Рӯи хубат нури чашми одам аст!
Некӯӣ ба чеҳраи ту ҳамраҳ аст,
Хубрӯӣ бо ҷамолат ҳамдам аст!
Ҷаннат аз акси ҷамолат хушдил аст,
Олам аз ҳусни хаёлат хуррам аст!
— Ин шеър эҷоди худатон?
— Порсол аз Зиёуддини Хуҷандӣ хоҳиш карда будам, ки махсус барои ту аз номи ман шеъри нағз нависад, то пайғом фиристам…
— Зиёуддин озодмардест бошараф ва некшеър! — гуфт бо лабханд Нигина. — Меҳрномаи хуб аст, сипос дорам.
Мирмалик аз хушҳолӣ ангушт ба ангушт зада, инони хештандорӣ ва шарм андаке раҳо карду ба чодари Нигина даст расонда, булбули шайдо шуд:
— То ба имрӯз медонистам, ки чобуктар аз кабутари ҳарам ба ҳама олам ҳунарвар нест ва ҳар гоҳе чун кабки дарӣ ба рақс ояд, тарабу роҳату шодӣ физояд. Имрӯз донистам, ки зеботар аз ту ба ҳама гетӣ ҳарирандом нест!
Эй орзуи ҷонам! Дар орзуи онам, ки гуле аз боғи васлат чинам!!
— Дилаздастрафтаи ман! Бовар надорам, ки шери Хуҷандро нафси бахил бар ақли нафис ғолиб ояд.
— Булбули боғи тарабро ба ақли нафис чӣ кор?! Дод аз ин зулфу абрӯи шикасту микаст! Пештар биё, ҳамдигарро сер бинем!
— Аз шитоб дурӣ ҷӯед, эй булбули шӯрида! Соате пеш аз дурии шумо худро ғариб медонистам, агарчӣ дар ватан будам… Баробари шуморо дидан гумон кардам, ки офтоб ба кулбаи эҳзон даромад! Худро аз Махдумаи ҷаҳон зӯртар ҳис кардам…
— Ту дигар бекасу ғариба нестӣ, эй маликаи дили ман! Ту Маликаи Тирози ҷаҳони манӣ!!
— Хубаш, малак103 гӯед. Тирози ҷаҳонро шумо Малик, ман — Малак!!
Санъати ман бурда аз малик шикеб,
Рақси ман афсуни малоикфиреб…
— Оре, ту малак астӣ, эй бадри Ворух! Фариштае дар сурати одамӣ ту! Агар ишқи фаришта гуноҳ аст, ман малики гунаҳкорам…
— Чӣ хушбахтӣ! Имрӯз ду бузургвор маро фаришта гуфтанд ва калимаи ишқ ба забон оварданд!
— Боз кадом бузургвор?
— Саъдӣ.
— Кадом Саъдӣ?!
— Шоир Саъдии Шерозӣ, ки аз асилони Аҷам аст.
— Оре, бузургвор аст Саъдӣ! Шеърашро мепарастам ва ба номаш арҷ мегузорам. Вайро дар куҷо дидӣ?
— Мо ҳамроҳ кӯҳи Рухакро гузашта, ба шаҳр омадем… Раҳмат ба хуҷандиён, ки моро хуш истиқбол карда, некӯ фуруд оварда, манзили босазо дода, мизбонии шигарф карданд.
— Меҳмоннавозӣ одати мост. Акнун бигӯй, ки Саъдӣ туро дар роҳ фаришта гуфту ишқ изҳор кард ё дар ин хона?!
– Ҳама шоирон ошиқпешаанд. Пиру барно бо шеъри онҳо ишқ меварзанд ва коми дил ба даст меоранд. Сайфуддини Исфарангӣ ҳам муҳаббатзада асту ошиқниҳод…
— Дарвоқеъ, ҳоло вай дар куҷост?
— Дар Исфара. Шояд фардо ба Хуҷанд биёяд. Саъдӣ гуфт, ки бо ибтикори Зиёуддин дар Хуҷанд маҳфили шоирон ороста мешавад…
— Субҳоналлоҳ! Ин шоирон одамҳои аҷоибанд! Бе иҷозати ҳокими шаҳр ҳар чӣ хоҳанд, мекунанд.
— Ин ҷиҳати масъаларо ман намедонам…
– Ҳоҷате ба ташвиш кашидан нест. Агар пагоҳ дида ба дидор расад, пурсупос мекунем. Ту одати манро медонӣ, ки ба шоирон ҷафо намекунаму ба онҳо таваҷҷӯҳ дорам. Ба шарте, девонагӣ накунанд…
— Шоири ошиқпешаро девонагӣ тӯҳмат бувад…
— Малики ошиқпешаро чӣ? Ман чӣ бад кардам, ки аз назари ту дур афтодаам?
Нигина лаҳни ранҷишро шунида, оҳанги каломи худро нарм кард:
— Шумо ҳеҷ вақт аз назари ман дур набудед ва ҳамеша чароғи чашму офтоби дили ман ҳастед!
— Ташаккур, эй Нигини дилам! Шукри Худои ҳақ таъоло мегӯям, ки шоҳзода Ҷалолиддин вазифаи кафтарбонӣ ба ман супорид ва бифармуд, то кабутари ҳарамро аз Чингиз ва дигар бадхоҳон чун гавҳари чашм эмин дорам.
Наргиси фаттони Нигина ороста аз сурмаи ноз шуд. Аз шарбате, ки болои хонтахта меистод, чошнӣ карду пиёлае ба Мирмалик дод:
— Нӯши ҷон кунед, эй садри мӯҳтарам — нигаҳбони кабутари ҳарам!
Гулоб нӯшеду гулчини сухан шунавед. Бовар кунед, дар дил ба шумо ҳарфи гуфтанӣ бисёр дорам. Вале имкон набуд, боре бори дил сабук гардонам. Ночор бо ранҷу алами умрфарсо тоқат мекардам. Акнун парда аз рӯйи асрори муқаддас андаке бардошта, баръало мегӯям, ки шумо… фақат Шумо, эй ифтихори Хуҷанд, маро алифбои ишқ омӯхтаед:
Ҳанӯз наргиси сероби ман надида ҷаҳон,
Ҳанӯз савсани озоди ман надида чаман.
Ҳанӯз ночида аз бӯстони ман кас гул,
Ҳанӯз ношуда сер ин лабони ман зи лабан…
— Гуфтори хушу лафзи ангубин аз ширинлабон писанди ҳамагон аст. Он чӣ гуфтӣ, ба сидқу савоб пайваст бувад. Ман ҳам сухане дорам аз ту ба ту, ки бо гӯши дил бишнав. Аз китобҳо хонда будам, ки дар роҳи ишқ мард бояд буд ва бо дили пурдард бояд буд. Зеро ишқ бемориест, ки онро даво нест ва кори ошиқ ҳар рӯз ба муддао нест. Вақте дар аспрези Исфара бори аввал туро бо чашми ошиқӣ дидам, нимхандаи ширину нимнигоҳи ҳушрабоят, аз паси чодир чун моҳи мунир намоён шудани рухи тобонат ақли нопухтаро гудохт ва дили наворзуро ба шӯр андохт.