Хоразмшоҳи сармаст бо душворӣ чашм кушоду фарзанди азизро дида, ғашу ғурбат накард ва бо лабханди гунаҳфарсо пич-пич кард:
— Хайр аст?
— Фиристода аз пеши Чингиз омадааст.
— Канӣ?!
— Агар иҷозати Шумо шавад, худро ба ифоқа оварда, чоштгоҳ биёяд…
— Раво бошад… Акнун лаҳзае дигар бо фориғдилӣ баросоям.
— Эй падари меҳрубон…
— Хомӯш! Медонам, чӣ гуфтан мехоҳӣ. Аммо ман аз ҷой нахезам, то амри Анварӣ иҷро нашавад!
— Амри шумо аз ҳама амру фармонҳо бартар аст, эй падари меҳрубон. Фақат… намедонам, ки Анварӣ чӣ гуфта?
— Анварӣ мефармояд:
Соқиё, бодаи сабӯҳ биёр!
Донаи доми ҳар футӯҳ биёр!!
Шоҳзода бо ишораи абрӯ надимро ба ҳаракат андохту ба падар ду навиди дигар расонд:
— Дамир Маликро фармудам, ки барои ҳадяи тӯёна панҷоҳ ташрифоти фохира тайёр кунаду ҳафт ҷомаи шоҳӣ ва кошонаи Маҳастӣ барои зисти Нигина мутобиқ созад…
— Офарин, писарам. Ҳамаи тадбирот ба хубӣ сомон додӣ дар кори падар! Бар ту ягон айб нест ва эътирозе надорам. Валекин Худо чунин хост магар, ки сабукбор шудам. Худат ба он кошона раву табъи дили ман ороста гардон. Агар зарурат пайдо шавад, туро пайдо мекунам…
* * *
Фиристода дар вақти муқарраршуда ба хаймаи заррин ворид шуд ва мусоҳибаи махфӣ бе гапу ҳарфи зиёдатӣ оғоз ёфт.
— Бо кӯмаки як тоҷири самарқандӣ дар ӯрдаи Чингиз хайма ба хайма гашта, арзон фурӯхтаю қимат харида, оқибат дарёфтам, ки подшоҳи муғул дар кадом ӯба93 иқомат дорад, — бо овози на пасту на баланд ба ҳисоботи шифоҳӣ шурӯъ кард ҷосус. — Аввалин хулоса ҳамин, ки Чингиз одамизода нест! Танаш лоғару қадаш баланд, пояш каҷу дастҳояш мисли шохҳои чинор дарозу панҷааш чанголи бургут барин, нохунҳои тези пасту баландаш чангули калхот барин…
— Бас! Он кӯзапушти лангро дигар тасвир накун, ки дилам беҳузур мешавад. Мегӯянд, ки бадҳайбат аст…
— Афташ деви афсонавӣ барин. Вақте ки вайро бори аввал дидам, аз тарс дилам ба тахтапуштам часпид! Ба гумонам, мӯяш шонаро надидааст ё Чингиз чӣ будани шонаро намедонад. Илло-билло ки аз ҳайбати Чингиз шери нар об меафканаду шери гардун гов менамояд!
— Аз ҳад зиёд воҳима накун!
Ба Худо қасам, ки рост мегӯям. Ба гӯши худ шунидам, ки худи муғулҳо «қоони мо наҳанг асту мо кафлесак» мегӯянд. Вақти гап задан аз даҳани Чингиз бӯйи хун ба димоғ расида, дилро беҳузур мекунад…
— Барои он ки гӯшти хоми асп бисёр мехӯрад ин ёбоӣ…
— Шояд ҳамин хел бошад. Лекин чанд одами ҳолдон гуфт, ки Чингиз барои шикастани ташнагӣ ба ҷойи обу чой хуни гарму тоза менӯшад.
— Афсона нагӯй!!
— Агар гапи номаъқул гуфта бошам, аз гуноҳам гузаред, эй шоҳаншоҳи олам! Наход ба шумо гапи дурӯғ ё афсона гӯям?! Худатон фармудед, то кӣ будани Чингизу чӣ хел будани лашкари вайро мӯ ба мӯ омӯхта, холисанлиллоҳ аз сурати ҳол огоҳ гардонам. Агар як ҳарфи хато гӯям, ба азоби дӯзах гирифтор шаваму забонам бурида бод!
— Ман ба садоқати ту бовар дорам, лекин ҳар он чӣ гуфтӣ, афсонаро мемонад…
— Гуноҳи ман чӣ, агар Чингиз ҳақиқатан ҳам одами афсонавӣ бошад… Як муғули китобхон варақи мӯҳрдорро нишон дода, гуфт, ки Темучин аз насли тотор асту инсони ғайримуқаррарӣ, аз синни туфулият ба мақоми раҷулият расидааст!
— Ин гап чӣ маънӣ дорад? Соддатар фаҳмон!
— Пӯсткандаи гап ҳамин ки Темучин аз панҷсолагӣ мардак шудагӣ, яъне ба духтари чордаҳсола издивоҷ кардагию вай ҳомиладор шудагӣ! Дар бистсолагӣ ба аждаҳои духтардаркаш табдил ёфта, бо сеҳру ҷоду садҳо духтари бокираи хушрӯй ва дилкашро ба дом афтондагӣ…
— Агар ду маротиба талабгорӣ ва хостгорӣ намекард, ин гапҳоро сафсата мепиндоштам. Бас! Аз он варақи машаққат дигар ягон калима ба забон нагир! Дар бораи Чингиз гап бас! Дар бораи лашкари муғул маълумот деҳ.
— Ба муғул ҳарб кардан ба камари кӯҳ даст андохтан аст. Чунки ҷисми падарлаънатҳо аз санг сахту пойҳояшон оҳан барин, ба замин мехпарчин кардагӣ…
— Гурдҳои ялафкани ман акнун муғулафкан мешаванд! Паҳлавонҳои ман деви дамон, муғулчаҳо девчаи ҳаросон! Худое, ки бо тозиёнаи тақдир писари Чингизро пеши поям оварду шикаст, қодир ба он аст, ки худи Чингизро ба осонӣ таслими шамшери ман кунад!
— Илоҳо, ҳамин хел шавад, эй шоҳаншоҳи олам! Лекин фавҷ-фавҷ саф кашидану шабонрӯзӣ машқ кардани онҳоро дида, лозим мешуморам ба шумо гуфтан, ки ҷанг бо мусулмонҳо дигару разм бо бутпарастони Чингиз дигар аст. Чингиз хатари бузург…