– Ҳой, шайхи палид, хомӯш шав! Инак, кӣ будани ту ба мо маълум шуд! — шӯълаи ғазаб ва рашк дар оташхонаи дили подшоҳ зад ва бо ваҳшат фарёд зад: — Доруға!!48 Доред ин палидро. Гумоштаи халифа Носир аст ин мунофиқ!! Модарамро бо фанду фиреб бероҳа карду акнун маро аз роҳ заданист. Бандед ӯро!!!
Вакилдорон ангушт ба дандон газиданду котибулиншо шитобон, аммо ҳаросон назди шайхулислом омад ва бехгӯшӣ гуфт:
— Ё шайхи кабир, хоҳед, ки ҷонатон халос шавад, пеши пои подшоҳ сар монеду тавба кунед ва гӯед, ки «Аз Худо шавкати шоҳаншоҳи Хоразм ва шикасти халифа Носир талаб дорам!»
– Ҳаргиз чунин нагӯям! — солор посух гардонд Маҷдуддин. — Дилу имон қавӣ бошад, дарду ғам зайиф шавад. Калиди мо ба қулфи тавба рост намеояд! Охир гуноҳе накарда, чаро тавба гӯям?! Шоҳ аз ҳавзи шароб берун барояд ва ба чашму дилаш сухан дарояд, он гоҳ рӯйи ману кафи пойи ту мегӯям…
Ҷумлаи охирин то гӯши Хоразмшоҳ расиду мастона қоҳ-қоҳ хандид ва бо оҳанги масхара хитоб кард:
— Шунидед? Шайхи палид «рӯйи ману кафи поят» мегӯяд! Ҳа-ҳа-ҳа! Шайхи шарманда аз кори зишташ пушаймон шудааст! Дер шуд, эй донои нодон! Ягон узру тавба қабул намешавад! Жожи жанда махой!! Ҳа-ҳа-ҳа!
Шайхулислом ба қаҳқаҳаи майолуда эътиборе надода, аммо эҳтироми тарафайнро нигоҳ дошта, бо тамкини хос гуфт:
— Агар иҷозати олӣ бошад, чанд ҷумла арза дорам…
— Каломи вопасин мехоҳӣ гуфтан? Марҳабан!
— Алҳамдулиллоҳ, ки Эзиди таъоло ҳама бандаҳои мусулмонро тоати амиралмӯъминин фармудааст ва ҳар он чӣ гуфтем, аз рӯйи ҳимояти ислом ва ғайрати дин ҷойиз донистем. Мо, ки алмудом камари бандагӣ бар миён бастаем, ба дунё дилкашолӣ надорем. Мӯътақидем, ки дар дунёи фонӣ роҳи гузари мо оқибат ба марг аст. Аз рӯзгори Каюмарс то ба имрӯз ҳеҷ касро аз марг маоф накардаанду саду ҳаштод подшоҳи номвар низ ақиби якдигар рафтаанд. Мо ба ҳукми тақдир розием, вале агар шоҳаншоҳи ҷалилушшаън савоб бинад, хатои мо бубахшад ва шайхулисломро ба инсоф ҳукм бигзорад…
Хоразмшоҳ, ки ақли хираву авзои парешон дошт, аз хитобаи садри ислом фақат як калима шунавид ва бонги дурушт бар вай зад:
— Ту дигар шайхулислом нестӣ! Ҳа-ҳа-ҳа! Ту пирхарӣ!! Пирхаре, ки ба мурдан маҳкум шудааст. Ҳа-ҳа-ҳа! Туро дар ҷувол андохта, тарзе бикушем, ки худат қисса карда будӣ…
Хоразмшоҳ рухсораи суп-сурх оташгирифта ва арақшор бо дасторчаи оҳарӣ пок карду доруға ва миршабҳои ба хидмат расидаро фармуд, ки ҷуволи пашмин биёранду шайхро ба дохилаш андозанд ва даҳони ҷуволро бо ресмон банданду то мурданаш бикӯбанд.
Нафаре барои ҷувол тохту ҳамроҳи ӯ Пири муаммари Хоразм, шайхулшайхи олимартаба, поягузори тариқати кубравия ҳазрати Наҷмуддини Кубро ба толор қадам ранҷа намуд.
Хоразмшоҳ баробари дидани муқаддаму мӯҳташами шайхони бузург чалаҳушёр шуда, пештар омад ва ҳар ду якдигарро бо эъзоз дар оғӯш кашиданд. Шайхи бузург то дараҷае сар фуруд овард, ки пешонааш ба синаи шоҳ расид, бо кунҷи чашм Маҷдуддинро нигаристу рӯйи подшоҳро бӯса дод ва гуфт:
— Бисмиллоҳи раҳмонир раҳим. Зиндагонии шоҳи Хоразм дароз бод ва дар иззу давлат солҳои бисёр сарфароз гардад. Худо маро фидои ту кунад, эй султони кабир ва мабодо, ки ташрифи ман сабаби нуқсони ҳурмат ва ҷоҳу мартабаи олиҷаноб шавад. Овозаи нохуше ба гӯшам расид, ки миёни шоҳаншоҳ ва шайхулислом гарде афтодааст. Барои ташреҳ омадам, то ба ваҷҳи лутфу шафқату марҳамати шоҳона ва оқилона шуморо оштӣ диҳам. Чӣ бад кардаст, ки бад шуд ҳоли муриди мо?
— Эй бузургвор, намедонӣ, ки аз муриди палид чӣ афтод?
— Бигӯй, то шунавам.
— Гумоштаи халифа будааст ин кӯрнамак! Модари маро гӯл зада, ба халифа моил гардонду акнун маро садди роҳ шуданист.
— Ман аз моҷарои ҳавлнок сахт дар шигифт афтода пеши ту омадам, то бигӯям, ки дар замири замона мухталиф тақдирҳост ва бар ҳама сир фақат Худои ягона воқиф асту тақдирсози мост. Хуб несту нек набошад, ки садри ислом ранҷонӣ. Савоб дар он мебинам, ки ба талаттуф хашми хеш барнишонӣ ва авфи гуноҳ кунӣ…
— Ё Абдуҷаноб, ҳар чизи дигар хоҳӣ, туро бубахшам, аммо ин пирсагро намебахшам! Кор ба ҷое расида, ки узрро мақом намонда!
Шайх Кубро китфи Хоразмшоҳро бӯсиду аз равзанаи дигар сухан кушод:
— Ё шоҳи Хоразм, сухан аз тавқеи ту дар машриқу мағриб равон аст. Яздони пок, азза ва ҷалла, то ҷаҳонсолорӣ расм кардааст, аз дудмони Хоразмшоҳиён чун ту подшоҳе пой бар тахт наниҳодааст ҳам ба мардӣ ва ҳам ба диёнату мардумпарварӣ. Заволи хилофати Носир аз ҷиҳати қатли шайх Маҷдуддин мустақим нагардад магар ба инояти шоҳи одили Хоразм. Агар дар дили ту дини мусулмонист, асло оҳанги хуни мусулмон макун. Хотири миллати мусулмон аз дағдаға фориғ соз, ки заҳри ҷонгазой аст. Гунаҳкарда ба мо фирист, то панди сазовор диҳем… ва аз роҳи хато гардонем.