— Эй бародар, тамоми шаб нахобида, чашмаро посбонӣ кардед?
— Чашмаро не, нури чашми шоҳаншоҳро!
— Офарин бар шумо! Баъди ношто ба Хуҷанд меравем ё дертар?
— Саҳеҳ намедонам. Шояд имрӯз ба ҳеҷ куҷо наравем…
— Ин хел бошад, ман то нимарӯзӣ бемалоли хотир хоб меравам. Худатон дидед-ку, шаб нороҳатӣ кашидам, хобам набурд…
— Баъзеҳо дар ҷойи нав шаби аввал бедорхобӣ мекашанд. Хайр, хоби хуш бинед!
— Ташаккур, эй бародар! Ҳозир канизакҳоро барои овардани меваю ангур роҳӣ мекунаму баъд супориши шуморо иҷро карда, хобҳои нағз мебинам. Ба ҳамроҳонатон гӯед, маро нороҳат накунанд.
— Ба чашм, бонуҷон!
— Саломат бошед, бародари азиз!
Язак, ки аз муомилаи хуши кабутари ҳарам дар субҳи содиқ шоду хуррам гашта буд, пеши роҳи ду канизаки чодирпеч ва сабад бар сарро надошту бе кунҷковию хӯрдагирӣ дарвозаи қалъачаро кушод ва таъкид кард, ки барои бонуҷони ширинзабон меваҷоти ширинтарин биёранд. Ҳар ду каниздухтар баробар сари таъзим хам карданду яке бари чодирро саҳл боло бардошта, бо табассуми малеҳ сӯи язак чашмак заду гуфт:
— Ба чашм, акоҷони ширин!
Канизаки дуюм ҳарфе нагуфту даст ба сандуқи сина ниҳод ва чобук ба роҳ даромад. Вай Нигина буд, ки дар ҷустуҷӯйи бахти хеш ба сӯҳбати Пири муродбахш мешитофт. Дар ҷойи хобаш канизаки дигар бо либосҳои фохираи ӯ мехобид ва ба чашми язакҳо кабутари ҳарам метофт…
Нигина ҳангоми омадан аз Самарқанд мушоҳида карда буд, ки ароба аз роҳи Фарғона тарафи чап гашту як фарсах бештар пайроҳаи морпечро тай намуда, ба қалъачаи Деҳмой расид. Имрӯз, ки ароба набуду канизаки ҳамроҳаш роҳи Хуҷандро намедонист, вай таваккал ба Худо намуда, аз байни ҳойитҳову боғҳои сабзу хуррам бо ҳамон пайроҳаи шинос қафо баргашту ба роҳи Фарғона баромад. Аллакай офтоб аз сари кӯҳ ба осмон баланд шуда, насими саҳро накҳати тару тоза надошт ва Нигина ҳини нафас рост кардан оҳиста ба қафо нигаристу ягон язак ё посбонро надида, бовар кард, ки аз таҳонаи монанд ба ҳабсхона раҳо шудааст. «Агар тарафи рост тоб хӯрем, ба Истаравшан бармегардем, — худ ба худ гуфт Нигина. — Агар ба тарафи чап гардем, роҳ то Фарғона мебарад. Пас, роҳи Хуҷанд куҷост?»
Сарҳисоби рафтанро гум кардаю гоҳ ба чапу гоҳ ба рост нигариста, мисли оҳуи ланг саргаранг меистод, ки яке сухани амакбобояш Аҳмадсайид ба хотираш омад: «Дар иҷрои коре дудила шавӣ, он тараф ихтиёр кун, ки бароят безарару осон намояд». Албатта, роҳи сипаришуда, ки росту ҳамвору бехатар буд, Нигинаро тарафи худ кашид ва хост ҳамон сӯ гом ниҳад. Ин асно аз байни зардолузор боғбони ришсафеде намудор гашт чун себи дукафон ба Бобокалони хуҷандиаш Шайх Маслиҳатдин монанд. Пештари духтарон омаду ҳол пурсид ва гуфт:
— Тарафи рост равед, ба шоҳроҳи Истаравшан — Хуҷанд мерасед, ки пуродам асту раҳгум намезанед. Ба чап гардед, баъди ягон фарсах пайроҳае мебарояд, ки аз теппакӯҳи Рухак гузашта, ба Хуҷанд мебарад. Ду баробар наздик аст, аммо хилвату камодам.
— Шумо чӣ маслиҳат медиҳед?
— Шахсоне, ки шитоб доранд, бо роҳи миёнабур мераванд. Бехатар аст, қад-қади кӯча боғбону деҳқонҳо раҳнамою мададгор мешаванд. Агар ба худ бовар дошта бошед, ман кафилам, ки сиҳату саломат то Хуҷанд мерасед.
Нигина, ки аз дидору дуои ин пири нуронӣ фоли нек бардош- та буд, ҳарчанд либоси канизӣ дар бар дошт, лек қад-қади ҷав пой монда, чун нозуксанами асил бо ҷилваи хос пеш мерафт ва ҳар замон бо табассуми фарох Соҷидаро менигарист. Канизаки тануманд ва гандумрухсор, ки бенуқс иҷро намудани ҳар амру фармоиши кабутари ҳарамро вазифаи худ медонист, ба лабхандҳои кадбонуяш пайравӣ намуда, бо хаёлоти ширин ба тамошои шаҳри калон мешитофт. Зеро Хуҷандро то ҳол надида, аммо таърифашро бисёр шунида, ин сафарро ҳадяи тақдир меҳисобид. Ҳар ду ба ҳукми зарурат сухан гуфтаю манзараҳои атрофро тамошокунон чоштгоҳӣ ба кӯҳдоман расиданд ва деҳқонеро диданд, ки ҳамроҳи духтараш барои тарсондани паррандаҳо афча соз мекард. Баъди салому алейк ва ҳолпурсии урфӣ деҳқондухтар канизакҳоро бо чою ҳалво зиёфат карду падараш дар куҷо будани пайроҳаи Рухакро дақиқ нишон дода, иловатан гуфт:
— Лаҳзае пеш чор марди хушлибос низ роҳи Хуҷандро пурсиданд. Аз гуфтору рафторашон маълум, ки одамҳои хубанд. Тезтар қадам монед, шояд дарёбед…
Духтарон базудӣ сари чоҳи таъйиншуда расида, чордевори пох- сагиро дарёфтанд, ки ҷойи дамгирӣ ва намозгузорӣ барои мусофирон буд. Назди саройча марде асо ба дасту занбил96 дар китф беист пешу қафо рафтаю ҳар замон дасташро соябон сохта, ҷониби қибла менигарист ва аз ваҷоҳаташ пайдо буд, ки касеро интизорӣ мекашад. Чун пештар расиданд, Нигина сарвболо ҷавонмарде дид хубрӯй ва хушсурат бо чашмони хирадманду оташнигоҳ, хатте борику сиёҳ дар гирди лабонаш дамида… Гӯё рассоме мониқалам бо ҳавсалаи том рӯйи гулбарге арғувонӣ ришу мӯйлаби паст мутобиқ ба абрувони пайваст наққошӣ карда… Либоси бунафшрангу кулоҳи сафедаш далолат бар он медод, ки парҳезгору худотарс аст, яъне ҳамсафари хубест.