Ман, ки мусибатзадаам, суханам номулоим асту мабод, ки ба самъи муборак гарон расад. Зеро гумон мекунам, ту дар фалокати Утрор даст надорӣ ва ҳокими Утрор, ки бародари модари кинавари туст, худсарона даст ба тағобун задааст, то ману ту душмани ашадӣ шуда, ба якдигар зарару зиёни марговар расонем. Агар ин фарзия дуруст ва тақаллуби аҳвол гуноҳи ҳокими васвос бошаду осудагию амонӣ хоҳӣ, дасти худ аз Ғойири ғаддор кӯтаҳ кун ва ҳокими бадхоҳ ба дасти ман боздеҳ, то бо рехтани хуни сиёҳи он палид тақоси чандсад умри фаношударо барорам…
Қисмати аввали номаро муштамил бар таҳаффуз, яъне даъват ба ҳушёрию бедорӣ ва пос доштани ҳаққи ҳамсоягӣ дар қалам овардам, на ба нияти иғво барангехтану тарсондану таҳқир намудан. Вале агар фалокати Утрор бо амри ту содир шуда бошад, муомила ранги дигар мегирад. Аз гапи худ баргаштану нақси ойини подшоҳӣ кардану тоҷирони бегуноҳ ва элчии баландмартабаи маро куштани ту молоютоқ, яъне тоқатнопазир, номаъқул ва номарғуб асту ҷавоби дурушт мехоҳад ва тамассук бар шамшеру камон мекунад! Аз фоҷиаи Утрор бӯйи бад бар димоғам мезанаду дар сарам бадгумонӣ сайр дорад ва дилам сахт хашмнок аст. Беҳад афсӯс мехӯрам, аммо аз душманӣ ҳазар мекунам ва ба тундӣ сӯйи ту нигоҳ намекунам, ба шарте Ғойири Инал ба ман таслим фармоӣ…
Гумон мекунам, ҳоло вақти он нест, ки мобайни мо дарёи хун мисли Ҷайҳун мавҷ занад. Халқи олам шоҳид, ки то имрӯз то тавонистам таҳаммул ва мардиҳо кардам, то ба якдигар азизтар ва мӯътабар шавем. Акнун мардӣ дар ҳифзи дӯстӣ ва амонӣ навбати туст! Кори Ғойири мутакаббирро тадорук кун. Агар зинда супурдан нахоҳӣ, бифармо, то сараш аз тан ҷудо кунанду дар турба андохта, ба ман фиристанд!
Эй Хоразмшоҳ, ту ки тойиб81 ва мустағфир82 ҳастӣ, маро ғаффор магир! Ман фалокати Утрор ҳаргиз иғмоз83 намекунам ва ҳаройина хунбаҳои тоҷирон ва алалхусус кини гумоштаи худ Ухун аз ту мехоҳам ва меситонам!! Худованди замину осмон, офаридгори тоҷику туркон воқиф аст, ки азму талоши ман дар ситондани хунбаҳо ҳақ аст! Халқи олам медонад, ки сабабгори ин фалокат ман нестам. Ҳар тӯфону ҳодисот ва куштору қатли ом, ки бо инқизои мӯҳлат ба амал ояд, гуноҳи ту дониста хоҳад шуд…
Фарзандони ман ва фарзандони шаҳидони Утрор ва тамоми ҳамтаборон ба ҳарбу зарб ва интиқом ситондан шитоб доранд. Ман онҳоро бо душворӣ нигоҳ дошта истодаам. Хоҳӣ ки ҷурми бузург авф гардад ва узри гуноҳ пазируфта шавад, ақли солим кор фармою рӯбоҳи маккори Утрор ба дасти шери нари хунхоҳ супор!! Ту ғайри таслиму ризо дигар чора надорӣ, зеро дар олами ислом пуштибоне надорӣ! Халифаи Бағдод дар мактуби худ маро ҳомии ислом ҳисобида, ба ҳокими Хуҷанд таҳсин мехонаду ба ту нафрин! Вай маро ба лашкаркашӣ ҳидоят карда, менависад, ки агар ҷанги мо оғоз ёбад, ҳамаро алорағми ту ба ҷиҳод мехезонад!
Маро моми ман Темучин ном кардааст. Аммо замона маро аз қом84 қоон85 сохту Чингиз лақаб дод, ки ба лафзи ту, эй шоҳи сартавул, маънояш «Марги ту» мешавад! Яъне замона маро — қоони муғулро вазифа ниҳодааст, ки туро — шоҳи Хоразмро бимиронам!!
Агар ба хунбаҳо розӣ нашавӣ, охирсухани ман ҳамагӣ як калима аст: ҷанг!!!
Агар гуфтание дорӣ, сафири арҷманди мо Бағро ибни Кафраҷ дар хидмати туст…»
Ҷалолиддин мутолиаро тамом карда, нафаси сард кашиду саволомез падарро нигарист. Маълум шуд, ки вай маътали нигоҳи писар будаасту ҳадаҳа пурсид:
— Ман чӣ кор кунам?! Чӣ бояд кард?!
— Эй падари меҳрубон, фикри маро пурсидани шумо, ки исботи идроки олии шумост, сарамро ба осмон расонду меҳру садоқати фарзандиро бемунтаҳо гардонд! Бовар дорам, ки бо хираду фазли падарписарӣ ҳама банди бастаи адӯ кушода мешавад! Сухан ҳар чӣ гӯед, ман бандаи ниюшандаам. Шумо донотаред!
— Аз шодии дидани рӯйи чун ту фарзанди доною рамузфаҳм, иншоаллоҳ, ҳама мушкилоти гетӣ ҳал хоҳад шуд.
— Саломат бошед, эй падарҷони ҷони ман! — Ҷалолиддин басо хушком шуд аз он, ки падараш ба номи Худованди ҷону хирад такя намуд. — Худои азза ва ҷалла бар забону дасти шумо ханҷари қотеъ додааст, то моро ба фатҳу нусрат ҳидоят кунед.