Мирмалик бо ишораи даст Нигинаро ба паҳлӯяш хонду бонувони курсинишинро нишон дода, ба нармӣ гуфт:
— Туро ин ҷо овардам, ки маслиҳате кунем ва хулосае барорем, то дили нозукат озор наёбад. Чӣ мегӯӣ, агар туро ба тахти панҷум шинонам ва беҳтарин надимаи роҳатбахши худ гардонам?
— Бар надимӣ даст барафшонда, аз Ғӯрганҷ ба Хуҷанд расидам, то дилбари ҳамхоба нашавам ва дигар нарақсам. Агар…
— Кифоя! Дигар ягон ҳарф нагӯ, ки зиёдатист! Он пурсиш барои санҷиш буду нияти аслии ман дигар аст.
— Чист?
— Бо забони худат гуфтӣ, ки ба ман покгавҳар шоҳписар ҳадя мекунӣ! Бо шунидани ин сухани заррин сарам ба осмон расид. Ту ҳаргиз надимаю раққоса намешавӣ! Ту модари шоҳписари ман мешавӣ!!
Рафтем ба суроғи Шайхбобои шарикӣ! Худои таъоло мефармояд, ки дар амри хайр дигар ягон лаҳза таъхир накунем. Туро ҳамсари ҳалоли худ карда, вилоят ба ту бахшам ва ҳама боигарӣ аз сарат пошам…
* * *
Дар чоршанберӯзи муборак ва таборак Шайх Бадеуддини Нурӣ малак ба никоҳи малик даровард ва коми дили ҳар ду баровард. Шоҳмуроду Сабзалӣ шоҳиди Мирмалик шуданду Саодату Раъно дар паҳлуи Нигина истоданд. Қабл аз иҷоби арӯс ва қабули домод Саъдӣ муғамбирона чашмак зада, байте хонд:
Писарро нишонданд пирони деҳ,
Чу меҳрат бар ӯ ҳаст, маҳраш бидеҳ!
Мирмалик ишоратро фаҳмид ва бо лутф ҷавоб гардонд:
— Хуш арӯсест дар ҷаҳон, умри худ кобин диҳам!
— Намешавад! — хандид Сайфуддин. — Дар Исфараи мо матои маҳри арабӣ ва кобини порсӣ аз сухан намебофанд. Миёни ду фард агар ақде шавад, дарҳол нақде ба он пайванд мегардад. Дар китоб омадааст, ки шоҳдухтари исфарангӣ Бонуро аз баҳри Нӯҳ ибни Мансур хостанд ба маблағи сад ҳазор динор кобин!
— Сад ҳазор динор пеши бонуи ман қадре надорад! — боғурур луқма партофт Шакархонум. — Вайро молу ашё чандоне ҳаст, ки ҳеҷ кобине, интухин, нахоҳад…
— Сухан бисёр аст, аммо мувофиқи шариат пули нақд ва молу матоъ, ки дар вақти никоҳ ба зиммаи домод муқаррар мешавад, бояд мушаххас бошад, — гуфт бо оҳанги қатъӣ Шайх Маслиҳатдин. — Ё бунаййа109 Мирмалик ибни Мирраҳмат, ту Нигина бинти Абдулсайидро бо маҳри даҳ шутур молу ашёи аълосифат ва симу зар, ҳавлию чаҳор хона ва даҳ ғулому канизак хостӣ ва қабулаш кардӣ ба занӣ?
— Хостам ва қабулаш кардам! — дарҳол посух гардонд Мирмалик.
Шайх Маслиҳатдин ба арӯс рӯ овард:
— Ё бунаййат Нигина бинти Абдулсайид, ту нафси шарифа ва гавҳари гаронмояи хештанро бо маҳри муқарраршуда бахшидӣ ба Мирмалик ибни Мирраҳмат?
Баъди пурсиши сеюм шоҳидон посухи арӯсро баръало шуниданд:
— Бахшидам…
Шайхи Бузургвор дасти дуо бардошту ду ҷумла амри маъруф кард:
— Мақоми имону муҳаббат дар дил асту ақл дар сар, шарм дар чашм ва қувват дар устухон. Ҳар мақоме гиромӣ дореду ба ҳамдигар суханони муҳаббатомез, калимоти садоқатангез ва каломи ҳақиқатфарҷом гӯед, то дар дилҳои шумо дӯстию вифоқ110 мустаҳкам падид ояд…
Баъди табрику таҳният Пири равшанзамири Хуҷанд ба шоирони муҷаррад ба чашми кунҷковӣ нигоҳ гуморида, маслиҳатомез гуфт:
— Агар ба гулрухе назари гарм доред, фошофош бигӯед, ки фурсат мусоид асту бикӯшем, то дар рӯзи истифтоҳ кор ба муроди шумо якрӯя шавад.
Шамси Ҳола шитобон аз ҷой хест:
— Ба ман гуфтанд, ки ҳар чӣ ба хотири шумо бигзарад, дафъатан ба миён ояд. Бо умед мегӯям, ки назари гарм дорам, ғайратам ҳаст, вале иқтидорам нест…
Сайфуддин бадоҳатан гуфт:
Зи шарми ту чу ҳаво об мешавад суханам,
Ба хатти умдаи мулки камол-Шамсуддин.
Ба ҳеҷ касе надиҳам духтарони зодаи табъ
В-агарчӣ ҷон диҳад аз баҳри ҳар яке кобин!
— Ман ҳам қудрат надорам, ки маҳр пардозам, — бо овози хаста арзи ҳол кард Шарофиддин. — Акоям панҷ сол боз чӯпонӣ мекунад, лекин нисфи маҳри духтар ҷамъ накардааст…
Саъдӣ бо оҳанги тамасхур гуфт:
— Маро низ маҳр набувад, ки нақд бидиҳам. Худи ҳозир дар васфи Зебосанам қасидае мегӯям, ки ҳар байташ ҳазор динор арзиш дорад, вале ҳукми шариат дигар аст, нақд бигиру даст аз насия бидор!
Дӯстон дар ҳавои сӯҳбати ёр
Зар фишонанду мо сар афшонем…