— Гапи фарзанд дар пеши амри модар ягон зарра қадру қимат надорад! — ба мубоҳиса ҳамроҳ шуд сарвари ятоқҳо. — Аз қадим ҳамин хел буду то абад чунин мемонад. Яъне агар дар ин амора Нигина пинҳон хобида бошад, мо вайро ҳамроҳи соҳиби шутур аз шамол тезтар ба Ғӯрганҷ мерасонем.
— Нигина чӣ гуноҳ дорад?
— Инашро Худованди олам медонад. Вазифаи мо…
– Ҳамааш фаҳмо! — сухани ятоқро қайчӣ зад язак. — Агар Нигинаро ёфтанӣ бошед, ин ҷо беҳуда истодаед. Мегӯянд, ки вай ба Нишопур равона аст.
— Чаро?
— Мегӯянд, ки дар ин диёр лолазоре бисёр хуш шукуфтаасту шоҳаншоҳи олам маҳфили шодӣ ороста, нишот дорад ва аҳли ҳараму ҳашам пеши худ хондааст, то ҳамроҳ биёроманд.
Дар ҳамин асно зани маҳмилсавор «Об!» гӯён сар баланд карду садри ятоқҳо сӯйи кампир бо кароҳат нигариста, ҳамроҳонашро фармуд, ки зуд ба аспҳо савор шаванд.
— Зиндагонии шоҳаншоҳи олам дароз бод! — гуфт вақти ба зин нишастан. — Гӯши ман ҳам аз бод хабар ёфта буд, ки ҳолат ҳамчунон аст тавре ту гуфтӣ, эй язак. Хайр, мо сӯйи Нишопур мепарем…
Фиристодаҳои Турконхотун рафтанду намояндаҳои Хоразмшоҳ бо нигоҳи пурсиш ба сарвари язакҳои шоҳзода Ҷалолиддин нигаристанд.
— Мо чӣ кор кунем?
– Ҳамроҳи мо аз дарвоза дарун дароед. Он ҷо маслиҳат мекунем.
Дар шафати ҳоҷибхона сорбони ҳоҷиён ва ду ҳоҷибону, ки айни талотӯб ба шаҳр даромада буданд, болои палоспорае нишаста, обу нон мехӯрданд. Сарязак бо ишораи ангушт яке аз занҳои хушлибоси ба пешвозгирӣ омадаро пештар хонд ва пурсид:
— Нигинаро мешиносӣ?
— Албатта! Ду бор дар базми подшоҳӣ рақсашро дидаам. Байни абрувонаш холи базеб дорад!
— Дуруст мегӯйӣ, эй некӯкор! — лаб ба табассум кушод сарязак ва ҳоҷибонуҳоро нишон доду гуфт: — Пеши он хотунҳо бирав, эй некӯкор ва аз ҳоли Нигина шав хабардор!
Хонуми хушлибос китф дарҳам кашида, ҳайрон-ҳайрон он сӯ шитофт ва бо як дидан Нигинаро шинохту аз ҳаяҷон баланд нидо кард:
— Шукри Яздон, Нигинаро сиҳату саломат мебинам!
Шакархонуми оҳистагуфтор низ бо тамоми ҳастӣ изҳори шукру шодӣ кард:
— Расида буд балое ба домони мо, интухин, шукри Худо, ки ба хайр гузашт! Зинда бошед, эй ҷавонмардҳо!
Бо шунидани ин суханҳо дар рухсораи сап-сафеди Нигина андаке сурхӣ пайдо шуд ва беҷуръатона пурсид:
– Ҳангомаи Ғӯрганҷ тамом шуд? Мавҷи ҳодисахез беосеб гузашт?!
— Осуда шав, духтарам, дасти бало кӯтоҳ шуд, — гуфт саробони ҳоҷиёни Самарқандӣ. —Ба шаҳри мо дасти дарози Турконхотун намерасад. Самарқанд аст ин ҷо! Хоразму Хуросону Мозандарон, ки мулки Хотуни ҷаҳон аст, он тарафи Ҷайҳун монд…
— Хайрият! — ин калимаи осонро Нигина бо душворӣ талаффуз карду ба хаёл рафт. Хотироти ошуфтааш худ аз худ варақгардон шуд. Ёдаш омад лофу газоф, хушомадгӯйиву тӯҳфаҳо, ишқҷӯйӣ ва кӯшишу таҳдидҳои Узлоғ… Ёдаш омад он лаҳзаи тақдирсоз, ки ишқи поки Мирмаликро аз ишқи хоми шоҳзодаи валиаҳд бартар дониста, дар талоши некномӣ ба ҳуҷуми қатъӣ гузаштанаш… Ёдаш омад лаҳзаҳои охирини дар Ғӯрганҷ буданаш, шоҳзодаи нокомро бо таҳқири зиёд аз хонаи худ берун афкандану ҳамроҳи язакҳои шоҳзода Ҷалолиддин ба Шамохақалъа фирор карданаш…
Рӯзи дигари он шаби пурмоҷаро қалъадор, ки аз зумраи дӯстони ҷонии Ҷалолиддини Манкбурнӣ буд, давоми қиссаро ҳикоят кард:
— Як сарбози мо бо чашми худ дидааст, ки Узлоғи нимҳушёрро муханнасҳои60 шаҳр ба миён гирифта, бо расвоии том аз хонаи кампираки гӯлахӣ бароварда, бо дафу сурнай кӯчагардон кардаанду занҳо дук ба дасташ дода, забон ба алфози қабеҳ ва ҳаҷву масхара кушодаанд. Дар назди арки подшоҳӣ Узлоғро кадом як миршаб шинохта, зуд ба Турконхотун хабар расондааст. Онакалон ҳоли зори набераро дида, девонаавзоъ шудаасту дар ҷустуҷӯи Нигина ҳамаро ба по хезондааст…
Нигина, ки аввали қиссаро бо шавқ мешунид, аз ҷумлаи охирин сахт тарсид. Зеро дӯстон ба вай гаштаю баргашта таъкид карда буданд, то аз Турконхотуни золиму маккора ва ситамгару ҷобира ҳамеша барҳазар бошад, ки агар вай хашмгину ғазаболуда шавад, дунёро чаппагардон мекунад. Сайфуддин ҳам пайваста насиҳат менамуд, ки «агар дил ба даст овардан хоҳӣ, дили Турконхотун дар ҳама гапу кор нигоҳ дошта, баъзан аз ҳад гузашта, тавозӯъ бояд кард, вагарна оқибати кор сӯрохии нол мешавад!». Нигинаи пандпазир ҳамеша аз рӯи ин гуфтаҳо амал мекард, вале он шаб… он нашуд, ки Турконхотун мехост. Он шуд, ки Худо хост!
Қалъадор тарсу ларзи Нигинаро мушоҳида карда, аз гуфтаи худ пушаймон гашту ба дилбардорӣ гузашт:
— Зиқи бад нашав, духтар! Худованд раҳмону раҳим аст, қодиру меҳрубон аст, бандаҳои оҷизро худаш аз банди мусибат мераҳонад. То ман ҳастам, дар ин қалъа ҳатто пашша ба ту озоре намерасонад!