Ё… Нигина ба шоҳаншоҳи олам дилкашол бошад?!
Ин ангезаи хаёл ба вуҷуди Мирмалик оташ ангехт. Даҳанаш хушку нафасаш ғуборолуд, синааш тасфону чашмонаш туфонбор гаштанд. Оташи Намруд ёдаш омаду лабони парсингбаста бо азобе ҷунбонда «Ё Аллоҳ, ин оташе, ки дар ҷони ман аст, сард гардон чуноне бар Халил кардӣ» гуфт. Ва… айнан он ҳолат такрор шуд: оташе, ки шоҳи Хоразм барои сӯхтани рақибаш Мирмалик афрӯхта буд, бо амри Аллоҳ ба гулистон мубаддал гашту шери Хуҷанд саломат монд ва бовараш ба меҳру муҳаббати оҳуяш қавӣ гашт. Аммо… Муҳаббати шери Хуҷанд чӣ сон аст? Қавӣ аст ё зайиф?
Барои ба ин суол ҷавоб ёфтан лаҳзае тасаввур намуд, ки ба тақдир тан дода, дари дилро ба рӯйи Нигина мебандад ва дигар ишқу орзую ҳаваси ӯ намекунад! Ҳамон замон ҳис кард, ки дар ин ҳолат роҳи нафас бар гулӯяш баста мешаваду луқмаи нон талху шӯр ва заҳри танаш мегардад, аз ашки хунин чашмонаш нобино шуда, ҷигари сӯхтааш ба хокистар табдил ёфта, аз шиддати тапидану ларзидан дилаш мекафад!!
Тамоми қувваташро ҷамъ оварда, «Астағфируллоҳ!» гуфту вас- васаю хаёлоти беҳуда аз сар дур афканд ва ҷиҳоди ошиқонаро ба пайроҳаи аввалин гардонд. Дидаи умед ба чеҳраи пурнури солори озмудаи худ Султон Ҷалолиддин дӯхт, ки ситезаю хархашаю бетоқатиро сахт маҳкум намуда, хиради пок ва сабру таҳаммулро дар мадди аввал мегузошт. Ҳар ду ба чашми душману дӯст мисли ду мағзу як пӯст буданду Хоразмшоҳ инро медонист ва Мирмалик бовар дошт, ки дахолати шоҳзода дар ин айёми пурхатар ба манфиати тарафайн мешавад. Яъне ошиқи роҳгумзадаро мебояд, ки қиссаҳои достони ошиқиро на ба подшоҳ, балки ба писари подшоҳ варақгардон намояд ва маслиҳат пурсад.
Дарвоқеъ, аллакай ба ин кор ҳоҷате нест! Султон Ҷалолиддин, ки донандаи бисёр асрор аст ва дар миён афтодани фитнаро медонад, тибқи мақоли «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард» амал намуда, соате қабл аз соҳили Сайҳун ба ошиқи ҷигархун аллакай роҳ нишон додааст: «Пири мушкилкушои Хуҷандро тавоф кун, то маслиҳати судманд шунавӣ!»
Мирмалик ба моҳи равшани осмони пурситора нигаристу бесадо оҳи сабук кашид ва то дамидани субҳи умед соате бароҳат хобид…
* * *
Мирмалик медонист, ки ҳазрати Шайх Маслиҳатдин баъди намози бомдод ҳар субҳидам дар соҳили Сайҳун мешинад, то аз қаъри рудбори бузург асрори ҷаҳон дарёбад. Табақе ҳалво ва кулчаи ширмол гирифту ба нишастангоҳи муқаддас расида, Пири худро бо ихлос ва муҳаббати фарзандӣ гиромӣ дошта, шароити таъзиму эҳтиром чуноне воҷиб аст ва мешояд, баҷо овард. Ҳазрати Бузургвор низ бо эҳтироми хос шаҳриёрро бинавохт ва гуфт:
— Пушт бар ин сияҳбед ниҳода, замоне сокит бинишин ва ба суханҳои ман чун ҳамеша бодиққат гӯш андоз. Ба чӣ ҳодиса ранҷа шудию чаро дар субҳи солеҳон ин ҷо омадӣ ва ҳама қиссаҳои ошиқонаи ту барои мо чун офтоб равшан аст. Ту, ки на ба хоҳиши худ ба моҷаро пайвастаӣ, барои маслиҳат пурсидан омадӣ, то роҳи наҷот дарёбӣ ва дурдонаи басо гаронбаҳо аз хазинаи дили шоҳаншоҳи олам ба даст орӣ. Вале азбас ғарази хеш то ин соат аз мо пӯшида медоштӣ, дар сабру шикебоӣ ва мувозабати88 ту хира монда, интизор будам, то аз забони худат калимае ба гӯшам расад…
— Эътиқоди ман бар шумо софитар ва комилтар шуд, эй Пири бузургворам. То имрӯз он чӣ ёфтам, аз юмни маёмини шумо ёфтам, эй Ҳазратам! Ҳолӣ саволе дорам ва аз беҷавобӣ беқарорам: чӣ бояд кард, ки ҳам лаъл ба даст ояду ҳам шоҳ наранҷад?!
— Миёни тоат ва исён рӯз гузаронидани тую аз барои як дурдона қосиди ҷони якдигар гаштани ду подшоҳу як шаҳриёри ишқзада афсонаи замон аст ва дар ин қазия бисёр таҳайюр хӯрдаам. Зеро ишқ балоест, ки марди ҳақиқӣ аз он нагурезад ва беибо худро дар оташ андозад! Дар ин афтударафт ҳамоне ғолиб ояд, ки тавонад сабр шиору виқори худ созад, аблаҳӣ накунад ва аз кибру ғурур парҳез намояд. Азеро аблаҳӣ бемориест, ки ҳама табибону ҳакимони хирадманди олам аз илоҷи он оҷиз оянд ва кибр баландиест, ки аз ҳама пастиҳои ҷаҳон пасттар бошад…
Агар мушаххастар бигӯям, подшоҳи муғул хостори дурдона асту шоҳи Хоразм соҳиби дурдона ва тавре худат медонӣ, аз хирману хазина то аз мӯрча бознамонад, донае ба хостору подшоҳ нарасад! Ё худ, ба қавли шоири маҳбуби ту Саъдии Шерозӣ:
Мӯрчагон гар бикунанд иттифоқ,
Шери жаёнро бидаронанд пӯст!
Малӯл нашав, ки туро ба мӯрча ташбеҳ додам. Ту ба солу бахт ҷавон, аммо ба таҷрибаю дониш пири хирад ҳастӣ ва басо ҳокиму амирон ба рӯзу рӯзгори ту ҳавас доранд! Маслиҳати мо ин аст, ки бо ёри қадима иттифоқ бастану ҳамдилӣ ба ҳаммашрабӣ89 расондан беҳтарин роҳи наҷот аст. Зеро ошиқони ҳаммашрабро риояти ҳусни аҳду паймон ба висол мерасонад: