Мавҷи табрик баробари қадаҳ баланд хесту канизак бо таъзими фарох паҳлӯи хоҷаи наваш гузашт ва «ҳар чӣ фармоед, фармонниюшам» гуфт. Сайфуддин аз тӯҳфаи ғайриинтизор ба шигифт омаду китф дарҳам кашид ва пурсид:
— Ин лӯхтакро чӣ кор кунам?
Хурду бузург баробар хандиданд.
— Ба ман фурӯш! — луқма партофт яке.
— Моли нағзро ба ҳеҷ кас надеҳ! — маслиҳат дод дигаре.
– Ҳар чӣ мехоҳӣ, бикун! — фармуд сеюмӣ.
— Аввал ба ақди худ дарор, баъд дуди димоғаш барор! — тавсия дод чаҳорумӣ.
Маслиҳати охирон ба гӯши Сайфуддин форид. Дасти Дилафрӯз ба даст гирифту «Рафтем ба пеши шайхулислом» гӯён мастомаст қадаме пеш гузошт. Вале сахт калавиду агар канизак намебуд, болои хон меафтид. Саҳл ҳушёр шуда, узромез ба Хоразмшоҳ нигарист, ки бо доруға саволу ҷавоб мекард:
— Шайхулислом чаро наёмад?
— Гуфтанд, ки порае ранҷур аст…
— Аз чӣ ранҷур аст?!
— Малик-уш-шуаро медонад.
Сафии Бӯстӣ башитоб пеши Хоразмшоҳ омаду замини хидмат бӯсид ва гуфт:
— Дар китобҳо сабт шуда, ки шоҳ Исмоили Сомонӣ шоирпарвару шеърдӯст будаасту бо шуаро муҷоласати зиёд доштааст. Бад ин сабаб уламо бар вай мутанаффир будаанд. Менамояд, ки муҷоласати шумо бо шуаро ба шайхулислом хуш намеояд, бад ин сабаб ранҷуранд.
Хоразмшоҳ дар хашм шуду доруғаро фармуд:
— Бирав, ҳоҷибулалбобро бигӯ, ки асас фиристад ва шайхулисломро бо зудии тамом назди мо ҳозир гардонад, то изои балеғ фармоем!
Амри олӣ бо зудии барқосо иҷро шуд ва Хоразмшоҳ ба Маҷдуддин имкони нафас рост кардану нишастан надода, бо дуруштӣ чаҳорчӯбаи одобро шикасту бо итоб пурсид:
— Эй шайх, медонӣ барои чӣ туро ранҷа кардам?
— Шоҳаншоҳи муаззам бартар медонанд.
— Бӯстӣ мегӯяд, ки шайх ба ҷаласаи шоирон нафрат дорад…
— Ба майгусории шоирон нафрат дорам. Май роҳати тан, аммо офати ақл аст. Аз ақли тира шеъри равшан берун наояд.
— Шайхи бузург худро пурхирад меҳисобад. Мо ҳам ягон зарра камӣ надорем. Лекин аз рӯзе, ки шеър ҳасту шоир — май ҳасту соқӣ! Давоту дафтар ва паймонаю соғар идомаи ҳамдигар!
— Шароб дар зеҳну идрок иллат падид орад. Хирад коҳад, илҳом ноқис шаваду шеър оҷиз. Шоир, ки оҷиз шавад, аз чашми шоҳ биафтад…
— Баръакс, аз май чашмаи илҳоми шоир ба ҷӯш ояд ва шеъри хуб сарояд. Мисли Хайёму Анварӣ ва дигар шуарои ҳарию дарӣ. Ана, мисоли зинда Сайфи Исфара: вақте май нӯшид, илҳомаш ҷӯшид, фар-фар шеърҳое хонд, ки ҳатто ман қойил шудам!
— Сайфуддин шароб нӯшид?!
– Ҳа. Нигин ҳам нӯшид. Дигару дигарҳо, ҳама нӯшиданд. Ман ҳам нӯшидам. Акнун навбати ту! Шайху шоиру шоҳ баробар қадаҳ мебардоранд! Соқӣ!!
Шайхулислом рӯй дарҳам кашиду бо лафзи «Астағфируллоҳ!»42 ним қадам пештар омад ва дасти эҳтиром болои дил гузошта, гуфт:
— Эй бузургворшоҳи олам, аз он рӯзе, ки бар тахт нишастед, то ба имрӯз мо ҳамнамаку ҳаммаслакем ва бар онем, ки «ад-дину ва-л-мулку тавъамони», яъне дину давлат ҳамзод, дугонаанд. Аз он рӯзи муборак то ба имрӯз назди дӯсту душман борҳо гуфтааму боз мегӯям, ки мартабаи шумо амир-ул-умаро муайяд мин-ас-само аст, яъне шоҳаншоҳи таъйидшуда аз осмон шумоед ва хуб медонам, ки ба Худои меҳрубон эътиқоди хос доред. Ман ҳам ба шумо эътимоди хос дорам ва ҳар чӣ савоб донед, ҳамон мекунам. Лекин илтимос, имрӯз маро маъзур доред. Зеро агар шайхулислом май ба даст гирад, як рукни давлат аз даст меравад. Эй бузург…
— Бас! — бошиддат хитоб кард Хоразмшоҳ. — Амри наҳй дар масҷид хуш аст, эй шайх! Агар подшоҳ чунин бошад, ки фармонаш иҷро накунанд, чӣ фарқ байни ӯ ва дигарон! Соқӣ, соткин!!!
Шайхулислом ба риққат омад. Зеро дар худ дигар қудрати муқовимат бо шоҳи гаронмаст наёфт. Хост бо ҳилаи шаръӣ аз чанги тавоно халос шавад. Қадаҳ аз дасти соқӣ гирифтаю нохост ба замин афтонда, «Худо нахост!» гуфтанӣ буд, ки мӯътамади сарои хос таъҷилан номаи сарбамӯҳре ба дасти Хоразмшоҳ расонд. Вай бо як назар басо муҳим будани мактубро фаҳмид. Қадаҳ поён ниҳода, мӯҳр барканд ва ба Сафии Бӯстӣ дароз кард, то бо овози баланд хонад.
Шоир ба мазмуни нома аҳамият надода, гӯё ки шеър мехонда бошад, бо савти марғуланок ба қироат шурӯъ кард: «Сипоҳиёни халифа Носир ба ҳоҷиёни Ғӯрганҷӣ шабона ҳуҷум оварда, якеро куштанду чандеро дасту гардан бишкастанд ва ҳама молу коло ба яғмо бурданд».
Дар пеши назарҳо ранги арғувонии рухсораи шоҳ заъфаронӣ шуд. Аз хашму ғазаб ҷаҳон ба назараш торик гашт. Модари Носирхалифаро сахт дашном доду ғойибона бар вай хашм гирифт:
– Қасам ба Худо ин мардро ақл нест! Агар заррае ақл медошт, ба сари худ бало намехарид. На худаш тинҷу бароҳат зиндагӣ мекунаду на ба дигарон имкон медиҳад, ки бемалол дами беғам зананд. Ин ноқисулақлро сазовор ҷазо бояд дод!