Муддате гузашту Хоразмшоҳ дигарбора ба халифа хашмолуд шуд. Зеро вай аз гуфтору кирдори мустақилонаи садри шарифи Макка, ки авлоди барӯманди Алӣ ибни Абутолиб буд, сахт ранҷида, зархаридеро барои куштани ӯ фиристод. Вале қотил саҳван бародари садри шарифро сар буриду пеш аз дигарон Хоразмшоҳ ба ғазаб омад. Ҳадаҳа имомҳоро ҷамъ оварда, халифаро шадидан маҳкум намуд ва аз аҳли тақво дархост, то ба рағми Носири Аббосӣ ҷиҳод эълон кунанд.
Қозӣ Муҷирро ба ҳайси сафири хос ба пойтахти хилофат фиристод, то аз девони олӣ қотеъона талаб намояд, ки Қутбиддин Муҳаммад Санҷари Сонӣ садри аввалмақом ва ҳокими мутлақи мамолики исломӣ эътироф шавад. Ба унвони халифа номае фиристод чун обу оташ: пур аз вожаҳои биёяму бигираму бисӯзаму бикушам! Аммо…
Дар Бағдод ба сафир ҷавоби қотеъ гардонданд, ки хаёли хомро аз сар дур андозад. Зеро ба номи Хоразмшоҳ ҳеҷ гоҳ хутба хонда намешаваду кишварҳои забтшударо сарвар будан ӯро кофист. Дар Бағдод ҳеҷ кас ба вай арҷ намегузорад ва назари нек надорад. Сипас мактубе ба ҷоҳталаб навишт, ки даст аз ҳаракати нописандида боздорад.
Гумоштаи халифа Носир ҳамроҳи қозӣ Муҷир ба Ғӯрганҷ омада, ҷавобияи девони олиро бори дигар шифоҳӣ таъкид карду андар ситоиши сулолаи аббосиён бо лаҳни мутантан сухан гуфт. Қозӣ Муҷир афзуд:
– Ҳар касе халифаи Расули Худойро хилоф кунад, ҳамчунон бошад, ки сар аз тоати Худои таъоло кашида бошад ва аз доираи мусулмонӣ берун шуда бошад. Зеро Парвардигори олам дар маҳкамкитоби хеш мефармояд: «Атиу-л-лоҳа ва атиу-р-расула ва улу-л-амри минкум»39. Яъне, «фармон баред Худойро ва фармон баред расулон ва пайғамбарони ӯро ва итоат кунед Худовандони амр бар шуморо».
Эй шоҳаншоҳи олам, ҳақро иҷобат кунеду рӯй аз ботил гардонед. Васвасаи шайтонӣ аз сар дур андозед ва дар паи озори амиралмӯъминин набошед…
Султон Муҳаммад каломи тумтароқи сафиронро то охир бо тамасхури ошкоро шунид ва ба туркӣ ҷавоб гардонд:
— Модари ман турк асту забони бадавӣ фасеҳ намедонам. Лекин мазмуни иқтибосро фаҳмидам. Ҷавоби маро бодиққат шунав, эй қозӣ. Гоҳ итобу гоҳе хитоб, гоҳ нармию гоҳе гармӣ шеваи подшоҳист. Агарчӣ аз халифа каломи меҳрубонӣ кам шунидаем, лекин бисёр шунидаем, ки дили мусулмонҳоро озор дода, уламои шарифро бо ҳилаю тазвир куштан мехоҳаду ҳазорон муслиминро ба рӯзгори дароз дар зиндонҳо бо шиканҷа нигоҳ медорад. Ҳатто кор ба ҷое расида, ки мусулмон дар ҳабсхона фарзанд таваллуд мекунаду мисли ҳайвон умр мегузаронад. Яъне, иқтибоси муборакро ба ман нею ба гӯши амиралмӯъминин бояд хонд, то ҷабру зулму озори мусулмонҳоро хотима бахшад. Агар аз дилозорӣ даст накашад, ба ғазаби Худованди бахшандаю меҳрубон дучор мешавад. Қасам ба номи Худо, ончунон озораш диҳам, ки бадтар аз ранҷу азоби ҷаҳаннам бошад!
Таҳдиди гаронбори Хоразмшоҳ бесабаб набуд. Баъде ки дарбори гӯрхони қарахитоӣ зеру забар гардид, аз махфигоҳи хазинаи ӯ дар қатори номаҳои подшоҳони олам мактуби бо хати настъалиқ навиштаи Носирхалифа ёфт шуд, ки Хоразмшоҳро сахт мазаммат намуда, ба падараш лаънат фиристода, аммо хоқони бутпарастро дуою сано хонда, ба муборизаи беамон зидди хоразмшоҳиён даъват мекард. Номаи сиёҳи халифаи давлати исломӣ ба подшоҳи кофирон дарди пинҳони дили Султон Муҳаммадро ба хурӯш овард. Чун мор ба худ мепечид ва чораю тадбир меандешид, ки сафири навбатӣ Шаҳобиддини Сӯҳравардӣ омаду шӯълаи ғазаби султонӣ фурӯзон карду рафт ва рӯҳи Алоуддини Текеш ноором гашту дар хоби фарзанд падид омад, аз Баҳром теғ ситонду ба сареҳ ва киноя писарро роҳи Бағдод нишон дод…
Ба назари Қутбиддин Муҳаммади Сонӣ чунин намуд, ки падараш аз дуриҳои дур, аз қабати осмонҳо бо чашми умед ба писар менигарад, фарзанди муқтадирро ба идомаи мубориза даъват мекунад.
Хоразмшоҳ яқин медонист, ки ҳуҷум ба дили хилофат чун ҳамла ба Самарқанд ё Бухоро кори саҳлу осон нест ва пайомади мухталиф дораду аз халифаи мусулмонҳо кини падар хостани шоҳаншоҳи муқтадир мисли хурӯши раъд дар чиллаи тобистон ҷаҳони андак орамидаро ба хурӯш оварда, моҷаро ба ғавғои рӯзи маҳшар табдил меёбад. Бинобар ин зарур донист, бо хирадмандони кордону ботадбир, исфаҳсолору вакилдорони соҳиброй ва уқдакушой машварат ороста, тибқи фармоиши падар панд биёмӯзад.
Қаъду ҷалас40 бо хоҷагони давлат як рукни подшоҳии Қутбиддини Сонӣ ҳисоб меёфту ду сол боз арзи вуҷуд дошт. Аммо падару бобоёнаш ин корро намекарданд, зеро вазири оқилу доно, кордон ва соҳибтадбир доштанд, ки дасти рости худ меҳисобиданд ва фақат маслиҳати ӯро ба инобат мегирифтанд. Вазирон, одатан, аз тоифаи бузургмардони арҷманди Аҷам пазируфта мешуданд ва Хоҷаи бузург унвонашон буд. Вазире, ки «Низом-ул-мулк» лақаб мегирифт, ваколатҳои волотаринро соҳиб мегардид.