Навои мутрибу садои хунёгар ҳар ду забон як карда, бо замзамаи оҳанги «Ҳиҷоз» Нигинаро фарёд намуданд, ки бихурӯшад ва рақс беҳуш кунад. Ин карат Нигина ба ангуштони худ гул баста, ба саҳна баромад ва чун ба ҷилва даромад, ба назари базмиён чунин намуд, ки хиромиданаш мисли рақси гул аз насими навбаҳорон нафису дилрабост. Овози пойи Нигина дар гилеми абрешимӣ зарбу лаҳни махсус дошт ва ин сарви маҳваш чу ба рақс гарм гардид, аз боди домани гулбезаш дар чашму дили хурду бузург оташи хирадсӯз даргирифт. Ҳамаро аз бехудӣ хун дар шараён ҷӯшиду дил ба фарёд омад. Вале касеро маҷоли руҷӯи эҳсос намонда буд. Ҳама аз Хоразмшоҳ ҳарос доштанд, ки бо амри қотеъ магасҳоро аз саҳна ронда, Нигинаро кабутари пеш хонда буд. Ҳатто Ҷалолиддини мафтуншуда ҳам овоз баланд намекард. Сайфуддини хушилҳом низ хомӯш менишаст, ҳарчанд мехост бо ҳазор забон васфи Нигина кунад. Вале шодгунаи моҳсимо парвои оламу одам надошт, бо нозу адои ҷонгудоз ва ҳусну ҳунари баландпарвоз дилу дин ба ғорат мебурд.
Дар авҷи самоъ муғаннӣ бо сӯзу гудоз гӯши борбат битофту он бо ғаму ҳасрат зор-зор нолида, дилҳоро об гардонд. Нигина мисли кабутари нимбисмил беист бол меафшонду занҳо ба риққат омада, оби чашм мерехтанд. Аммо Мирмалик гумон мекард, ки шоҳпари боли ҳумо бар сараш мерезад. Зеро аз ҷавонӣ ин паррандаи биҳиштиро дӯст медошту дастомӯз кардани кабутари Ворух орзуи деринааш буд.
Нолаи борбатро садои тарабангези даф барҳам заду кабутари бисмил ҷон гирифт ва чуст аз ҷой баланд шуду боли парвоз кушод. Рухи Мирмалик аз шодӣ чун шамъи паҳлӯяш фурӯзон шуд. Аз ҷой хесту хост гулбонги шодӣ занад, вале саривақт худро ба даст гирифт. Айнан дар ҳамин лаҳза Нигина сӯяш нигаристу дид, ки маҳбуби дилаш, бахткушояш чун сарви баланде рост истодаасту чеҳрааш чу офтоб медурахшад. Пурмеҳр назаре сӯяш афканду даст рӯйи дил ниҳода, паёми дӯстгонӣ эҳдо намуд. Аз шӯълаи нигоҳ рухи Мирмалик оташгун шуд. Шодгуна ба ваҷд омаду ончунон бо ноз ҷилва кард, ки чанд ҷавон мадҳуш шуда, бесадо ба фарш афтиданд. Инони тоқати Мирмалик аз дасташ рафту бехудона наъра зада, кисаи пурзар пеши пойи Нигина партофт!
Аҳли базм барқосо ҳушёр ва дилхавотир шуданд. Зеро Хоразмшоҳ аз хашм зарду сурху сафед гашту рагҳо аз гарданаш бархост. Бадқаҳрона даст афшонду пой бар фарш зад ва чун шери жаён ғуррид:
— Беадаб кист?!
Рақсу нағмаву суруд бо ишораи устод Комгор ба якборагӣ қатъ гашту Нигина пушти даст газид ва оҳи пурдард кашид. Бо умед Ҷалолиддинро нигарист. Аммо вай сархам меистод, шояд тадбир меҷуст. Дигарон низ сарпасту хомӯш буданд. Касе заҳра надошт, ки лом кафонад…
Пурсиши дубораи Хоразмшоҳ мисли тундар садо дод:
— Беақлу бетамиз кист??
Мирмалик хост лаб ба ҷавоб кушояд, аммо Шоҳмурод пешдастӣ кард:
— Эй подшоҳи олам, беақли беадаб манам.
— Ким ту?
— Як ҷавони кӯҳистонӣ… Шоҳмуроди масчоҳӣ… Тавба кардам…
— Дафъ шав!
Магасчаро аз саҳна ронед!!
Бе хармагас базмро давом диҳед!!!
Равзанаи чорум. Ташдиди тавбаи маҷбурӣ ва хобу хаёли баҳсбарангез
Нигина аз шодӣ дар пероҳан намеғунҷид, ки ғавғо дар базм ба хушӣ пароканда шуд. Вале рӯзи дигар масъала ранги дигар гирифт. Хоразмшоҳ чоштгоҳӣ Ҷалолиддин ва Мирмаликро ба ҳузури хеш хонду бе ҳеҷ муқаддима гуфт:
— Шаб кори нохуб шуд — гуноҳ Дамир Малик карду кайфар кӯҳистонӣ кашид! Қасам ба Худо, агар каси дигар мебуд, зинда намемонд!
Шоҳзода ва сипаҳбуд фаҳмиданд, ки подшоҳ аз шабафрӯзии шабпараи хуҷандӣ огоҳ будаасту аз сари меҳр ба Мирмалики далер, родмард, зӯрманд ва тирандози рустамкаманд — бародархонди мушфиқ ва ёри мувофиқи писари маҳбубаш худро нодида гирифта, хашми хеш фурӯ нишондааст. Дили ҷавони ошиқпеша ба риққат омаду ба зону афтода, гуфт:
— Дилу ҷонам фидои хоки пойи шумо… Илтиҷо мекунам, тавбаи маро қабул фармоед ва бори дигар аз гуноҳам гузаред…
— Тавбаи ту он вақт пазируфта шавад, ки чашм аз кабутари ҳарам бардорӣ ва ӯро дар гӯшаи фаромӯшӣ танҳо гузорӣ!
— Фармонбардорам, эй шоҳаншоҳи олам. Савганд мехӯрам, ки аз кабутари ҳарам дасту дил шустам ва тавбатуннасӯҳ33 кардам.
Хоразмшоҳ бо заҳрханд бародархондаҳоро нигаристу оҳанги итоб ба нестӣ расонд:
— Мо ба савганди ту бовар дорем, эй шоҳини Хуҷанд! Эътимоди мо аз он аст, ки туро ҳаққи неъмат бисёр аст ва маро аз асорат раҳо карда будӣ. Дар вақташ бобокалонам Отсиз гуфта буд, ки аз касе қарздор будани подшоҳ хуб нест ва пайдост, ки дар олам ягон сир пинҳон намонад. Мо соф шудем. Акнун дили модари моро хуш дор, то ҳеҷ бадгуфтор миёни мо роҳ наёбад.
33