— Ягон хатар-патар надорад Чингиз! Ман лаг-лаг бутпарастҳоро ба зону шинонда, Искандари сонӣ ва Санҷари замон лақаб гирифтаам!
— Парвардигор фатҳу нусратҳои шуморо зиёда гардонад, эй шоҳаншоҳи музаффар! Агар иҷозат бошад, се ҷумлаи дигар…
— Сухан мухтасар шавад!
— Ба чашм, эй шоҳаншоҳи олам!
— Уруқи Чингизро расму одат чунин будааст, ки мурдаи худро дар ягон ҷойи номаълум, дур аз иморату ободонӣ гӯр мекардаанду чӣ будани қабристонро намедонанд.
Маънои муғул ба тоҷикӣ малах будаасту дасташ аз хайру баракат холӣ, дар дилаш ягон зарра меҳру шафқат нест… Лашкариёни Чингиз аз ҳарифи худ ҳеҷ кадомеро зинда намегузоштаанду пардагиёнро аз сатри исмат, кӯдаконро аз батни модар берун оварда…
— Бас! Ваҳшигарӣ аз ин зиёд намешавад. Ана, ин гапро ҳар чӣ зудтар ба сипоҳиён ва одамон бояд гӯшрас кард, то ба Чингизу чингизчаҳо нафрати умум бедор шавад. Умри нафратзада кӯтоҳ мешавад! Акнун бигӯй, ки Чингиз ҳоло ҳам ба сеҳру ҷоду машғул бошад ё не?
— Баъди фалокати Утрор се шабу се рӯз аз ӯба набаромад. Пинҳонӣ таҳпурсӣ карда, фаҳмидам, ки бо худоҳояш тамос гирифтааст. Рӯзи чаҳорум тамоми басқоқ ва уйноқи калонсолашро ҷамъ карда, ҷарга гузаронд…
— Исто! Гуфтамат, ки калимаи муғулӣ нагӯ, боз чаро мегӯйӣ?! Басқоқ чию ӯйноқ чию ҷарга чӣ??!
— Худам ҳам саҳеҳ намедонам. То ҷое фаҳмидам, басқоқ ҳокими вилояти мо барин як мансабдор, уйноқ-қабила ё авлод, ҷарга — ҷамъомад…
— Ана акнун андаке фаҳмидам. Баъд чӣ шуд?
— Дар аввали маҷлис як харгӯшаки хокистарранг аз даруни қафас ба берун сар дода гуфт, ки «Шоҳи қуян94 тилисм шуд, то ба гунаҳкори фалокати Утрор ҷазо диҳад. Ҷанивари чобукпо ба ситамгар зиён расонда, ба дарди қуянчуқ95 мубтало мекунад»…
– Ҷарга кай буд?!
— Шаш рӯз пеш. Ҷарга тамом шуду ман ба роҳ баромадам. Дар ҷарга Чингиз гуфт, ки…
— Хомӯш!!! Падарлаънат, чаро гап аз харгӯш сар накардӣ?! — Хоразмшоҳ мисли васвос аз ҷой хесту рӯй туруш намуда, чу раъд хурӯшида, пой бар фарш кӯфт. — Хоҳӣ, ки занат дар азоят гиря накунад, аз пеши назарам дафъ шав! Қуян шав!! Ҳа-ҳа-ҳа!
Хоразмшоҳ, ки лаҳзае пеш сабӯҳӣ зада, сархуш буду дили хуррам дошт, танҳо монд ва побанди хаёл гашт. Чеҳраи қоони муғул пеши назараш омад ва аз ҳайбати бад ҳаросе ба дилаш роҳ ёфт. Сипас перомуни чанд ибораю калимаҳои таҳдидомези мактуби Чингиз андеша ронду ошуфтахотир шуд. Қоонро нафринкунон чун аз ҷой хест, ошуфтагӣ аз димоғ бар сараш гузашту мисли гирдбод атрофи чароғи ақлашро печонд. Тори асабаш таранг гашту соқиро фарёд кард, то бода гардонаду аз нашъаи шароби ҷамил малӯлӣ ва хаёли бад аз дил берун андозад.
Пас аз қадаҳи аввал андак сурхӣ ба рӯяш дамид ва «Пеш биёр ҳар чӣ дорӣ аз шаробу кабоб!» гуфту чашму абрӯи Нигина ба назараш намуд. Лаҳзаи висолро тасаввур карда, қадаҳе барои арӯси товусхиром нӯшид ва бо иштиҳои қозгир порае кабоб ба даҳон андохт, ки бағоят хушлаззат буд. Қадаҳе дигар ба сар кашиду порае дигар аз гӯшти мулоим газиду боиштиёқ хойида, лаб ба таҳсин кушод:
— Агар хӯриш хуб бошад, майро гувориш бисёр шавад ва хастагӣ аз тан берун андозад. Имрӯза шароби басо гуворою кабоб лаззатнок аст!
– Ҳамеша комраво бошед, эй шоҳаншоҳи муаззам! Шароби кӯҳнаву гӯшти нав ҳамеша фораму гуворо бошад. Хушхӯру зудҳазм ва ширин аст гӯшти харгӯш…
— Чӣ гуфтӣ?! — гӯштпора аз дасти шоҳ афтид. — Ин кабоб аз гӯшти қуян??!
— Бале, тару тоза! Ҳамин пагоҳӣ шикор шудааст…
Хоразмшоҳ ҷом бар сари соқӣ заду гӯштрезаҳои даҳонаш бударо ба замин туф кард ва то ҷон дошт, баланд дод гуфт:
– Қоч!!!!
Надиму солору табибу нигаҳбонҳо дартоз омаданд ва диданд, ки подшоҳро як нима рухаш зарду дигар нима сурх гашта, аз ҳаяҷони дам ва хафақон ба худ мепечад. Бо амри табиб вайро дарҳол рӯйболо хобонда, оби сард нӯшонданду дасту пойҳояшро маҳкам доштанд, то мавҷи эҳсос ва шӯру валвалаи қалбаш фурӯ нишинад. Зуд ба Султон Ҷалолиддин кас фиристоданду вақте омад, табиб бехгӯшӣ фаҳмонд, ки шоҳаншоҳи олам дучори ваҳла шудааст — ягон чизи нофорамро дидан ё шунидан ҳамон дар вуҷуди инсон тарсу бими ногаҳонӣ пайдо мешавад…
Шоҳзода ғайр аз табиб дигаронро рухсат доду соате ба оромӣ гузашт. Дар ин муддат Сайиди Ашраф бо овози пичирросӣ фаҳмонд, ки ваҳла бемории зудгузар асту вақте дар сари одам фикру хаёли хому каҷу пуч бисёр шаваду шодӣ бо ғаш омезад, дил ба танг меояд. Агар шахс худро аз олами хаёлоти ваҳмангез гурезонда тавонад, зуд шифо меёбад. Табобати ваҳла бо дорую дармон илоҷ надорад ва барои аз майнаи бемор афшондани суханрезаи бисёр муҳити амалро, яъне маҷрои дарёи орзую ҳавасро ҳар чӣ зудтар тағйир мебояд дод…