— Барои он ки Мирмӯҳсин мафқуд нашавад, ту бояд мутанаккир шавӣ! — гуфт бо ҷиддияти том Мирмалик ва сипас оҳанги гуфтор мулоим кард. — Азбаски сухани сабук хоколуд аст, аз лафзи кӯчагӣ ҳазар дорам. Акнун он ҷумларо бо лафзи хуҷандӣ шунав: э занак, барои он ки бачата аз бағалат кашида нагиран бидӣ-бидӣ накада, дарров афту башарата мардона када, алакимчихел анҷоми дигархелак пӯш, ки ягон бетутуруқ нашиносадат.
— Барои чӣ??
— Дар урфият «аз бало-ҳазар» мегӯянду ҳусну ҷамоли зебо ҳамеша офати ҷон аст. Туро, ки ҷони манӣ, мебояд сахт эҳтиёт кард. Зеро ба ман гуфтанд, ки Аҳмадаки баззоз Нигинаро ба Чингиз бахшида, авлоди худро наҷот додан мехоҳад.
— Наход?! Чаро он аблаҳро сазовор ҷазо намедиҳед?
— Барои гуноҳи нокарда ҷазо муқаррар нашудаасту дар ҳама ҳолат аз эҳтиёт гузир нест. Яъне ту бояд ҳатман мутанаккир шавӣ. Ана акнун фаҳмидӣ?
— Фаҳмидам ва итоат мекунам. Аммо чӣ гуна мутанаккир шуданро намедонам.
Нигина бо дастури Мирмалик куртаю шалвори мардона ва пойафзоли сабуки чармӣ пӯшида, ҷавшани ҳалқа-ҳалқа ба тан кашиду кӯлоҳи ҷангӣ дар сар ниҳода, сипаре бар китф андохт ва шамшере ба миён овехт. Чун ба оина нигарист, рӯёрӯи хеш навкари наврасе дид мавзунқомат ва чеҳрахандон. Завқ бурду гуфт:
— Эй Малики дилам, аз мӯйлаби зебои худ андаке ба орият намедиҳед, то маро низ савлат аз саблат124 шавад?
Мирмалик аз лутфи гарму завқнок хушҳол гашта, сартарош даъват кард. Вай аз халтачаи махсус чанд мӯйлаби сохта берун оварда, чену барчин намуд ва зебандаашро болои лаби Нигина часпонд ва қиёфаи ӯ тамоман тағйир ёфт. Суханаш ҳам дигаргуна садо дод:
— Ман дигар на кабутарам, на кабки дарӣ ва на оҳуи кӯҳӣ! Гурдофарид ман! Маро асп биёред, ба ҷанги Чингиз меравам!
— Эй гиромитар аз ҷонам, ту акнун оҳуи айёр шудӣ! Яъне, оҳуи мардафкан ту! Бикӯш, то пурамал бошӣ, на пуралам. Асло аз ёд набарор, ки ҷавонмард дарёсту бахил чун ҷӯй, моҳӣ аз дарё талаб, на аз ҷӯй!
Ҳозир ҳамроҳи чанд сарбоз ба соҳил мебароеду аспсавор аз шаҳр берун меравед. Бовар дорам, ки ҳеҷ кас туро намешиносад ва бегазанд то Маҳрам мерасед. Он ҷо ҷавонзане бо кӯдакаш дар ароба шуморо интизор. Кӯдакро гарм ба оғӯш гирифта, беозор то Исфара мерасонию ба дасти бародархондаам Сайфуддин месупорӣ. Ту он ҷо мемонию ҳар сухани шоирро хоҳарвор эҳтиром мекунӣ. Гапи вай гапи ман аст.
— Мирмӯҳсин чӣ?! Вай дар Кулангир мемонад?!!
— Ошуфта нашав! Он кӯдаке, ки дар Маҳрам интизори туст, Мирмӯҳсини мост. Аммо ҷавонзан дояи нави ӯст. Мавлудабону дар Кулангир дигар кӯдаки нимсоларо ҳамчун фарзанди мо парасторӣ мекунаду Аҳмадак ва ёронаш, ки ба қалъа омадани туро дидаанд, гумон доранд, ту фарзандро ба доя гузошта, дар қалъаи обӣ бо шавҳар айшу ишрат меронӣ…
— Аҷаб ҳилаи оқилона андешидаед! Лекин чаро барвақттар маро огоҳ накардед, то ҳамаҷиҳата омода шавам?
