– Ҳеҷ кас ҳаргиз аз парвона садое нашунидааст, лекин ту мисли занбӯр дар буни гӯшам ғинг-ғинг мекунӣ?
— Баръакс, мисли булбули шӯрида чаҳ-чаҳ мезанам. Магар дурри гаронсанг ба гӯши ту гаронӣ кардааст, ки нолаи зори маро намешунавӣ? Намебинӣ, ки ман мисли садҳо ошиқи роҳгумкарда аз ҳар тараф ба ту қаробат меҷӯям… Ту, ки шеър менависӣ, хуб медонӣ, ки гул шукуфад, булбул масту ғазалхон мешавад. Охир ту ҳам шукуфон шав, то ман маст шаваму гӯям, ки бар бӯи пероҳани ин нозукбадан мирам!
— Агар дил шод набошад, чӣ сон тавон шукуфтан? Ситоише, ки сабук бошаду хушку осон оқибат бори гарон орад!
— Боз дӯғу даранг мекунӣ? Чаро? Охир то ҳол сухане тунд нагуфтаам, фиреб надодаам, дурӯғ набофтаам ва бад накардаам, ки бад мукофот диҳӣ. Чаро сухани дурушт гуфта, маро девона мекунӣ?
— Барои он ки туро нон гандумист, аммо суханҳоят ҷавин. Фақат аз номи очаҷонат гап мезанӣ, аз дили худ сидқан ҳарфе ба забон наовардӣ…
— Гапи худам ҳамин, ки агар дар ҷоми ман заҳр андозӣ, хомӯш менӯшам! Чун ки як ангушт аз шаҳди забонат маро позаҳр асту мехоҳам, ки Нигина маро аз ин мурод бознадорад.
– Ҳушёр бош, эй Узлоғшоҳ, ба кӯйи Нигина ҳар кӣ дар талаби шаҳд ояд, умед нест, ки дигар ба ақл бозояд!
— Забон нигаҳ дор, эй ишвафурӯши деҳотӣ! Ба мани девона худат фаҳмон: ту кистӣ ба чунин ҷамолу зебоӣ, ки ақлу ҳушам рабудию дилам ба ғорат бурдӣ?
— Ман духтари паридорам…
– Ҳа-ҳа-ҳа! Гумон доштам, ки ман бандаи заминию ту фариштаи осмонӣ! Мехоҳӣ, дар бораи як духтараки гулпарӣ ҳикоят кунам.
Нигина бо камоли рағбат розӣ шуд. Барояш фурсате лозим буд, то амалиёти минбаъдаро тарҳрезӣ намояд. Зеро валиаҳди ҷавон ё аз ҳушмандӣ, ё аз нодонӣ сирри ниҳони давлатдориро фош карду агар суханҳояш дуруст бошад, Хоразмшоҳ ҳоли табоҳ дорад ва, мутаносибан, рӯзгори Нигина куллан тағйир меёбад. Эҳтимол аст, ки агар Узлоғшоҳ ба шарафи даҳанбӯсӣ мушарраф гардад, кабутари ҳарам суррияи55 валиаҳд мешаваду орзуи деринаи Турконхотун ҷомаи амал мепӯшад. Он гоҳ раққосаи кабкхиром бойбегими Ғӯрганҷ мешаваду давлатманду сарватманду ҳамнишини Махдумаи ҷаҳон! Ё ин ки ба таъбири Узлоғшоҳ «ишвафурӯши деҳотӣ» ба «ҳуснфурӯши шаҳрӣ» табдил меёбад. Аммо… оташи ишқи покаш нимкушта шуда, ҳаёташ беранг гашта, ҷӯшу хурӯшу набзи дили паровараш сокиту беназм мегардад, ҳама шодмонию хушию сафои ахтари тобони самои ҳунар завол меёбад, гулшукуфти боғи ҷавонияш ба хазон расида, бахткӯр мешавад. Ин даҳшат аст! Даҳшате аз шикасти Хоразмшоҳ даҳчанд бадтар!!
Албатта, Нигина ҳеҷ вақт ба ин роҳ намеравад. Зеро ҳеҷ намехоҳад, ки зару зевари фаровон дар бар, аммо дасти армон бар сар дар шаҳри мусофирӣ яккаву танҳо ва дастнигар бимонад! Он беҳ, ки чун ғарибе бар фарши сиёҳ нишаста, аз айшу роҳати базми подшоҳи нав ва зиёфатҳои онакалонаш бенасиб монад, аммо аз ёр ҷудою аз хоки диёр бенасиб намонад…
Азбаски лаҳзае пеш дилаш бархе ҷониби Узлоғшоҳ майл намуд, хост дар ойинаи дил ба ҷойи акси дилҷӯйи Мирмалик сурати нозебои валиаҳдро тасаввур кунад. Натавонист. Вале аз барқи нигоҳи Мирмалик чароғи дилаш равшан гашту илоҷи аз беномусӣ раҳо шуданро дарёфт: дар токчаи боло бахурдони чинӣ дид, ки ҳар шаб уду лодан ва сипанд месӯхтанд, то аз дудаш хона хушбӯй шавад. Бахурдонро диду маслиҳати Шакархонум ба хотираш расид ва нафаси сабук кашид. Барояш яқин гашт, ки Худованди меҳрубон гиреҳ аз кори баста кушода, чун барқи хотиф бо суръати баланд ба кабки саргардон мушкилкушо фиристодааст…
Узлоғшоҳ аз ин гапу ниятҳо бехабар бо шавқу завқ манзараҳои саробӯстонашро таърифу тавсиф намуда, оқибат ба сари мақсад омад:
— Дина як канизаки зебо барои рӯбучин ба саробӯстон омада буд. Манро дидан ҳамон сурху сафед шуду дар пеши поям афтод. Ман вайро ба по хезонда, дар канор гирифтаму рӯяшро бӯсида, ба хилватхона бурдам… Вақти гусел вай хандаомез мегирист ва шукр ба Худо мегуфт, ки шоҳзода маро бӯсиду бӯйиду…
— Эй ки ба айш ғарқаӣ ва дарду ғам надидаӣ, дунёи ошиқон аз афсонае, ки гуфтӣ, ҳазорон ҳазор ёд дорад: ин хел каломи дағал назди мо эътиборе нест, бидон! Муроду мақсади ту аз ин афсонаи фач чист? Ман канизак не, охир!
— Надимон низ аз баҳри хизматгориянд. Вале ту дигарӣ! Ту барои ман аниси беҳтарин, гавҳари якдона хоҳӣ монд!
— Гапат ҳақ, ман гавҳари якдона, аммо ту… гавҳари носуфта. Ҳайф ки бо дусад сӯҳон худро ҳамвор накардаӣ! Ту кӯтоҳқаду кӯтоҳдастӣ, ба шохи сарви баланд даст назан…
— Валиаҳде, ки пагоҳ ё фардо ба тахти подшоҳӣ мешинад, дасткӯтоҳ нест!
— То онакалонат барҳаёт аст, туву падарат дасти дароз надоред, алмудом дастнигаред! Ҳолиё модаркалонат лақаби туро ҷалил кардааст, аммо ту на ҷалилӣ ва на ҷамилӣ!