Эй Соҷида! Ту дуруст гуфтӣ, ки азму талоши мо хилофи роҳи савоб аст ва акси раъйи дили аҳбоб!
На кӯрам, валекин хато рафт кор,
Надонистам, аз ман гунаҳ даргузор!
Ҳарчанд суханат дурушт буд, валекин дуруст буд. Оре, Пири равшанзамири Хуҷанд интизорӣ мекашад ва моро зарур аст, ҳарчӣ зудтар ранҷи иштибоҳ бартараф кунем. Аз оқил чунин хомӣ нашояд. Бояд кор пухта кард…
Ана, Шарофиддин ҳам омад. Вайро хуш истиқбол гиред, ки ҳарчанд либосаш ҳақир ва худаш фақир аст, суханаш ширин асту дилпазир!
— Вай ҳам шоир?
— Бале. Суханварест аз Истравшан.
— Он дуи дигар ҳам шоир?
— Бале. Яке Шамси Самарқанд, дуюмӣ Сайфи Исфара…
— …ва Шумо Саъдии Шерозӣ?!
— Бале, Саъдии ширинсухан манам аз Шерози куҳан:
Назар кардан ба хубон дини Саъдист,
Мабод он рӯз, к-ӯ баргардад аз дин!
Нигина эҳтирому таъзим фузуд ва табассум аз лаби ангубинаш чун шир рехт. Дили Соҷида ҳам нарм гашту бо чашми узр Саъдиро нигарист:
— Аз он ки ба шумо дурушт ҳарф задам, ба Худо қасам, акнун шармам меояд, ки дар чашми халқ ҳурмате калон доред. Маро бубахшед! Ман як канизаки одиям, ба неку бади ҷаҳон коре надорам. Минбаъд ҳар чӣ фармоед, ҳамон кунам ва ҳаргиз ба суханатон хилоф накунам. Илтимос, ба маломати ман забон дароз накунед…
Саъдӣ пешонии поки Соҷидаро бӯсид ва хост бо лутфи саршор аз меҳр лаб ба гуфтор кушояд, аммо Шарофиддин монеъ гашт. Вай духтарҳои нозанин ва хандонлабро дидан ҳамон нидо ба оҳанги сано кард:
— Ба қудрати Парвардигори олам ҷонам фидо бод, ки дарди дили ранҷури маро башорат бар шифо дод!
Ҷавони хароби наҳифҷусса, ки ба чашми Нигина пашшаи лоғар намуд, манзари хуб ва шамоили марғуби Соҷидаро хуш карда, бебок ба паҳлӯяш нишаст ва бетакаллуф гуфт:
— Эй духтари зебо, роҳ то куҷо? Дидор то кай?
Бе дарди саре равона будам,
Гул дидаму дарди сар харидам.
Соҷида маслиҳатомез кадбонуяшро нигаристу аз ишораи пинҳонӣ рамуз бардошта, сухан ба танз гуфт:
— Вой бар ҳоли ту барин дардманд, ҳазор вой!
— Вовайло чаро?
— Дар кӯҳдоман дили шикаста ба дармон соз нашавад. Агар то Хуҷанд моро беозор расонӣ, шояд илоҷе пайдо гардад…
Шарофиддинро равнақи чашми харидорӣ дучанд гашт:
— То чашм дар сару равонам дар тан аст, ба хидмати ту гардан ниҳам ва ҳар амру фармонат беҳарф, аммо жарф иҷро кунам! Агар хоҳӣ, то Хуҷанд туро пуштвора мебарам!
— Маро пуштвора не, пуштибон мефорад! Ҳоло, ки косаву кӯзаи олам шикастан дорад, мани муштипар ба мураббии мӯътабар ниёз дорам…
— Бо рағми хушнудии маҳбуб кӯшидан хилофи фармони Худованди муҳаббат асту оне, ки аз хатар андеша дорад, ошиқи ҳақиқӣ натавонад шуд! Ман аз ҳаводиси айём андеша надорам, ҳама нозу истиғноят тори сар мебардорам…
— Зӯрат мерасад? Оқилон мефармоянд, ки бараҳна бар хор по накӯбад…
— Дил каҷ мадор, эй нозанин! Азбаски ба як наззора ин дили овора дар ҳалқаи гесӯят кашола шуд, ҳама роҳату осоиши дунё мефурӯшаму ишқи ситамгар мехарам.
— Бо нардбон ба осмон набароянд…
— Шоирон то осмони ҳафтум мебароянд! Ман, ки дар сояи кулоҳи шоири тавоно Саъдии бузургвор гаштаям, ҳарзадарою ёвапаймо нестам! Дуруст мегӯям, эй устод? — Шарофиддин чашми умед ба Саъдӣ дӯхт, ки ҳамроҳи Нигина мунозираи ҳамроҳони худро бо завқ мешуниданду лабҳо пур аз ханда медоштанд. Устод дарҳол ба мадади шогирд расид:
— Шарофиддин на кам аз булбули баландҳиммат аст, ки пайваста меболад, аммо аз тааммули машаққат дар роҳи муҳаббат ҳаргиз наменолад. Вай туро нозбардори асил хоҳад шуд:
Гар бар сари чашми вай нишинӣ,
Нозат бикашад, ки нозанинӣ!
Хезед, ёрон, фурсати рафтан даррасид. Ҳарчанд лабу дандони рӯз ҳанӯз хандон аст, гузаштани пайроҳаи кӯҳӣ на он қадар осон аст!
— То Хуҷанд масофат дур аст?
— Шояд ки ду фарсанг роҳ бошад, ё андаке бештар…
Шарофиддин ба канизаки гулрух ду дида сурх кардаю хастагию шалпарӣ баҳона сохта, хоҳиш намуд, ки боз андаке биншинанд ва ғубори дил тоза кунанд. Соҷида бо ӯ ҳамфикр буданашро соддалавҳона ошкор кард:
— Пайроҳаи кӯҳӣ бехатар бошад? Агар шағол ё гурге дучор ояд, чӣ кор мекунем?
Саъдӣ хандид ва гуфт:
Гарат бо мо хуш афтодаст, чун мо лоуболӣ97 шав,
На ёрон маст хезанду на ту мастур биншинӣ.
— Байти хуб гуфтед, устод. Акнун латифае ба миён оваред, то духтарон завқ баранд.
Саъдӣ норозиёна сар ҷунбонд, аммо сухани дӯст нашикаст: