Мирмалик ҳарчанд кӯшид ва овоз баланд барангехт, Нигина розӣ нашуд. Абрӯ дарҳам кашиду бо шиддати тамом гуфт:
— Ман мастурӣ ба тарсуӣ нафурӯшам! Агар зино мехоҳед, якбора ханҷар дар дилам занед!! Синаам бишкофеду коми дил ба даст оред!!!
Агар аз азоби рӯзи қиёмат натарсед, аз Худои азза ва ҷалла эҳтиёт бошед, ки ҳозир асту нозир асту қодир асту бино ва шунаво! Савганди шумо дар арши аъло шунида шуд. Аз савганди шумо Пири бузургвори мо огаҳӣ ёфтанд. Акнун то ақди никоҳ баста нашавад, лоақал як бӯса бар мо раво набувад!! Нею агар боз гарданшахӣ кунеду дасти таҷовуз дароз кунед, қасам ба Худо, худро бо заҳри ана ин нигини дастам мекушам!
Нигина даст ба даҳон наздик оварду гӯё ба сари Мирмалик як машк яхоб рехт. Саросема оринҷи ӯро маҳкам дошту бо табассуми тайиб сар ҷунбонда, дасти дигар боло бардошт ва сулҳомез гуфт:
— Ман таслим. Ҷонам тасаддуқи ту, эй ҷони ширин!! Бигзор гапи ту гапи ман шавад:
Дар риштаи ақд баста бошем,
То ҳар ду ба ҳам ҳуҷаста бошем!
Субҳи солеҳон пеши пойи Пири Бузургвор меафтам, то хутбаи никоҳи мо бихонад.
* * *
Шайх Маслиҳатдин, ки сар ба муроқаба105 фурӯ бурда буд, садри Хуҷандро муддате маътал дошту пас аз саломуалейк ба паҳлӯи худ шинонд ва бо табассуми обӣ гуфт:
— Аз ровиёни ахбор шунидам, ки ошиқони дидору гуфтори якдигар аз сари шаб то вақти хуфтан гулу булбули бӯстони Хуҷанд шудаед.
— Мо қарор кардем, ки то дами вопасин шодию ғам бо ҳам бинем…
— Бале, воқифам, ки баъди савганд ба сулҳ қарор афтод. Хуб кардед, ки зишту хуб аз ҳам ҷудою хайру шарр бо адлу хирад ҷо ба ҷо гузоштед ва ному номусро ба гӯшаи бешарафӣ наниҳодед. Ҳаргиз нахоҳам, ки ҳар ду ба нохубӣ дар ҷаҳон овоза гардед.
Донам, ки ту садри шергирӣ,
Бар оҳуи худ макун далерӣ!
– Ҳазорсола шавед, Пирам! Баъде ки маҳрами дил шудем, ба хулосае омадем, ки… маҳрами тан шавем…
— Маҳрамият борбардори нишоти офият аст! Ёрони ҳамранг ва ҳамсанг ҷуфти сазоворанду мо тартиби куфру имон ва ойини кешу насабро риоят карда, нияти хайри дилдодаҳоро ба анҷом мерасонем. Аммо на имрӯз! Як рӯзи дигар сабр мебояд…
— Чаро?
— Сешанбе нофи ҳафта асту барои никоҳ нофеъ нест, бахти нофарҷом ба бор орад. Аммо пагоҳ чаҳоршанбеи муродбахш асту рӯзи понздаҳум, моварои моҳи раҷаб — явмулистифтоҳ аст. Яъне рӯзи кушоиш талабидан, ибтидои амали нек. Дар ин рӯзи муборак дарҳои осмон ва Каъба барои қабули дуо ва арзу ниёз кушода мешаванд.
Маслиҳат ин аст, ки пас аз дидани рӯйи мубораки фарзанди нав ва иёдати модари азиятдида, ки чашминтизорӣ мекашад, бо чеҳраи кушод ташрифи шоирону дӯстонро муборак мехонӣ ва ба шукронаи тавлиди фарзанд шоиста зиёфат медиҳӣ. Зеро некӯӣ намудан ба дилҳо роҳ ёфтан асту дилнавозӣ кардан ба хушнудӣ шитофтан! Хушнудӣ ёри туву ёри ёри ту бод!
Равзанаи шашум. Мавҷу авҷи нағмаҳои булбулон дар сабқати як гулу сад харидор
Мирмалик монанди шамоли форами саҳарӣ аз соҳили дарё ҷониби маҳаллаи Мирзоён вазида, бо ҳадяи гаронбаҳо дили ҳамсарашро шод гардонду аз дидани ҷамоли навруста дили хеш фархунда сохт ва дояро низ инъоми навраҳон бахшид. Ин бевазанак аз табори Турконхотун, ки ҳамрикоби Ойчечак барои парасторӣ ба Хуҷанд фиристода шуда буд, чун соя аз дунболи кадхудо берун баромада, баъди арзи сипос бо оҳанги пӯзиш гуфт:
— Эй шаҳриёри муаззам, маро маъзур доред, ки ду-се даҳан гапи пароканда дорам.
Мирмалик хоҳиш пазируфт ва ба лаби кат нишаст.
— Хуб кардед, ки дили озурдаи маликаро бардоштед, эй соҳибкарам! Кадбонуи хонадонатон аз дирӯз дар хумори дидор ва гуфтори шумо чашм бар роҳ буданду дилтангӣ мекарданд…
— Шоҳаншоҳи оламро то сесӯ гуселонда, дер баргаштему аз аёдати шабҳангом ҳазар кардам.
— Шумо, ки дар мақоми баланд истодаед, ба ҳоли мо механдед? Кай ба Хуҷанд расидану дар ошёнаи Нигина чӣ кор карданатонро аллакай ними шаҳр медонад! Вақте малика фаҳмиданд, ки баробари шунидани номи Нигина ақл аз сар нақл карда, ба дигар ҷониб паридед, ончунон бошиддат гиристанду нолиданд, ки гумон кардем, дубора дарди зойиш азоб медиҳад! Аз чашми модари навзод он қадар оби ҳасрату надомат ба чеҳраи тифл шорид, ки гумон кардем, ба покшӯӣ ҳоҷат намонд. Сипас сад хор-хор дар ҷигари малика афтод ва аз синаи пурдард ҳамагӣ як ҷумла берун баромад: «Худоё, чашмаш намак гирад!»
— Чашми кӣ?!
— Чашми Нигина, ки некиҳои Ойчечакро дар Ғӯрганҷ фаромӯш карда, дар Хуҷанд бадбини малика шудааст. Илоҳо, ҳеҷ ба муддаояш нарасад!