— Хоҳем-нахоҳем, умри мо гоҳ ширину гоҳе талх мегузарад. Ин талхи ширингувор менӯшем, то гулшукуфти умри ҷавонӣ ширину гуворо шавад!
Аз шароби лоларанг Нигинаро орази симин арғувонӣ гашту сӯҳбати гулдухтарон тасфид. Дар авҷи сухангустарӣ ҷавони лоғарандоме, ки рӯйи зарду нозебо ва чун пӯсти турунҷи обхаста пурчин дошт, чун пилбачаи маст чаппаю роста қадам зада, ба симотайни шоҳу моҳ52 наздик омад. Бо чашмони тангу хуморӣ ба арӯс ва дугонаҳояш лаҳзае нигаристу ба Нигина калимае чанд нимғурма ҳавола кард ва мастона калавида, тарафи симоти шоҳи базм — фарши меҳмонӣ ва зиёфати домод, ки аз ҳазору як неъмати олам зебу зиннат дошт, тоб хӯрд. Даст ба ҳам совидаю ҷавони ҳампаҳлӯи домодро беҷо карда, аз ҳама боло нишаст ва бетакаллуф ба нону ҳалво даст заду паёпай қадаҳи шарбату шароб бардошт.
— Ин бодичаи бодапараст кӣ бошад? — пурсид Нигина худро нороҳат ҳис карда.
— Узлоғшоҳ, валиаҳди шоҳаншоҳи олам!
Нигина чу донист, ки ҷавони беадаб кист, хомӯш гашту сар ба зер афканд. Ёдаш омад қиссаҳои аз Сайфуддин шунидааш, итобу хитоби Турконхотун, ба ҷойи Ҷалолиддини болобаланду хубрӯй ва хирадманд ҷабран валиаҳд шудани Узлоғшоҳи кӯтоҳқаду ҳақир ва камфаросат…
Шоҳзода қабои сафеди шоҳӣ дар тан дошт ва аранге ба назари Нигина чунин намуд, ки даруни ҷома кирмаки пиллае ҷунбуҷӯл дораду мисли ағлаб беадабон миёни ҳазор кас худро танҳо ҳисобида, ҳар чӣ хоҳад — мекунад, ҳар чӣ хоҳад-мехӯрад ва ҳар чӣ хоҳад — мегӯяд. Парвои он надорад, ки мардумон айб меҷӯянд ва маломаташ мекунанд. Аз барои айши лаҳзавӣ, ки акси муддаои умум аст, обрӯи султонӣ мерезад…
Аз гирудори бесомони валиаҳди густох Нигинаи нозуктабъ бетоқат гашт. Дар пешонии арӯс низ асари парешонӣ муойина кард ва хост ӯро аз вазъияти ноҳинҷор берун орад:
— Ба назарам, шоҳзода аз арӯсии ту хурсанд аст, ки ошӯби айш дорад…
— Вай ҳама вақт ҳамин хел шӯрапӯштӣ мекунад. Ту зиқ нашав, ҳозир вайро ба нармӣ водор мекунанд, ки аз нияти нопок дасту дил шӯяд…
Сухани Гулҷамол тамом нашуда, чор раққосаи шӯру шанг назди Узлоғшоҳ омаданду бо нозу ишваи чашму абрӯ ақлаш рабуда, ба мобайн кашиданд ва рақсону ғазалхон бадар рафтанд. Валиаҳд аз шодӣ ҳуштак кашидаю пурхурӯш садо бароварда, то метавонист мешахилид ва меғиревид. Чанд ҳангоматалаби туфайлӣ ба онҳо пайвастанду тӯйхона аз одамони бегона пок гардид ва базми осмонкаф тароват ва шаҳомати тоза ёфт. Гулҷамол нигоҳи пурмеҳр аз рӯйи домоди хушбахт наканда, ошиқона нидо кард:
— Кайфияти як ҷуръаи паймонаи васл ба ними олам надиҳам!
Нигина аз посухи шоирона лаззати том бардошта, ба канизаки шароб фармуд, то аз нӯшинбода пиёла гулгун намояд.
— Эй Гулҷамол! Андак шаробе бо ту хӯрдам, нӯша гашт. Ту шод бошу сухани шодгуна шунав:
Анӯша касе, к-ӯ бувад шодхор,
Ту нӯша бизӣ то бувад рӯзгор!
— Нӯша аз анӯша чӣ фарқ дорад?
– Ҳар ду калима ифодагари хушбахтию хуррамӣ. Аз Борбад ба мо мерос мондагӣ. Сӣ лаҳни нишотбахши нахустин ҳунёгари олам саршор аз хушҳолию саодати инсонҳост. Беҳтарин лаҳни сигона «Нӯшинбода» — ситоишгари нӯша ва анӯша!
— Ин оҳангро мусиқорҳои мо навохта метавонанд?
– Ҷое ки устод Комгор бошад, ҳама лаҳни Борбад ба хурӯш меояд! Лекин… афсӯс ки то кунун лаҳни ин мутриб нашунидаем ва ман намедонам, ки базми осмонкаф ба ту маъқул аст ё не?
– Ҳамааш хуб, аммо олӣ не… Ҷамолу ҷилваи раққосаҳо ҳам хуб аст, бо оҳанги мусиқӣ даст афшондаю пой кӯфта, бадан меҷунбонанд, лекин дар дил оташ надоранд, фақат барои мастон мерақсанд. Ҷойи ту холист, хоҳар…
Аз он ки арӯси волонасаб ӯро хоҳар хонд, сари Нигина ба осмон расид.
— Оҳ, чӣ қадар мехоҳаму мехоҳам, ки барои Гулҷамол рақси зебое ҳадя кунам!
Нигина мунтазир дар суфраи хос,
Дили ӯ аз тапиш чун кабки раққос.
— Агар чунин ният дорӣ, чаро ҷиму им нишастаӣ?
— Ноилоҷам, хоҳар. Худат ки печутоби подшоҳу падаратро медонӣ, хапам…
— «Ноилоҷ» нагӯ!
— Чаро?
— Аввалаш ин ки дар олам ғайр аз марг дигар ҳама кор илоҷ дорад. Дуюмаш ин ки оё ту мехоҳӣ мо — навбуюгҳо ноил бошем.