Ризои мо он аст, ки дар арсаи ҷанг ҳар чӣ бештар ба валиаҳди нав умед бандед ва мардонагию ватандорӣ ба худ сипар созед. Фаромӯш накунед, ки ҷанг бурду бохт дорад ва агар, Худо накарда, муғулони ҷонсахт сафи сипоҳиён бишкананд, пароканда нашавед ва дасти таслим боло набардоред! Зеро Чингизи Темучин ғӯли биёбонзода аст, насабу насиба надорад. Мулки мо бар вай насиб накунад ва дар дасти фарзандони мову шумо ҷовидон монад…
Равзанаи дуюм. Нигорише аз мадду ҷазри тӯфони шӯрангез дар як рӯзи фитнахез
Хоразмшоҳ бо табъи кушода аз куҳандиз баромаду Нигина лакоту хаста ба шаҳри Истравшан даромад. Ин хабар баъди се соат ба Султон Ҷалолиддин расид ва дарҳол ба подшоҳ гӯшрас гардид. Аммо дар рухсораи шоҳ гули шодӣ чун пештара нашукуфт ва хаёломез гуфт:
— Чор рӯз пеш диламро оҳи оташбору нолаю бодаи шабгир девона мекард. Ҳолиё оташи айш хомӯш гаштаю чароғи чашми маро фурӯғи дигарест. Ҳарчанд орази он ахтари тобон шамъи шабистони ман аст, лек мехоҳам, бо андешаи хайлу сипоҳ шабзиндадорӣ кунам. Яъне таҷаҳҳуд намоям, шаб нахобида ибодат ва ниёиш кунаму таклифу пешниҳоди муқаррабони бисоти давлатро таҳлил ва тақрир кунам.
— Ройи шумо олист, эй падари меҳрубон!
— Аммо… чун гавҳари мурод омад, дар таҳният ва муҳофизати вай саҳлангорӣ нашояд! Ӯро хабар деҳ, ки дар Истравшан дер нашинад ва сӯйи Хуҷанд асп ронад. Тую Дамир Малик пагоҳ ҳар чӣ зудтар худро ба Деҳмой расонед. Дар шафати ин чашмаи шифоӣ қалъачаи ободу озодае будааст, ки дирӯз ҳамроҳи Пирам он ҷо соате фароғат доштем. Ана ҳамин таҳона нишемангоҳи Нигина шавад бо нуқлу навои шоҳона!
Меҳмони маҳбубро маҳбус насозед, аммо кӣ буданашро ба ҳеҷ кас ифшо накунед! Баъди шоиставу боиста ҷо ба ҷо кардан дар танҳоӣ ба вай нияти маро фаҳмон, розӣ гардон ва он гоҳ ба Хуҷанд баргард. Агар ба маҷлиси куҳандиз таъхир намоед, ҳеҷ тақсир набошад. Дар анҷоми мушоварат оғози шодию нишотро эълон мекунему ҳамроҳи Пирам ба Деҳмой рафта, ақди никоҳ баста, сирри ниҳонро ошкор сохта, ҳамҳамаю дамдама то гӯши Чингизи талабгор мерасонем, то аз рашку ҳасад сӯзаду хокистар шавад!
Султон Ҷулолиддин ва Мирмалик рӯзи дигар қабл аз тулӯъи хуршед озими роҳ шуданд. Аммо як фарсах тай нашуда, чопаре таъҷилан омаду ба шоҳзода дастурнома расонд. Маълум шуд, ки Чингизхон элчӣ фиристодаасту Хоразмшоҳ ширкати валиаҳди навро дар гуфтушунид хеле зарур мешуморад.
Ҷалолиддин супоришҳои падарро оид ба пазироӣ ва ҷойгир намудани меҳмони нозук нукта ба нукта ба Мирмалик фаҳмонду аз ҷониби худ илова кард, ки сухан санҷида гӯяд ва ягон ҳарфи зиёдатӣ ба забон наорад, то боиси малоли хотири шоҳаншоҳи олам нагардад.
— Баъди ҷо ба ҷо шудани меҳмон ҳар чӣ зудтар худро ба Хуҷанд расон ва подшоҳи оламро хотирҷамъ гардон.
— Дил фориғ доред, эй бародар, ончунон, ки гуфтед, ҳамчунон мешавад! Фақат то ҳол ман намедонам, меҳмон кист ва чӣ ном дорад?
– Ӯро мешиносӣ ва номашро ҳам медонӣ, эй бародари арҷманд!
Аммо ту шитоб накун, ки мардуми араб «ас-сабру мифтоҳ-ул-қулуби!»79 гуфтаанд. Давоми корро баъд маслиҳат мекунем.
Хайр, акнун ман ин тараф мегардаму ту он тараф. Язакҳои ман бо ту мераванду нигаҳбонҳои ту маро ҳамроҳӣ мекунанд.
— Чаро?!
— Барои он ки забони язакро язак медонаду бе иҷозати ин ҷавонмардон ҳеҷ кас, ҳатто бародари меҳрубони ман, ба меҳмони азизи подшоҳ наздик шуда наметавонад…
* * *
Султони ҷавон хандон сари аспро ҷониби Хуҷанд гардонду бо як маҳмез ба саропардаи подшоҳӣ расид. Падарро болои сӯзан нишаста дид ва аз ӯ саволи ғазаболуд шунавид:
— Ё Манкбурнӣ! Чаро дер омадӣ?! Кайҳост, ки туро чашм медорам!
— Эй падари бузургвор, Пиру барнои Хуҷандро ба шумо меҳрубон ва бахту иқболро дурахшон мебинам. Дилтангӣ аз баҳри чист?
— Хабар надорӣ, чӣ шудааст?!
— Не-е…
— Биншин ва бихон! Чингиз ба ман номаи таҳдид навиштааст!!!
Султон Ҷалолиддин мактуби шоҳи муғулро аввал сар-сарӣ аз назар гузаронду сипас ҷумлаҳои асосиро бодиққат мутолиа кард: «Медонам, ки самъи шоҳи Хоразм тоқати шунидани таънаю қоқмиш80 надорад. Аммо гузашт он давр, ки фақат Хоразм таъна бар Ҳинду Чин мезад. Акнун ман ба олам садо баланд мекунам… Ду сол пештар бар якдигар суханҳои хеш ба хушӣ ошкор кардем. Бо ирсоли тӯҳфаю ҳадя, ҷиҳози нодиру гаронбаҳою табаррук ба ту наздикӣ меҷустам, то моро футӯҳе ҳосил шавад. Мо ба ҳам байъат кардему якдигарро таҳният гуфтем, барои равнақи тиҷорат ва бозоргонӣ аҳду паймон бастем, то савдогару тоҷирон бемалол дар кишварҳоямон омадурафт кунанд… Аммо ту беадабӣ кардӣ ва аз ҳадди худ берун пой мондӣ, аҳдномаи бо мӯҳру имзо тасдиқкардаи худро шикастӣ, қавлу лафзи подшоҳиро фурӯ гузоштӣ… Мо ҳама бандаҳои Худоем, хоҳ бут парастем ё мусулмон бошем. Ҳар кӣ васваса ҷӯяд, мо девтабъ мегӯему шумо иблис мехонед, ки фаришта буд, аммо дӯзахӣ шуд. Ҳокими Утрор аз ҳамин қабила одамҳост! Вай монанди шайтон маккор ва иғвогар аст! Вай коре кард, ки набояд мекард…