Нигина дигар лом накафонду аз қафои Шакархонум раҳсипор шуд…
* * *
Духтарони ромишгару раққоса, ки саргарми машқ буданд, ду бонуи ҳунармандро бо хушҳолӣ истиқбол гирифта, чусту чолок ба давраи худ кашиданду рақси дастбандро бетанаффус идома бахшиданд. Нигина дар ҳалқаи духтарон саҳнаро ҳамагӣ як давр гашту ба худ омада, чун моҳӣ бар об фурӯ шуд ва дар ними нафас ба моҳ баромад. Нағмаи хунёгарон низ аз рақси дилошӯб ҷони тоза дарёфт ва суруди шогирдони устод Комгор ба авҷи олӣ расид.
— Расо дар вақташ омадед! — гуфт устод ҳини сӯҳбати секасӣ. —Навакак хабар расид, ки фардошаб дар ҳавлии бегларбегӣ49 базми осмонкаф мешудаасту мо бояд зӯр тайёрӣ бинем.
— Базму гап! — беғаш хандид Нигина. — Ҳар маъракаро шукӯҳ бахшидан шуғли доимии шумост…
— Гапат дуруст, лекин… раққоса бисёру базморо надорем… Туро дида, банди дилам кушода шуд…
— Дилпур бошед, устод:
Инак, ману рақси пурфасона,
То ғам равад аз дилам карона!
— Базм оростан нағз! — гуфт Шакархонум бо табъи хуш. — Лекин базми осмонкаф ба кадом муносибат бошад?
— Бегларбегӣ духтарашро ба шавҳар медодааст. Аз номи Турконхотун гуфтанд, ки базми арӯсӣ нестандарҷаҳон шавад.
– Ҳамааш фаҳмо-о-о! — ҳарфи охиринро мад кашид Шакархонум. — Вақте шер ба шикор равад, интухин, дар бешаи хилват гургу шағол арӯсӣ мекунанд.
Нигина маънои таҳтонии ишораи Шакархонумро дарҳол сарфаҳм рафт. Аз нақли Сайфуддин қиссаи аз вазирӣ азл шудани дастпарвардаи Турконхотунро медонисту иловатан фаҳмида буд, ки баъди барканоршавӣ ӯро Хотуни бузург ба шукӯҳу шавкати том истиқбол гирифта, «акнун Муҳаммад ибни Солеҳ вазири дасти рости ман» гуфта, дастгоҳи олӣ дода, бегларбегӣ номида, мақомашро дуболо сохтааст.
— Баъди тӯй даҳчанд қудратманду тавоно мешавад ин бегларбегӣ! — хулоса баровард устод. — Чунки набераи маҳбуби Турконхотун домодшавандаи ӯст ва мо вазифадор шудаем, то базми арӯсиро аз танӯри офтоб бештар тасфонем.
— Гуфтам-ку, Шумо метавонед, устод! — ин карат оҳанги гуфтори Нигина тарзи дигар садо дод. — Фақат бе ман…
— Чаро?! Оъ…
— Ором шавед, дӯстам! — аз остини Комгор кашид Шакархонум. — Қиссаи шоҳу вазирро худатон нағз медонеду чаро, интухин, ҳайрон мешавед? Агар Хоразмшоҳ фаҳмад, ки надимаи хосагиаш…
— Шуд, гап адо! Ту баҳори олами дигар, булбули гулбоғи подшоҳӣ. Чаманистони вазир парвозгоҳи ту нест! Агар аз зиёфати вай насибае дошта бошӣ, ба сабили меҳмон меравӣ, на раққосаи шодгуна…
* * *
Ин пешгӯйӣ дуруст баромад ва Гулҷамоли наварӯс, ки ҳаводор ва иштиёқманди рақси Нигина буд, бехост ба ошёнаи кабутари ҳарам омаду бо лутфу меҳрубонӣ ба меҳмонӣ хонд ва гуфт:
— Ним сол боз орзуманди онам, ки шаби арӯсӣ ҳампаҳлӯям бошӣ.
— Чаро?
— Дар шаби висол ахтари бахт дар кафи шоҳи ман асту мехоҳам ахтари баҳт50 ҳамшафати ман бошад, то ситораи мо баҳӣ51 шавад!
Аз каломи шоиронаи Гулҷамоли порсигӯ Нигина ба ваҷд омаду бадоҳатан байти дилхоҳ гуфт:
Туро ҳама умр шодмонӣ бувадо,
Бахтат кавкаби осмонӣ шавадо!
Аз ваҷоҳати Гулҷамол маълум буд, ки китфокитф нишастан бо Нигинаи шакарпосух ӯро бениҳоят маъқул аст. Аз интихоби худ гул-гул шукуфта, бо ифтихор атрофиёнро менигаристу аз мурғ то ба моҳӣ беҳтарин нуқлу наворо пештари меҳмони гиромӣ гузошта, ӯро ба хӯрдану нӯшидан муроот мекард.
Нигина, ки бори аввал дар базми арӯсӣ ҳамчун зиёфатхӯр ширкат меварзид, аз илтифоти зиёд ба хиҷолат ғӯтида, зери чашм гирумони дигар бонувонро менигарист, то мизони меҳмонӣ нигоҳ дорад. Либосу ороишоти вай аз занони акобиру аъён камӣ надошт. Пироҳанаш аз атласи вашӣ беназир буду фақат Турконхотун мисли ӯ ангуштари подшоҳӣ дошт. Дар ҳусну тароват, ки ягонаи маҳфил буд, мехост ҳусни сулук — хушрафторӣ ба дараҷаи олӣ нигоҳ дошта, ҳамранги ҷамоат бошад. Вале дафъатан пай бурд, ки иҷрои ин амал муҳол асту расму одати занони хоразмӣ аз бонувони суғдӣ куллан фарқ дорад. Хубони Самарқанду Хуҷанду Исфара баробари мардон дар базму зиёфатҳо ширкат варзида, асбобҳои мусиқӣ менавозанду мерақсанду месароянд, аммо аз нӯшидани шароб парҳез доранду кам мехӯранд ва ҳарфи зиёдатӣ намегӯянд. Занҳои Ғӯрганҷ бошанд, баробари мардон беибо май менӯшанду аз хӯришҳои гуногун даҳонро пур карда, бо овози баланд гап мезананду қоҳ-қоҳ хандида, аз лаҳни мутрибу ҷилваи раққоса лаззат мебардоранд, вале худ аз ромишгарӣ ҳазар мекунанд. Яъне, тавофути хотунҳои ду хитта аз замин то осмон буду Нигина хоҳ-нохоҳ миёнҷӣ гардид ва ҳангоме ки муғаннии хушовоз бо оҳанги шӯхи хоразмӣ ба оғози айшу шодмонӣ ишорат кард, бе дудилагӣ бода аз дасти соқии гулбӯ гирифт ва гуфт: