— Он Гӯршоҳ ҳақиқатан ҳам мо барин будааст-ку! Дар ҷанг туркӣ мегӯему дар сӯҳбату давлатдорӣ тоҷикӣ ҳарф мезанем, бо уламо арабгуфторему дар сӯҳбати занон хоразмӣ корбаст мекунем. Офарин ба подшоҳони мозӣ, ки гетӣ бо гуногунзабонӣ ба мо супурдаанд.
Акнун ба ман фаҳмонед, ки «баҳром» чӣ маъно дорад?
— Рӯзи бистуми ҳар моҳи шамсиро баҳром ном асту маънояш шамшер…
Шайхулислом сухани шоирро тасдиқ карду илова намуд, ки ситорашиносони қадим сайёраи Миррихро Баҳром меномиданд.
— Баҳром оё Миррих аст?! — бо шавқу шӯри пурвалвала хитоб кард Хоразмшоҳ. — Чаро гапи асосиро барвақт нагуфтед? Маро ишораи қиблагоҳӣ комилан равшан шуд! Мунаҷҷим куҷост?!
То омадани ахтаршиноси дарбор Хоразмшоҳ ба мусоҳибонаш шарҳ дод, ки Миррих ахтари панҷуми фалак буда, мураббии хоразмшоҳон пазируфта шудааст.
— Рӯзи ҷулуси нахустподшоҳи сулолаи мо осмонро якуякбора абри сиёҳи торику тира ба пуррагӣ пӯшонд ва олам зулмот шуд, — бо чашмони пуршарора рӯйдоди таърихиро қисса намуд Хоразмшоҳ. — Ҳама бо тарсу тааҷҷуб ба осмон нигариста, баръало диданд, ки барқи азиме дурахшиду абри гаронро дупора кард ва офтоби тобону ситораи рахшонро дар назарҳо ҷилвагар сохт. Яъне барои Хоразмшоҳи аввал аз Хуршед тоҷи заррин гирифту аз Миррих теғ ситонд. Аз ҳамон рӯз дар ҷаҳон ақидае паҳн гашт, ки Миррих тақдимгари теғи оламгир ба Хоразмшоҳиёни кабир аст!
Сайфуддин байте бадоҳатан хонд:
Дурахшанда барқе баромад зи меғ,
Зи хур тоҷ бистод, зи Баҳром теғ!
Хоразмшоҳ хурсандона сар ҷубонду Шайхулислом чобук ба гап ҷома пӯшонд:
– Ҳар он чӣ шоҳаншоҳи олам гуфтанд, комилан ҳақ асту рост! Уламо низ бар онанд, ки хоразмиёнро Муштарӣ бахшандаи дастору мусҳаф асту баҳром тақдимгари теғу ҷавшан ва фатҳу нусрат…
Мунаҷҷими солхӯрда Абулфазл дастури Хоразмшоҳро бодиққат шунида, устурлоб ба даст гирифту дараҷаи баландии ҷирм-ҳои фалакро аз уфуқ то самтурраъс38 санҷид ва китобу дафтар кушода, толеъ дуруст карду бо лаби хандон гуфт:
— Ин замон бар ҳаққи толеи подшоҳии Шумо мақоми Искандари Зулқарнайн мувофиқ уфтодааст. Миррих дар ҳолати шараф қарор дораду Муштарӣ ба ҳолати хубут расида, ки ин барои ҳарифи шумо номубораку бадфарҷом аст. Аммо кавкаби иқболи Шумо дар баландтарин дараҷаи бурҷи осмон медурахшад, ки ин аломати фатҳу зафар буда, анқариб ситораи яке аз мулукони баландмартабаи олам хирасӯз мешавад, яъне фармонбардори шоҳаншоҳи баландахтар мегардад…
Шайхулислом дарҳол лаб ба дуо кушод:
— Поко, парвардгоро, бахту иқбол ва насибу тақдири шоҳаншоҳи азимушаъни Хоразми Кабирро мӯътабару муборак ва муаззаму ҳумоюн гардон, ситораи давлати шоҳаншоҳи баландахтарро андар ҳама мулки олам ва макони одам ба хосу ом раҳнамо ва бахткушо гардон.
Омин, ё Раббулъоламин.
* * *
Ишораи мунаҷҷим ба ахтари баланд ва ситораи хирасӯз Хоразмшоҳро жарф андешманд гардонд. Боқимондаи рӯзро дар хилватхона ба танҳоӣ гузаронд. Суханони шайхулислому маликулкаломро дар бораи Гӯршоҳ — Баҳром — Миррих мисли марворид дона — дона дар риштаи таҳлил гузаронда, таъбири хобро чунин баровард, ки падар ӯро ба муҳорибаи ҷадид роҳнамоӣ мекунад. Аммо ҳариф кист? Кучлук, Чингиз ё Носир?
Сафир фиристодану изҳори дӯстӣ кардани Чингизхон далолат бар он медод, ки алҳол вай ҳарифи сарсахти Хоразмшоҳ нест. Кучлук ҳам душмани ғаддор аст, вале ҳолӣ ҳозир бо вай ҷанг кардан барвақт — бигзор дар байни шоҳони машриқу мағриб муддате балогардон бошад. Яъне бо ҳарифи сеюм Носирхалифа мебояд ҳарб карду таъбири саҳеҳи хоб ин аст, ки падар бо ишорати пӯшида писарро даъват мекунад, ки кори нотамоммондаи ӯро идома дода, халифаи аббосиро сари зону шинонад. «Ганҷи Кайковус набардорем!» гуфтани Баҳроми Гӯр ишора бар он аст, ки писар на барои хазинаю дафинаи халифа, балки баҳри фароз овардани армону арванди падар ба фатҳи Бағдод мепардозад.
Аз халифа ситондани кини падар ҳамеша дар моварои нақшаҳои ҳарбии Қутбиддини сонӣ меистод ва дар хобу бедорӣ чашми он медошт, ки дер ё зуд нишастан ба саманди хилофат ӯро насиб мегардад. Вале солҳои аввали подшоҳӣ ба ин амал имкон ва иқтидори кофӣ надошт. Фақат баъди забти Ироқи Аҷам бори аввал кушоду равшан қадам ба густохӣ ниҳод. Аз қазо таҳрикдиҳандаи асосӣ худи халифа шуд — фармон баровард, ки номи писараш, валиаҳди курсии хилофат Абунаср Муҳаммад бинобар ба умури давлатдорӣ нолоиқ буданаш аз хутба бароварда шавад. Ин амр дар ҳама мамолики мусулмонӣ бечунучаро иҷро гардид, аммо Султон Хоразмшоҳ саркашӣ намуд. Зеро чунин мепиндошт, ки пеши роҳи фарзандро тахтабанд кардани падар ба таълимоти дини ислом мухолиф асту агар ин амал аз ҷониби халифаи мусулмонҳо роҳандозӣ шавад, ба ҳукми анъанаи бад медарояд ва ҳама падарон бадхоҳи писар мешаванд. Бо чунин андеша хатибонро маҷбур кард, ки дар ҳар хутба номи Абунасрро ҳатман зикр кунанд.