— Рост, бероҳӣ аз ҳад гузашт. Акнун теғи сиёсат бояд кашид!
Шайхулислом бо хитоби Эл Арслон нақлашро ба поён расонда, оҳи дардноке кашид:
— Аҷоиботи таърих ин аст, ки набера мисли бобо аз ғалабаҳои муфт сарчархаку бодӣ шуда, бодапаймоӣ пеша кардааст. Акнун аз айшу нӯши доимии фарзанд Турконхотун дилхавотир ва мушаввашхотир асту мо низ тадбири халосӣ меҷӯем. Дар ин амали хайр аз каломи таъсирбахши шоир умеди калон дорем. Моро ҳамдостон мешавед?
— Бе ягон шакку шубҳа! Аз ман дилпур бошед!
Шайхи бузургвори Хоразм бо табъи болида китфи шоирро сила карду даст ба дуо бардошт:
— Ба номи Парвардигори бахшояндаи меҳрубон дуо мекунам, ки шуморо шараф ёру арвоҳи қудсӣ мададгор шавад. Подоши сухани воло ва шеъри ноби шуморо Худованди муттаол ҳазор бар як гардонад ва малик-ул-каломи мулки суханро ба мартабаи мавлоӣ расонад. Омин ё Раббулъоламин…
* * *
Сайфуддин аз манзили шайхулислом баромада, рост ба суроғи Нигина рафт. Вале ӯро наёфт.
— Лаҳзае пеш духтари моро оҷилан ба тутуқ ҷеғ заданд, — изтироболуд ҷавоб гардонд Шакархонум. — Сабабашро нагуфтанду, интухин, диламро гургҳо тала мекунанд. Турконхотунро фаҳмидан душвор…
— Шояд тарзу тариқи ширкати Нигина дар базми ҷамшедӣ маслиҳат шавад.
— Агар ин хел мебуд, маро ҳам даъват мекарданд. Лекин, интухин, ягон гапу кори дигар шудагӣ, ки дилам ғаш мехӯрад. — Шакархонум буни гӯш хорида, якбора ба хурӯш омад. — Дарвоқеъ… ёфтам! Ин пагоҳӣ, вақти наҳорӣ, Нигина гуфт, ки дар хоб махлуқи аҷоибе дидааст, интухин, нисфи баданаш ба одам монанду ними дигараш ба тимсоҳ. Як даст доштаасту як пой ва як чашм. Ҷаҳида-ҷаҳида худро ба паҳлӯи Нигина расонда, интухин, аз оринҷаш маҳкам дошта, ҳамроҳи худ бурдааст.
Аз ин хоби ғалатӣ ҳама хандидем, вале аз таъбираш оҷиз мондем…
— Номи он махлуқ Наснос асту ҳиндуҳо бахткушои дӯшизаҳои нозанин меҳисобанд, — шарҳ дод Сайфуддин.
— Ин хел бошад, интухин, гапи хоб тамом! Маълум мешавад, ки қиссаи хоби Нигина аллакай ба тутуқ расидааст…
Тахмини Шакархонум дуруст буду Турконхотун, ки очаи сеҳру ҷоду ва хобгузори авлодӣ буданашро ҳама медонистанд, Нигинаро маҷбур кард, то хоби дидаашро мӯ ба мӯ ҳикоят кунад. Бодиққат шуниду аз равзана ба берун нигариста, хоби нӯшинро мисли як кампираки солхӯрдаи хоразмӣ, худ ба худ таъбир, тақрир ва таҳлил кард: «Дар айни омад-омади шоҳаншоҳи олам ин хел хоб дидани кабутари чашминтизор беҳикмат нест. Агар Наснос ба вай даст нарасонда, бо меҳрубонӣ дар атрофаш гирд мегашт, духтарак бе ягон қилу қол ба шарафи пойбӯсии Шоҳаншоҳи олам мушарраф мегашт. Лекин Наснос кафтаракро ҳамроҳи худаш бурду муаммои чигил сохт. Пеши кӣ бурд ин паридухтарро?? Ба кӣ бахшид ин фариштаи заминиро, ки ҳамнишин бо париҳост? Наход бозубанду тумору таъвизу сеҳру ҷодуи Воруху Хуҷанд то ҳол таъсирбахш бошад?! Не, набояд ин хел бошад! Наснос, ки хидматгузори боргоҳи мост, кабутари ҳарам дур аз ҳарам намебарад, насибаи падар ҳеҷ вақт ба каси дигар намебахшад! Яъне кабутари ҳарам ба пеши валиаҳди падар бурдааст! Оре, ин офтобрух надимаи Узлоғшоҳ хоҳад шудан!!»
Табъи Турконхотун аз бозёфти нишотангез хуш гашту бо меҳр пурсид:
— Эй гулбадан! Мехоҳӣ, ки шод бошӣ дар ҷаҳон вақти зистан?
— Оре, эй улуғмодар!
— Мехоҳӣ, ки арӯси мамлакат бошӣ?
— Оре, эй улуғмодар!
— Акнун аз туст худатро ёрӣ кардан. Ончунон кун, ки мо мефармоем!
— Бифармоед, эй улуғмодар!
— Умеди мо чунин аст, ки дар Ғӯрганҷ туро аз банди ҷоду пурра халос кунем. Рафтем ба хилватхона!
Нигина аз қафои Турконхотун ба яке аз ҳуҷраҳои канории даргоҳи подшоҳӣ ворид шуд. Хонаи хилват ороиши ғайримуқаррарӣ дошт: палоси зард ба фарш густурдаю дар миёнаҷо чор кӯрпачаи чоркунҷаи заъфаронӣ барои нишастан ниҳода ва пардаҳо низ ҳама ранги зарир доштанд. Турконхотун хилъати фарохдоманеро нишон дода, ба Нигина фармуд, ки болои тахти мудаввар шинад.
— Вақте ман берун рафтам, Савсани созанда медарояд. Вай аз ҳиндувони андарост. Қадаш пасту рӯяш сиёҳ. Лекин ту натарс. Ба овози баланд ягон калима гап назан! Ҳатто салом надеҳу ором нишаста, бо забони безабонӣ фақат як ҷумла бигӯ: «Узлоғшоҳ, дари бахтамро кушо!» Такрор ба такрор бигӯ, фақат хомӯшона, бесадо гап зан! Чун дуд барояд, ман дарзамон меоям…
Баъди лаҳзае дари ҳуҷра бесадо кушода шуду чор бонуи оростаю перостаи ҳиндӣ гултабақҳои чинӣ пур аз дону гули заъфарон дар даст дарун даромаданд ва бо нозу адои ширин гирди Нигина се бор тоб хӯрданду ҳар кадоме ба кунҷе рост истод. Аз дур садои мавзуни ҳиндидарой — зангӯлачаи махсуси кашмирӣ ба гӯш расид, ки тадриҷан баландово шуда, дил ба хурӯш меовард. Бо зарбу оҳанги зангӯла чор духтари кунҷакӣ аъзои бадан ҷунбонда, ҷавлони рақс оғоз намуданд. Аммо садои ҳиндидарой ба пушти дар расиду якбора қатъ гардид. Духтарон тозон сӯи Нигинаи мутаҳайир омада, гултабақҳоро баробар ба чор тарафи ӯ гузоштанд ва худ дузону нишаставу сари ангушти дастҳо ба ҳам расонда ва дар ин маврид ангуштони пайвасти ишоратӣ ба нӯки бинӣ ниҳода, хомӯшу беҳаракат истоданд.