— Хушнудӣ ва хушҳолии Худованди олам мароми мо ва боиси хушнудии каминаи камтарин аст. Бифармоед…
Шоҳзода Ҷалолиддин, ки то ин муддат шунавандаи хомӯш буд, аз падар иҷозат пурсида, ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд:
— Эй падари бузургвор, хуш андар хуш сухан гуфтани Дамир Малик маро хуш омад. Агар модаркалонам ин хушгӯйиҳоро шунавад, додархонди маро меҳрубон хушу34 мешавад!
Хоразмшоҳ қоҳ-қоҳ хандид ва гуфт:
— ори хуб кардӣ, эй фарзанди азиз, ки як муҳими хайр ба ёдам расондӣ! Ин пагоҳӣ модаркалонат пурсида буд, ки «агар ман Ойчечакро ба Дамир Малик диҳам, кадом вилоят ба вай медиҳӣ — Самарқанд ё Хуҷанд?»
— Шумо чӣ посух гуфтед, эй падари бузургвор?
— Гуфтам, ки интихоб аз худи ӯст…
Дар хилватхонаи бошукӯҳ сукути лаҳзавӣ пардакушои роз гардид. Мирмалик дарк намуд, ки шабафрӯзии шабпара барои Ойчечаки чашминтизор тақдирсоз, аммо барои Нигинаи умедвор тақдирсӯз шудаасту ошиқи шитобзада хоҳад-нахоҳад даричаи ишқи покро ба рӯйи ёри дилхоҳаш муваққатан пӯшида, аз равзанаи сохта ба дунёи дигар ворид мешавад. Баъд…
Сурфаи пасти Ҷалолиддин чун шӯълаи барқ риштаи хаёлоти Мирмаликро сӯзонд ва ба ӯ фаҳмонд, ки маътал нигоҳ доштани шоҳ басо пурхатар асту дар кори хайри ишоракардааш ҳоҷати ягон андешаву истихора нест. То қадри тавонистан лабу даҳон пурханда карду сари таъзим ба аломати таслим фуруд овард:
— Эй шоҳаншоҳи олам, ҷони ҷавонам фидои сухани дурфишони шумост! Ҳамеша ва дар ҳама ҷо Шуморо фармонбардорам ва ҳар чӣ фармоед, аз ҷон гиромӣ медорам. Байти Ҳоқонӣ садои дили ман аст:
Шоҳо, ғазанфаре туву парвонаи ту ман,
Парвона дар паноҳи ғазанфар некӯтар аст!
Хоразмшоҳ сари Мирмаликро бо силаи навозиш ба осмон расонду падарвор лаб ба гуфтор кушод:
— Баъди Ҷалолиддин моро ба ҳеҷ кас эътимедӣ нест ҷуз ба ту. Бояд, ки ту низ фарзандвор бар мо эътиқод бандӣ. Мо як хатои туро, кардаи туро нокарда пиндоштем, аммо ҳушёр бош — агар бори дигар аз ту беадабӣ ояд, уқубат кунем нопурсида!
Хуҷандро ҳеҷ кас аз ту шоистатар нест ва туро мебояд шаҳри бузург ба ҷавонмардӣ нигоҳ дорӣ, ки сарҳади душман бошад. Дастури мо ин аст, ки баъди тӯй ҳар чӣ зудтар ба Хуҷанд рафта, ба ҳокимияти вилоят машғул шавӣ. Зеро мардум яла мондаанд чун гӯсфандони бечӯпон дар соҳили Сайҳун… Ва боз як дастури дигар: он ҷавони кӯҳистонӣ чун гавҳараки чашм нигоҳ дор, ки гуноҳе надошту бе ҳеҷ дудилагӣ худро дар маърази хитоби подшоҳ андохт ва бебок бори гуноҳи туро бардошт! Худо мадад кунад, ки чунин дӯстони сарсупурда байни туву Ҷалолиддин сершумор гардад…
* * *
Ҷалолиддин ва Мирмалик аз арки подшоҳӣ сад қадам дур нарафта, дар бозори Ғӯрганҷ овоза паҳн гардид, ки Дамир Малик барои ҳокими Хуҷанд шудан фармон ёфтаасту шаби одина бо Ойчечак тӯйи арӯсӣ мекунад.
Хабари охирин барои Нигина гӯшхарош ва дилтарош буд. Балки мисли тир синаашро шикофта, ба маркази дили ишқпарвар расиду сувайдо шуд — чун холи чашм нуқтаи сиёҳе гардид, ки олами равшанро дар назараш тираву тор намуд. Худ аз худ сараш ба дард омаду нафаскашӣ душвор гашт. Сабру қарор аз даст дод ва қариб буд, аз ҳуш равад.
Шодгунаи мустаманд, ки ҳафтае қабл бо дили пок «Эй бахт, биҳишт аст Ғӯрганҷ!» мегуфту меболид ва ба афсуни Савсан бовар карда, беист «Мирмалик, дари бахтамро кушо!» мегуфту механдид, имрӯз бо қалби чок «Дӯзах аст Ғӯрганҷ!» мегуфту менолид ва чаппа будани афсуни Савсанро фаҳмида, «Эй Мирмалик, дари бахтамро чаро бастӣ?!» гӯён хун мегирист…
Шакархонум низ ҳоли табоҳ дошт. Сахт метарсид, ки аз гиряву нолаи бисёр дили нозуки кафтарак обу адо мешавад ва тӯйи Ойчечак ба азои Нигина табдил меёбад. Вай аз тарс меларзид, лек чораи халосӣ наёфта, пайваста аз Худованди карим мадад мепурсид…
Ғазанфари рамида низ ҳеҷ ором намеёфт. Аз андешаҳои печдарпеч, хаёлоти хелмахел ва нақшаҳои рангоранг деги майнаи сараш ба ҷӯш омад. Вайро на танҳо чашму дил ва бару дӯш, балки ҳамаи бисту чор пора устухони ҳар ду тарафи баданаш ба дард расида, пайваста озор медод. Озурда аз он буд, ки бо Нигина тавре мехост натавонист сӯҳбат кардан. Зеро язаки нигаҳбон лаҳзае аз вай дур нашуда, ҳатто имкон намедод, ки рӯйи ёр ба серӣ бинад. Ва намедонист, ки Нигина вайро ягон бор дид ё не? Зеро аз базми ҷамшедӣ то ин замон Нигина кабки зарринқафас гардида, бе иҷозати шоҳ аз хона баромаданаш манъ шудаасту Мирмалик илоҷи наздикшавӣ надорад. Хоразмшоҳ имкон намедиҳад. Се рӯз пеш маншури ҳокимӣ бо аламу хилъат ба Мирмалик фиристод. Ӯро бо ҷомаю камарбанду дастор ва парчами бахшидаи подшоҳ дар кӯчаҳои Ғӯрганҷ гардонданд. Аз пеш ду найзадор мерафту аз қафо Сабзалию Шоҳмуроду ҳашт сарбозу саркардаи хуҷандӣ. Мардум аз дидани домоди нави шоҳаншоҳ шодӣ мекарданду ба умеди зиёфат лаб мелесиданд. Вале домод лаб мегазид…