– Қавли тағои ман бар ҷаҳли вай ҳуҷҷат асту ҳам далел, аммо фазли ман бар ақли ман қудрат асту ҳам шоҳид! Тағоям бо кадом далел саду як муғулро ҷосус меҳисобад?
– Ҳар кадоми онҳо аз хазинаи подшоҳи муғул ҳар моҳ як балиши тилло маош мегирифтаанд барои ҷамъ овардани маълумоти зарурӣ…
— Агар хато накунам, як балиши муғулӣ ба ҳафтоду панҷ динори тилло баробар асту маблағи бузургест! — ибрози назар кард Ҷалолиддин. — Чингиз, ки аз хазина як пайса беҳуда сарф намекунад, на ба ҳар кас ин қадар маош медиҳад!
– Ҳамааш фаҳмо! — каф ба ҳам зад Хоразмшоҳ ва овозаш чун зангӯлаи ҷарас садо дод. — Ба сари муғули бечора чархи ҷафо омад, чунки подшоҳаш оҳанги ҷанг дорад. Ба волии Утрор расонед, ки дар ҳафт иқлими олам ризои тағо ризои ҷиян асту ҷосус бо надомату афсӯс бояд бимирад! Ба тағои мо гӯед, ки ҳар кадом корвонӣ — чӣ мусулмону чӣ муғулро пурра таҳқиқ намояд ва ба ҳар гунаҳкор ҷазои сазовор диҳад!
Эй ҳоҷиб! Ин фармон ба Ғойирхон кай хоҳад расид?
— Рӯзи дигар қабл аз намози бомдод…
— Яъне ки фардо дар Утрор субҳе корвонкуш медамад ва барои Чингиз рӯзи мотам оғоз меёбад. Бигзор ба ҳоли ҷосусчаҳояш хун бигиряд ва минбаъд дониста қадам гузорад!
Барои мо бошад, рӯзи мурод фаро мерасад — бо Пири баидулфикри69 Хуҷанд ҳамсӯҳбат мешавем!
Чоштгоҳи рӯзи дигар Шайх Маслиҳатдин Бадеуддини Нурӣ ба гулбоғи шафати куҳандиз омад, ки Хоразмшоҳ саропардаи салтанат бар услуби Самарқанд он ҷо ба авҷи кайвон барафрохта, бо хосагон нузул фармуда буд. Посбонҳо ва хидматгузорон, ки аз омадани Пири мӯътабар огаҳӣ доштанд, ӯро бо шавқи тамом ва шукуфтагии молокалом пешвоз гирифта, ба долони хаймаи бузург аз атласу адрас дароварданд. Дар даҳлези аввал ҳокимони Хуҷанду Исфараю Сурушан дастҳо пеши бар бо тавозӯъ рост меистоданд. Дар даҳлези дуюм амирони Асхикату Банокату Исфиҷоб ва дар даҳлези сеюм сарварони Фарғонаю Хатлону Кеш саф ороста буданд. Дар қабулгоҳи мунаввар аркони давлат ва сарони лашкар мувофиқи вазифаю мартабаи хеш ҷойгоҳ доштанд.
Солори бор бо дасти рост сиҷоф — пардаи сабзфоми даромадгоҳро, ки аз миёнаш чок дошт, васеъ кушода, бо нидои «Марҳабо, Шайхи кабири Хуҷанд!» меҳмони гиромиро ба хиргоҳи заррин даровард, ки нишемангоҳи подшоҳ буду бо гулбаргҳои тиллоӣ оро ёфта, назаррабою мӯҳташам менамуд ва бо забони ҳол мегуфт, ки пеши шоҳаншоҳи олам ҳама тиллою зару зевари ҷаҳон хок аст!
Шайх бо нидои «Ассалому алайкум, эй борхудои70 оламорой!» вориди хиргоҳ шуд ва дид, ки подшоҳ дар тахти чӯбин нишастаасту дар бар қабои бухороӣ ва дар сар кулоҳи сафеди самарқандӣ дорад, ки арзишаш аз як дирҳам беш нест. Шоҳ бо нидои «Воалейкум бар салом!» аз тахт фуруд омаду чанд гом пештар рафта, Ҳазрати бузургворро гарм истиқбол кард ва дар канораш гирифту бо ӯ болои як ниҳолӣ пеши тахт нишаст. Бузургиҳо пайвасту бо садои нек пурсид:
— Анта шайхул Хуҷанда?71
— Наъм, ё маликул муаззам!72
Истиқболи гарми шумо як ривояти таърихиро ба ёдам овард: олиме ба қабули Исмоили Сомонӣ омад. Шоҳ ҳини истиқбол бо нишони эҳтиром ҳафт қадам пештар омад ва шаб пайғамбари гиромӣ салаллоҳи алайҳи ва олиҳи васалламро ба хоб дид, ки фармуд: «Эй Исмоил, бар он ҳафт қадам, ки мушояати он олим намудӣ, ҳафт аз насли ту подшоҳӣ хоҳанд кард»…
– Ҳаббазо, эй Пири деринасол! Умратон ҳамчун сада сабзу дароз бодо!
Агарчӣ моро ҳукумат ба хоразмию хидмат ба туркӣ асту ибодат ба арабӣ, лекин барои ман ҳамеша лафзи тоҷикӣ афзалият дорад, ки басо хушоҳанг бошад, ҳама мардум маънои ҳар калима ба хубӣ донанд ва ба дарӣ сабуктар аз дигар забонҳо арзи дил гӯянд.
Муҳаббати ин забон дар ҷавонӣ, баъди хондани китоби Ҷоруллоҳ Замахшарии Хоразмӣ маро дар дил реша давондааст. Як пора навиштаи ин бузургворро ҳатто дар лавҳи хотир сабт кардаам: «Ин забонро аз он дарӣ меноманд, ки дар дарбори шоҳ ва девони ӯ ҳама номаву дафтарҳо ва нигориши подшоҳон бад-он забон навишта мешавад ва бад-он забон сухан мегӯянд».
— Оре, забони мардуми Аҷам калиди дари ганҷинаи олам асту баъди парешон ва бесомон гаштани оли Сомон маҳз Хоразмшоҳиёни кабир онро гирд карданду гиромӣ доштанд. Сипосгузорем ва некӣ дар дил маҳфуз медорем. Мушаххасан шукри он мегӯям, ки Шоҳаншоҳи олам маро мамнуни миннати худ гардонда, навадаи азизам Нигинаро аз мусофират ба Хуҷанд хондед. Ин кабутари биҳиштӣ чун кабки хиромони дарбори шумо шуд, бузургии ҳунараш аён гашту дар забони халқи олам афтод ва ангуштнамои сағиру кабир гардид. Акнун бо даъвати шумо ин ғизола шитобон меояд, то бахти хеш дарёбад. Дуо мекунем, ки хушбахт шавад ва ҳаргиз рақс бо шамшер накунад!