳо, ки дар олам,
Номи шоҳон ба некӯӣ самар аст.
В-аз ризо додани бадон ба бадӣ
Ҳам ҳазар кун, ки мавзеи ҳазар аст.
Носеҳе, к-он туро бад омӯзад,
Нест носеҳ, к-аз адӯ батар аст.
Дод кун, дод кун, ки дор-ул-ҳулд
Маскани хусравони додгар аст.
Як саҳифа зи номи нек туро
Беҳтар аз сад хазоини гуҳар аст…
Хабари ранҷи май ба олам рафт,
Эй дареғо, ки шоҳ бехабар аст.
Пири хирад байти охирин бо оҳанги афсӯс ба такрор хонд. Яке аз надимони хоси Эл Арслон ҳадаҳа аз ҷой хест ва тахаллуси шоирро дар назар дошта, ки Ватвот ба лафзи дарӣ «шабпара» мешавад, бо оҳанги масхара фарёд зад: «Ин маҳфил ҷои шабпара нест. Дафъ шав!»
Ҳама сағиру кабир нафасҳо дарун кашида, интизори хашми гарони подшоҳ ях бастанд. Аммо ҷавоби Эл Арслон дигаргуна шуд.
— Ба шоир нарасед! — омирона нидо баровард ва афзуд: — Шоир барои он шоир аст, ки бо зӯри сухан дили санг мум гардонад!
Дар толор аз нав сукути ваҳмангез барқарор шуд. Аммо акнун дили надим чун барги бед меларзид ва дасту пою китфонаш низ. Атрофиён бо тараҳҳум ӯро менигаристанд. Лекин хулосаи подшоҳ боз дигаргуна шуд.
— Шоир Рашидуддин ҳақ аст ва муроҷиати ӯ айни вақт! — ин бигуфту Эл Арслон ҳаракати хестан кард ва ҷумлаи охирини ӯ бо қатъият садо дод: