Ҳадяи гаронмоя ва бесобиқа ҳамаро дар шигифт гузошт. Аммо шоҳаншоҳ фақат бо кунҷи чашм онро нигаристу аввал ба нома чашм давонд. Зеро барояш муҳим он буд, ки Чингизхон чӣ навиштааст?!
Мактуб ба забони порсии дарӣ, вале бе риояти одоби номанигорӣ иншо гардида, мухтасару сода буд: «Бо арзи салом ба Хоразмшоҳ ин сухан мегӯем: ман султони машриқ ҳастаму ту султони мағриб! Хоҳони онам, ки байни мо аҳду паймони сулҳу дӯстӣ мустаҳкам бошад, тоҷирон ва корвонҳо байни мамлакатҳои мо бемалол равуо кунанд. Молҳои қиматбаҳо ва дигар ашёи рӯзгор, ки дар мамлакати ман ҳаст, дар мамлакати ту озодона фурӯхта шаваду ҳама гуна молу ашё аз мулки ту дар мулки ман бе ягон монеа ба савдо гузошта шавад. Хеле хуб мешавад, агар ба якдигар халал нарасонем ва душманӣ накунем. Подшоҳи машриқзамин ба подшоҳи мағрибзамин офият мехоҳад».
Иқрори дӯстӣ кардани Чингизхон ба Хоразмшоҳ писанд омад. Ҳарчанд худро подшоҳи ними дунё ҳисобидани як муғули чаласавод ба табъаш нафорид, лекин нияти ҷанг надоштанашро дониста, равшандилу осудахотир шуд. Номаълум оҳи сабуке кашида, мулки Чинро фурӯ гузошту чашми тамаъ ҷониби Бағдод дӯхт, ки фатҳи он рози пинҳон андар ниҳонхонаи дилаш буд ва лаҳзае вайро ором намегузошт. Ҳамеша фурсати муносиб мекофт, то кори нотамоми падарро ба анҷом расонда, Носири Аббосиро маҷбур намояд, ки Султони Хоразмро шоҳаншоҳи олами ислом эътироф карда, дар Бағдод хутба ба номи ӯ хонад.
Хоразмшоҳ алҳол, аз ҳарвақта бештар, ба ин кор имтиёз ва иқтидори комил дошт. Дар давоми понздаҳ соли подшоҳӣ Хуросону Ироқи Аҷам, Мозандарону Озорбодҷон, Ғуристону Ғазнаву Бомиёнро то уқёнуси Ҳинд зери тасарруфи худ дароварда, Мовароуннаҳрро ишғол ва аз қарохониву турку қарахитойҳо тамоман пок гардонда, бештар аз чорсад шаҳри бузурги оламро забт намуда, мамлакати паҳновари ягона ва комилан соҳибистиқлоли Хоразмшоҳиёни Кабирро бунёд карда буд! Лашкариёнаш ҳолиё ба фатҳи Гурҷистону Шервону Анатолиё машғул буданду дар остонаи Миср қарор доштанд… Аммо барои пешравии оянда ва кишваркушоиҳо монеаи асосӣ хилофати Араб буду Носирхалифа санги садди роҳи Хоразмшоҳ…
Маҳз дар чунин лаҳзаи ҳассос ва тақдирсоз бо пойи худ омадани ду сафирро Қутбиддини сонӣ ҳидояти мушкилкушо аз ғайб ҳисобид ва қарор дод, ки бо Чингизхон муросову мадоро намояд. Аввал элчии ӯро бо иззату икроми зиёд пазируфт. Сипас сафири араб Шаҳобиддини Суҳравардиро ба ҳузур хонд.
Шайхи шайхони олам Суҳравардӣ дастхолӣ омада буд, ҳатто аз халифа расмулхате надошт, валекин бо эҳтимоми Хоразмшоҳ сазовори эъзоз ва эҳтироми лоиқ гардид ва муқаддимаи сӯҳбат бо меҳрубонию такаллуфи тарафайн саршор буд. Фақат баъди он ки номи Носирхалифа ба забон омад, лутфи гуфтушунид лағв гашт. Шайх паёми шифоҳии халифаро айнан ироа кард ва гуфт, ки ҳомии дин ва давлати ислом аз аъмоли зишти Кучлук нисбати мусулмонҳо барошуфта, сахт ба хашму ғазаб омадааст. Зеро ин бутпарасти ашаддӣ тиловати «Қуръон», азон гуфтану намоз хондан, салла бастану ҷома пӯшиданро манъ карда, дари масҷиду мадрасаҳоро баста, мусулмонҳоро маҷбуран ба бутпарастӣ водор менамояд.
— Ин гапу корҳоро мо ҳам медонем! — ба сухани сафир латма андохт Хоразмшоҳ. —Вале намедонам, ки чаро амиралмӯъминин хомӯш аст ва ягон тадбир намеандешад?!
— Халифаи дин ва давлати ислом ба Хоразмшоҳ пайки иҷобат мерасонад ва мегӯяд: «Эй амири бузурги ислом, хуруҷ кун бар кофири мутлақ Кучлук, лашкар бикашу мулк аз дасташ бигир ва ӯро ба ҷаҳаннам бифирист, ки Худованди ҳақ ту ҳастӣ. Дуои ман дар қафои туст ва шак надорам, ки Аллоҳ таъолоҳ туро бар вай нусрат диҳад ва бо шарофати ту мусулмонҳоро сарбаланд гардонад».
– Ҳимояти дин ва ҳаёти муслимин вазифаи аввалиндараҷаи амиралмӯъминин аст. Бигзор худи Носирхалифа лашкар кашад ва он кофари мутлақ ба ҷаҳаннам фиристад!
— Вай ба қудрати Хоразмшоҳ эътимод дорад, ӯро амиралумаро ал муайяд минассамо29 меҳисобад…
— Агар эътимод дошта бошад, хутба ва сикка ба номи мо фармояд, моро сарвари мусулмонҳои олам хонад. Он гоҳ мо дар давоми як ҳафта Кучлук ба ҷаҳаннам фиристода, диёрашро мусулмонобод мекунем.
— Халифа ба ман дастур додааст, ки…
— Дастури халифа барои мо як пули сиёҳ арзиш надорад! Тавонад — Кучлукро аз байн бардошта, дини исломро бар бутпарастон ғолиб гардонад. Натавонад — ҷойро холӣ кунад, то шахси сазоворе ҳомии мусулмонон бошад. Тамом-вассалом!