— Хомӯшии маро то ба акнун сабаб он аст, ки кай омадани муғулҳо барои интиқомситонӣ маълум набуд. Ҳоло ки душман дар наздикист, агар маро бишканад, лобуд рӯй ба шумо меорад. Яъне, дигар ҳоҷати кашолкорӣ нест, вақти истихора аст! Маъзурам дор, агар дар ҳолати изтирор ягон каломи носазо гуфта бошам.
Боз омадан зи рафтани хуршед дур нест,
Гар умр боқист, дида ба дидор мерасад.
Ман ҳамеша бо ёди ҳар дуи шумо зиндаам. Алмудом барои мағзи ҷигарам ва нури басарам сина сипар мекунам ва аз даргоҳи Парвардгори меҳрубон бехатарӣ мехоҳам. Алвидоъ намегӯям. Хайр, паноҳатон ба Худо…
Нигина бо изтироб аз ҷой хест, вале бо табассуми зӯракӣ хайрбод карду бо умед рафт…
* * *
Суроби Нигина аз назар пинҳон шудан ҳамон селаи лашкари муғул монанди гургони гурусна, ки рӯй ба сайди оҳу ниҳанд, чанги хок аз кӯҳ болотар бардошта, дар соҳили рости Сайҳун чун мӯру малах намудор гардид. Сипоҳиёни камондор рада ба рада дар соҳили дарё саф оростанду аз паси майсара гарди азим бархост. Чун ғубор паст нишаст, чандин ҳазор марди ҳашарӣ чӯбҳои дарозу кӯтоҳ ва ғафсу борикро кашолаю шохмола карда, лаби об оварданду чолокона ресмонбанд намуда, барои аз дарё гузаштан амуд месохтанд. Мирмалик дид, ки онҳо аз ҳарби нобарори Улоқ Нуён сабақ омӯхта, бо тайёрии ҳамаҷиҳата омадаанд ва барои ба соҳили дигар гузаштан шитоб доранд, бифармуд, то ҳашт сафинаи ҷангиро тезҳол ба шино оранд. Чобуксаворони ташнаи муҳориба ҳама баробар даст ба камон бурданд ва дар ҳуҷуми аввал дигар силоҳ кор нафармуда, ончунон бошиддат тир боронданд, ки сипоҳи муғул мисли тут ба замин рехт.
Хасми ҷаҳонсӯз бадҳол ва тирарӯз гашт. Аммо пинаки Ҷағатой хам нахӯрд. Бо амри вай садҳо сипоҳии дигар камону алам бардошта, худро ба соҳил расонданду ҳазорон ҳашарӣ амадсозиро идома бахшиданд. Мирмалик низ шиддати ҳуҷум паст нагардонда, ду киштии дигарро ба ҳаракат оварду ҷавонмардони ҳузарб ҳамлаи гарм оварда, бо манҷаниқ ба сари ҳашариён оташ андохтанд. Ғарами чӯби хушк мисли тароша аланга гирифта, дуди ғализи ресмону либосу ҷасадҳои сӯхта ба чор тараф паҳн шуду Чағатойро нафастанг гардонд. Вай, ки марди беақлу бесиёсат набуд, бо чашмони танг, аммо дурбини худ баръало медид, ки лашкари сершумораш пеши тиру камони гурдони хуҷандӣ ларзон шудаанду ҳашариёни сарсахт чун мум пеши оташи сӯзон об мешаванд. Аммо «филҳои дарёгарди тилисмшуда» безарару бехалал пасу пеш ҳаракат карда, беамон ҷонситонӣ мекунанд. Фаҳмид, ки масофи рӯзи аввалро бохтааст. Аз ҳамлаи дандоншикан вуҷудаш ларзид. Бо душворӣ дамзах зада, лашкари хеш қафо кашид. Ин кораш аз ноилоҷӣ буд, вале барояш манфиат овард — талафот камтар шуду аз таънаю маломати сахти падар худро халос кард…