Сафии Бӯстӣ ҳошокалло Хоразмшоҳро дастгирӣ кард:
– Қасам ба Худо, сухани шоҳаншоҳи олам дуруст асту дуруст асту дуруст аст! Ҳатто кӯдаки гаҳвора медонад, ки Носир халифаи носара асту бахти хасир дорад. Хилофат бе халифа Носир бод!! Зиҳӣ нафози шоҳаншоҳи мо дар садри хилофати ислом!!!
Ҳама ба эҳтироми ҷумлаи охирон бедиранг қадаҳ бардоштанду Хоразмшоҳ низ чун ташналабе ҷоми пурмай даркашид. Аммо лаззат набардошту тира шуд, хашм гирифт ва гуфт:
— Онаи зори халифаро нишон медиҳам! Ман шераму вай шағол!!
— Вай рӯбоҳ, шоҳаншоҳам, — лаб лесид Сафии Бӯстӣ.
Аз тамаллуқи баҳангоми маликушшуаро шаробиён завқ бурданду Хоразмшоҳ рӯҳбаланд шуд:
— Акнун вақти он омада, ки рӯбоҳи маккорро пӯсту пора кунам! Вакилдорон истанд. Ба дигарҳо ҷавоб! Созандаю бозандаю магасу чагасҳо, дафъ шавед!
Дар қатори дигарон Сайфуддину Нигина ҳам хомӯш бадар рафтанду Хоразмшоҳ шиддати нафрин зиёда кард:
— Лаънати олам бар сари халифа резад, айши маро талх кард! Хӯш, кӣ чӣ пешниҳод дорад?
Шайхулислом, ки ягона марди ҳушёр ва бедори маҷлиси нобаҳангом буд, бо овози андаке ларзон гуфт:
— Раъйи олӣ бартари раъйҳост ва шоҳаншоҳи оламро аҳволи замон муқаррартар аст. Лекин хуб мешавад, агар маҷлис ба рӯзи дигар мавқуф гузорем, то муқаддимаи субҳи козиб даргузарад ва толеаи субҳи содиқ даррасад. Тарсам, ки аз саврати43 шароб ягон…
— Хомӯш! — бонг зад Хоразмшоҳ. — Мо аллакай як бор бо маслиҳати шайх амал карда, сабру таҳаммул карда, фиреб хӯрдем. Дасти шикастаю ҷони мурдаю хуни рехтаи зойирони хоразмӣ бар гардани шайх аст!! Мо дигар интизор намешавем ва кори имрӯз ба фардо намегузорем! Ин соат айни вақт аст. Моро бояд тадбир андешид зудтар, ки муҳимот таъхир напазирад ва хуни ноҳақ рехта нашавад!
Шайхулисломи рангпарида худро ором дошта натавонист:
— Эй бузургворшоҳи олам, хабари хуни ноҳақ саҳеҳ нест… Ҳуҷҷати дақиқ ба ростии ин сухан чист? Гувоҳи зинда бар ин қавл кист?
— Чӣ?!! Мо мастем ё шайх??!
— Нусхаи ин шумхабар субҳи барвақт ба Худованди олам, Маликаи муаззама расида буд. Таҳқиқ нишон дод, ки ҳоҷиёни моро на сипоҳиёни халифа, балки исмоилиҳо озор додаанд…
Баъзе вакилдорон оҳи сабук кашиданд, аммо Хоразмшоҳ ваҷоҳаташро тағйир надода, нафасе сукут варзид ва ҷилави сухан дигар сӯ кашид:
— Шайх аз ин хабару таҳқиқ мин айн44 огаҳӣ ёфт?
– Ҳамроҳи Маликаи олам субҳона хӯрдем ва…
— Чӣ?!! Эй мардум, фаҳмидед?! Шайх аз маҷлиси шоҳ гурехта, ба сӯҳбати малика рафтааст! Ё наузанбиллоҳ!
— Худованди олам маро оҷилан даъват карданд…
Хоразмшоҳ, ки тез-тез миҷа зада, ба чеҳраи анорранги Маҷдуддин менигарист, якбора рӯй турш карду ба хашм дод зад:
— Бас! Худоё, ин чӣ гап? Бархез аз пеши ман! Фарёд ба кӣ гӯям ва дармон аз кӣ ҷӯям?! То кунун бар дигарон тамасхур мезадам, акнун ба ман тамасхур мекунанд… Соқӣ!!
Хоразмшоҳ ҷоми шароб дар даст бо чашми хунполо шайхулисломро нигаристу ёдаш омад як сӯҳбати таърихӣ бо модараш:
…Се рӯз қабл аз ҷулус45 Қутбиддини валиаҳд дар хилватхона танҳо нишаста, перомуни ҳоли мулк ва ояндаи давлатдорӣ андеша меронд, ки модараш бесадо ворид шуд ва баъди салом ҳол пурсид. Фарзанди қобил мухтасаран шарҳ дод, ки оид ба мулкдорӣ ва таҷдиди он нақшаю муҳимоти бисёре ихтиёр кардаасту пас аз тааммул ва тааммуқ ҳар он чӣ боиси маслиҳат бошад, мушаххасан ба модар хоҳад гуфт.
Турконхотун сари фарзанди ба подшоҳӣ расидаро модарона бӯсиду бо мулоимат гуфт:
— Раъйи шумо олист ва рӯшану маъқул, эй нури чашму чароғи модар! Ҳар чӣ мехоҳед, муборак аст. Аммо… як масъала ҳаст, ки таъхир напазирад…
— Бифармоед, эй модари меҳрубон.
— Мо ҳама бар дину миллати обои хешем ва бузургон фармудаанд, ки дину давлат тавъам аст. Ин нуқтаи муҳимро шумо ҳам, эй фарзонафарзанди модар, хуб медонед. Модари шумо кушоиши корро дар он мебинад, ки дар навбати аввал, бидуни таъхир, шайхулисломро муқаррар ва муайян бикунем, то бо фатвои эшон ҳар амру иқдоми шумо аз ибтидо хушоянд ва мӯътамад шавад.
— Фикратон айни муддаои мост, эй моми меҳрубон! Вале алҳол фардеро намебинам, ки ин маснади олиро шоиста бошад…
— Агар бо назари нек бингарем, фарди арзандаро метавон дарёфт!
— Кӣ бошад ӯ?
– Ӯро Шарофиддин ном ва Маҷдуддин насаб асту мартабааш — аллома! Ҷадди некмаҳзари ӯ бо ҷаъди аълои мо ҳамнишин буданд. Вай мардест мӯътабар, фозилу хирадманд, некрӯй ва хушбӯй…
Он рӯз Қутбиддин бо андаке шубҳа боэҳтиёт ба чашми модар нигоҳи жарф андохта буд. Зеро калимаи охирин ба гӯшаш на онқадар гуворо расиду таҳдор аз худ пурсид: «Чаро модар калимаи «хушбӯй» пурназокат талаффуз кард?» Ва худ ба худ чунин посух гардонда буд: «Модар хуб медонад, ки атриёт маро бисёр хуш меояду аз бӯйи бад сахт нохуш мешавам. Бинобар ин калимаи «хушбӯй»-ро хушоҳанг ба забон овард»…