Аз ӯҳдаи аҳд агар бурун ояд мард,
Аз ҳар чӣ гумон барӣ, фузун ояд мард!
Ҳар ду ҳар чӣ зудтар ба мақсуди дили ҳамдигар аҳду паймон бандед ва хуб мешавад, агар онро ба аҳду савганд табдил диҳед. Яъне муводаат ба мувоҳадат иваз намоед. Он гоҳ мувозаа пайдо мешавад, яъне шумо забон як карда, хушмашраб мешавед.
Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки «хушмашрабӣ, таҳаммул ва тааммуқ дар қабули масъулиятҳо мӯҷиби хушояндии Худо аст». Яъне, ҳар вақте хушнудӣ ва инояти Парвардигор падид ояд, ҳама ҳунарҳову бузургиҳояш зоҳир намояд, гулханро ба гулистон, хокис- тарро ба оташи фурӯзон табдил диҳад! «Туъиззу ман ташоъу ва тузиллу ман ташоъу, биядиҳи-л-хайру, иннака ало кулли шайъин қадирун» — «Ту Худованд, арҷманд мегардонӣ ҳар касеро, ки хоҳӣ ва хору ҳақир мегардонӣ ҳар киро мехоҳӣ. Хайр дар дасти туст ва барҳақ ту ба ҳамаи умур қодирӣ!»
Фаҳмидӣ, эй шаҳриёри муаззам?
— Фаҳмидам ва итоат мекунам, эй Пири бузургворам!
Илоҷе ёфта, худи ҳамин рӯз маслиҳати дуюми шуморо ба самъи Нигина мерасонам.
— Ранҷ макаш, ки зарурате надорад. Ин пагоҳӣ назди дарвозаи масҷид ғуломаке ҷандалибос ва афсурдаҳол пеши роҳамро дошт: «Барои шумо чанд сухани гуфтанӣ дорам. Ду дирҳам диҳед, то бигӯям». Ҳадяро гирифту ба шодӣ гуфт: «Маъсумае аз роҳи дур ба дидори шумо мешитобад. Ё имрӯз ё рӯзи дигар наздатон мерасад ва аз ранҷи дил халосӣ меёбад!»
Дарёфтӣ, он маъсума кист?
Мирмалик бо овози нимшунаво «фаҳмидам» гуфту беихтиёр ҷониби Деҳмой нигарист. Шайх Бадеуддин бошад, аз ҷайб дафтару қалам бароварда, шитобон ҷумлае навишт ва бо нигоҳи шоирона мавҷи дарёро наззора карда, гузашта ба ёд овард:
— Шаш сол муқаддам бо Нигина дар ана ҳамин ҷо сӯҳбат оғоз карда будем. Он айёми наврӯзӣ вай ба синни дувоздаҳ расида буду гулғунчаро мемонд. Илҳоми шоирӣ омаду гуфта будам, ки «имрӯз бо оби Сайҳун лаб аз шири модар шустаю худро ба ҳадди балоғат наздик расондӣ… Оғози нашъунамо ва камолот муборак шавад!»
Ҳолиё гулғунчаи Мастураи ман ҳаждаҳсола ва оҳуи шергир шудааст! Хоразмшоҳу Чингизхон вайро Арӯси ҷаҳон мегӯянд ва ба висолаш талош доранд. Ту оҳуи бесоҳибро чӣ унвон медиҳӣ?
— Арӯси Тирози ҷаҳон!
— Офарин бар ту, эй шаҳриёри Тирози ҷаҳон! Донистан мехоҳӣ, ки навакак бар варақи дафтар чӣ навиштам?
— Ягон шоҳбайти нав. Ин одати деринаи шумост.
— Он чӣ навиштам, аз сад шоҳбайт авлотар аст! Марҳамат, бихон.
Мирмалик навиштаи Шайхи шоиртабиатро бо лаҳни гӯшнавоз қироат кард: «Лаҳзае қабл он ғуломаки ҷандалибос пайғом расонд, ки Шайхи Хуҷанд баъди чанд рӯз хутбаи никоҳи Арӯси Тирози ҷаҳон мехонад»…
Дафтар аз дасти Мирмалик афтиду агар Шайх Бадеуддин чолокӣ намекард, онро об мебурд. Ҳар ду баробар хандиданд ва аз ҷой хестанд.
— Суханҳои зарурӣ гуфтаю шунидаю навишта шуд, — гуфт Пири раҳнамо. — Акнун ба ҳар дуямон рухсат, ки талхиҳои зиндагӣ ширин гардонем. Ту шитобонтар аз боди саҳаргоҳӣ ба саропардаи подшоҳӣ рав, ки Ҷалолиддин интизорӣ мекашад. Саломи ман ба хидмати ӯ бирасон ва гӯй, ки аз падар эҳтиёт бошад, зеро ошуфтахотир асту товус дар чашми борхудои оламорой магас менамояд…
Охирин маслиҳат ин аст, ки гапи дадою бӯвоҳоямон фаромӯш накун: таваккал нар асту андеша мода! Агар ба таври китобӣ гӯем, «таракат ал раъю би-р-раъйин» — ндеша андеша мезояд! Дил фориғ дор ва фикри исёну фирор камтар кун, ки Худои меҳрубон раҳнамои мост: «Валлоҳу аълам би ҳақоиқ-ул-умур ва ҳува алимун би зот-ис-судур» — Худованд донотар аст бар ҳақиқати корҳо ва огоҳ аст аз андешаҳо…
* * *
Мирмалик шоҳзодаро парешонзамир дид ва аз дер омаданаш хиҷолат кашид. Хост, узри тақсир ба ҷо орад, аммо Ҷалолиддин имкон надод:
— Медонам, дар куҷо будӣ, эй бародарам! Маро маъзур дор, ки хотирам аз чизи дигар малул аст.
— Пирам ба шумо дуруду паёми фаровон фиристоданд ва маслиҳат доданд, ки аз падар эҳтиёт бошед…
— Чаро?!
— Гуфтанд, ки «Борхудои оламорой ошуфтахотир, товус дар чашми эшон магас менамояд»…
мОфарини Худо бод бар Пири ҳамабин! — шоҳзода даст ба гиребон бурда, бо нишони тааҷҷуби зиёд ба чапу рост сар ҷунбонд. — Дар ҳақиқат Шайхи мутабаҳҳир ва мутабашширанд90! Ҳазрат ҳама доранд, зеро хиради модарзод ва башорати Худодод доранд!
Мирмалик ҳарфе нагуфта, интизор истод, то шоҳзода эҳсоси дил фурӯ нишонид ва сабаби ба ваҷд омаданашро шарҳ дод: