— Суханҳои ҳасана гӯед, модарҷон…
— Наметавонам… Агар Чингиз ояд, ҳоли фарзанду набераҳои ман чӣ мешавад?! Пирам Подшоҳмарди Валӣ гуфтанд, ки дар навбати аввал мулоҳизаи ҳоли занону кӯдакон кунем, вале гап нотамом монд… Ман нагирям, кӣ мегиряд?!
— Зиқ нашав, эй фарзанди азиз! — бо тараҳҳум ба модару писар нигариста, Шайхи ҳамабин хост Мирмаликро аз вазъи ноҳинҷор берун орад. — Ҳар гоҳе ойинаи ҷаҳон ғуборолуд шавад, пеш аз ҳама табъи модарон хира мегардад…
Модар дуруст мегӯяд, ки гапи ман нимкола монд. Чунки ҳамаро воҳима пахш кардаасту бори басо гарон аст тарсу ваҳм ва дар талвосаю талотуб баъзан гапи зарурӣ ношунида мемонад. Аммо ту ҳамеша ҳушёру бедор бош, эй шаҳриёр ва ба умқи каломи модар сарфаҳм рав, ки вай аз тақдири набераю духтаронаш сахт хавотир буда, онҳоро ба ҷойи бехавф кӯчондан мехоҳад…
— Ин кори ношуданӣ! Шармандагӣ! Мардум чӣ мегӯянд?! «Вой бар ҳоли шаҳриёри буздил, ки аз ҳайбати Чингиз тарсида, зану кӯдаконашро гурезонд!» мегӯянд. Лаънат мехонанду нафарин мекунанд… Ман дар ҳавои некномӣ зиндагӣ дорам, на шармсорӣ!
— Аз шармандагӣ Худо нигаҳ дорад, писарам. Лекин эҳтиёткорӣ зарар наорад.
— Оре, дурандешию борикбинӣ ва мулоҳизакорӣ сифати ҳамидаи сарварони хурду бузург аст. Дар китобҳо навиштаанд, ки «инда-ш-шадоида тазҳабу-л-аҳфод», яъне, дар тангиву сахтиҳо наберагон ҳам фирор мекунанд. Ин иқтибос барои он овардам, ки марди асил ҳақ надорад дар лаҳзаҳои пурмашаққати ҳаёт зану фарзанди худро ба сахтию хору зорӣ танҳо бигзорад. Бо сахтдилон сахтӣ кардан шиори марди асил аст, на бо модару зану кӯдакон…
Мирмалик лаҳзае ором истода, зеру забари суханҳои пандомези Пири муаммари худро бо камоли нуктасанҷӣ таҳлил карду бо тамкини хос гуфт:
— Нофизфармон116 шумоед, Пирам. Ҳар чӣ дастур диҳед, ба ҷон қабул дорем.
– Ҳар лаҳзаи зиндагӣ, ҳатто агар ногувор бошад ҳам, ширинии хоси худро дорад, — Шайх Маслиҳатдин бо нимханди гуворо ҷониби тифли навзод нигарист. — Бибӣ Гулсимо аз ояндаи набера дар ташвишу ман аз имрӯзу фардои абера ноором, ки ҳар ду як тифли ҳафтрӯза — Мирмӯҳсини хандонлаби аз дунё бехабар, писари Мирмалики азизи мост ва дар бағали модараш Нигина ором хобида, суханҳои пасту баланди моро бо лабханда гӯш мекунад. Рости гап, агар ду маротиба хостгор шудани Чингизхонро намедонистем, шояд ин қадар ба изтироб намеафтодем. Ин ҳақиқати талхро ва кинавару ниқорталаби ашаддӣ будани хони муғулро, ки медонем, тадбири дуруст меҷӯем. Аммо ҳеҷ не ки ёбем…
— Бобоҷон! — бехуд овоз баланд кард Нигина ва дарҳол ба худ омада, узромез ангушт бар лаб гузошту ҷониби Мирмалик нигарист ва чун дид, ки ӯ омодаи шунидани давоми сухан аст, далертар шуд. — Агар иҷозат бошад, як даҳан гап дорам…
Мардон бо ишораи сар рухсат доданду Очаи Гулсимо бетоқатона «Гап зан, духтарҷон!» гӯён Нигинаро ҳадаҳа кард.
— Намедонам, ин расму одат дар Хуҷанд ҳаст ё не, лекин дар Ворух аз қадим як урфу қоидаи мусулмонӣ ҳаст: ҳафт зану духтар аз аҳли байти домод дар бистрӯзагӣ кӯдакро аз манзили падарӣ ба хонаи модараш мебаранду инро чиллагурезон мегӯянд…
— Чиллагурезон одати қадимаи хуҷандиҳо! — баробар нидо карданд бонувон. — Дигарҳо аз мо ёд гирифтагӣ!
— Ин анъанаи қадимаи ориёӣ, — лаб ба тафсир кушод Бибӣ Гулсимо. — Дар Самарқанду Бухорою Ҳироту Бадахшону ҳама шаҳру рустои тоҷикнишин риоя мешавад. Фақат ҳар маҳал вобаста ба шароиту имконият шумори рӯзро пешу қафо бурдааст. Мо, хуҷандиҳо, тифл даҳрӯза шудан ҳамон «аз нӯҳ гузашт-аз кӯҳ гузашт» гӯён, чиллагурезон мекунему баъд гаҳворабандон…
— Чӣ хел нағз! — аз хурсандӣ гул-гул шукуфт Нигина. — Мо ҳам чиллагурезон мекунем?
— Албатта! — фасеҳу бурро ҷавоб гардонд Мирмалик ва ҳама фаҳмиданд, ки ӯро изтироби дилаш ба якборагӣ фурӯ нишаста, хотири шариф осуда гаштааст. — Модарҷон, шумо зану духтарҳои ба чиллагурезон мерафтагиро муайян кунеду аз паи либосу ҷиҳози урфӣ шавед, Сабзалӣ аспу ароба омода месозад.
Шаҳриёр лаҳзае таваққуф карда, ҳозиринро сар-сарӣ нигаристу Шоҳмуродро пеши худ хонд.
— Бародарам! Қофилаи чиллагурезонро то Ворух бурда, ба дас-ти Очанурӣ месупорӣ. Ба бобои Мирмӯҳсин — усто Абдулсайид дуруди маро мерасонию беҳтарин дуредгарҳои ворухиро интихоб карда, ҳамроҳ меоред. Бигзор Бобосайид ба ҷойи набера дар мудофиаи Хуҷанд саҳм гузораду ҳунарашро ба киштисозӣ сарф кунад…