— Ба лафзи исфарангиҳо, чун аз бало раҳид, зуд ба балоҳат62 печид?
— Аҳсант, Нигина, ки агар саволатро ба хитоб гардонем, ҷавоби хуби шоирона мешавад! Бо омадани баҳор шоҳро бозори ҷунун дубора гарм гашту ҷӯшидаю колида нангу номус ва шарм ба канор гузошта, дар Марву Балх ва Бухорою Сарахс низ номи халифаро аз хутба баровард.
— Лекин дар Ғӯрганҷ, интухин, хутба бо номи Халифа мехонанд.
— Дар Самарқанд ҳам. Хатибони шаҳри мо ба ҷойи «Хок бар даҳанат!» бо ришханд «Барф бар сарат!» гуфтанду номи халифаи исломро гиромӣ медоранд.
Суханҳои пасту баландро шунида, Нигинаро дуди ҳайрат аз мӯрии димоғ баромад:
— Маълум мешавад, ки «Султони сарпастро ақл мағлубу ҷунун ғолиб» гуфтани Турконхотун беасос набудаасту дуои Шайхулислом дар дохили ҷувол мустаҷоб гаштааст…
— Оре, ҳолиё шоҳаншоҳи пастфитрат дар олами ишрат, яъне беномунангӣ умр мегузаронад. Мегӯянд, ки алмудом «рӯзгори барфу сардӣ аз ёд фаромӯш бод!» гуфта, пайваста нишот мекунад. Ту ҳам омода бош, Нигина, бихрому ҷилва деҳ сарви нозро!
— Маро рақсидан айни муддао бошад. Лекин… он рӯзи фирӯз кай бошад?
Кадбонуи ҳарам зуд қофия баст:
— Он рӯзи фирӯз анқариб бошад. Шоҳаншоҳи олам моро башорат додааст, ки дар охири ҳафта ба Самарқанд мерасад!
Хушхабар Нигинаро ба по хезонд ва «Ҳуҷаста бод рақс!» гӯён бе чангу тарона ба ҷилва омад. Ҳама кафзанон аз ҷой хестанду Шакархонум ва Саодатбегим низ дар канор наистода, ба кабки хушхиром пайвастанд. Марди нобино ҳам баръало медид, ки ҳама ташнаи шодиву нишотанд…
* * *
Нигинаи шодондил рӯзи дигар андаке мушаввашхотир шуд. Зеро Шакархонум вақти чойнӯшӣ оҳиста пурсид:
— Агар Хоразмшоҳ аз қиссаи Узлоғшоҳ огаҳӣ ёбад, интухин, чӣ мегуфта бошад?
Нигина, ки ин тарафи масъаларо то ҳол андеша накарда буд, бепарвоёна гуфт:
— Маро «Зеҳ!» мегӯяд, Узлоғро танбеҳ медиҳад.
— Лоуболӣ накун, духтар, Узлоғ ҳар кӣ набошад, интухин, писари шоҳаншоҳ аст. Меҳри падарфарзандӣ ҷозибаи бисёр дорад…
— Диламро зиқ накарда, пӯсткандаи гапро гӯед, ойтиҷон! Наход подшоҳ ба ман мукофот нею ҷазо диҳад?
— Рости гап, худам ҳам намедонам, ки чӣ гӯям? Гаштаю баргашта ин рӯйдодро таҳлил карда, интухин, фақат ба як хулоса омадам, ки ҳақ ба ҷониби ту. Лекин феълу атвори подшоҳи моро, интухин, чену баркаш карда намешавад: ними нафасаш об, ними дигараш алов! Хусусан дар ин шабу рӯз, ки дарду аламаш зӯру, интухин, вайро андарун зиндони бод шудааст, агар «Нигина Узлоғро ҷиннӣ кард» гӯянд, аз вай, интухин, ҳар номаъқулиро метавон интизор шуд…
— Ин хел ки бошад, мани мискинтани танҳоғариб чӣ кор кунам? Аз Самарқанд гурехта, ба Хуҷанд равам?
— Намешавад, духтар! Интухин, Хуҷанду Ворух ҳам мулки Хоразмшоҳ. Мардуми Бухоро мегӯянд, ки як бор ҷастӣ — бехатар, ду бор ҷастӣ — бехатар, охир ба дастӣ, малахак!
— Яъне ки аз тақдир ҷойи гурез нест:
Тақдир чу тир дар камон кард,
Афсӯс, дили маро нишон кард!
— Гапат дуруст, Нигина, бандаи хокӣ наметавонад, сарнавишти эзадӣ тағйир диҳад. Лекин барои беҳбуд тадбир ҷуста метавонад!
— Шумо ки аз ғарази эҳтимолӣ маро огоҳ кардед, тадбир дар чӣ мебинед?
— Маслиҳати аввал ин аст, ки «тири тақдир маро нишон гирифт» гӯён, интухин, дилшикаста нашав. Зеро аз дили шикаста тадбири дуруст набарояд. Мардуми Бухоро мегӯянд, ки «чун сабза латифӣ, дуруштӣ макун ва чун гул нозукӣ, хорпуштӣ макун!»
— Шумо чиҳо мегӯед, ойтӣ? Ба Узлоғ дуруштӣ ва хорпуштӣ кардани ман магар хато буд?
— Ман падарашро дар назар дорам. Агар подшоҳ шарҳи ҳол пурсад, чӣ посух медиҳӣ?
— Буду шуди ҳодисаро мӯ ба мӯ мегӯям. Мефаҳмонам, ки кабутари ҳарам барои ҳифзи некномӣ ва қадру эътибори шоҳаншоҳи олам бо уқоббачаи бераҳм часпу талош кард.
— Чӣ ҷавоб медиҳӣ, агар Хоразмшоҳ пурсад, ки чаро валиаҳди ҷавонро рад карда, интухин, шоҳи солхӯрдаро интихоб кардӣ?!
Аз пурсиши гаронбор Нигина мисли кабки ҳаросон рам хӯрд. Тарсид, ки агар ҳақиқатро гӯяд, асрори дилаш фош мегардад ва Мирмалик дар ҳолати ноҳинҷор мемонад. Аммо агар бо лутфи дурӯғин табъи дили Хоразмшоҳ сухан гӯяд, ба бозичаи дасти ӯ табдил меёбад ва ҳама орзую умеду интизорию ҷаҳду талошу дар ишқи Мирмалик тапиданҳояш хокистари бодпар мешавад… Яъне ҳар ду ҷавоб ба манфиати ӯ нест. Аммо посухи миёнҷӣ чист?
Нигина бовар дошт, ки муаллифи савол ҷавоби саҳеҳро худ медонад. Ду соли ҳамошёнӣ ва ҳамнишинӣ онҳоро хеле қарин гардонда, бо як ишора якдигарро мефаҳмиданду аз бешу ками хеш огоҳ буданд. Он шафқату меҳрубонӣ, ки Шакархонум бе ягон тамаъ ё ғараз дар ҳаққи Нигина кард, бебаркаш буду кам касон нисбати фарзанд ё дилбанди худ раво медиданд. Нигина низ ба ин бибии бухороӣ муҳаббату садоқати беандоза дошт, вайро аз модари меҳрпарвари худ кам намедонист ва мисли Очанурии хуҷандиаш ҳурмату эъзоз мекард. Ва инак, лаҳзае фаро расид, ки ӯро маҳрами асрори ниҳони хеш гардонад ва дар боргоҳи муқаддаси дили ишқпарвараш эътимод диҳад.