Шаҳриёри Хуҷанд, ки акнун битамом сипаҳсолор буду худ сафороӣ карда, рафти муҳорибаро сарварию чун нақиб мушоҳида менамуд ва ҳам мубориз буду ҳам тирандоз ва паҳлавони шамшербадаст, пас аз ғуруби офтоб бо дусад ҷавонмарди ҳузарб муҳайёи ҷанг шуд. Чун шаб аз нисф гузашт, ду киштиро аз маъбари махсус — гузаргоҳе як фарсанг поёнтар ба соҳили муқобил наздик овард, то аз ақибгоҳ шабохун занад. Лашкариёни муғул, ки аз ҷониби кӯҳ хавфу хатареро интизор набуданд, бепарво мехуфтанд. На посбон буду на нолидани шабгард, на ранҷи талоя буду на ҳаёҳуи зилзилаи лашкаргоҳ — ин ҳама заруриёти мудофиавӣ дар пеш ва чапу рости лашкар вуҷуд дошт. Ҷавонмардони сахтбозу, ки фақат найзаву шамшери алмосгун доштанд, дар шаби бағоят тираву торик намунаи рӯзи қиёмат зоҳир карданду хуфтагонро бедареғ тӯъмаи теғ гардонданд ва дар фурсати хӯрдани як нони танӯрӣ қариб ду ҳазор муғулро ба дӯзах фиристоданд. Замин аз хуни душман нам кашиду доду фарёди захмиён ва талвосаи ҷонканӣ ба фалак печид. Хуфтагон бедор шуда, гарангогаранг худро ба ҳар тараф мезаданд. Аммо аз ҳамлавар нишоне набуд, зеро айёрони шабкор тибқи дастурамали соҳибқирони хеш «ҳазимати баҳангом — ғанимати тамом» амал карда, аз пастхамии селкофта ноаён ҷониби дарё тохтанду худро беталаф ба киштӣ расонданд, ки ба чашми душман тамоман нонамоён буд…
Ҷағатой, ки сарҳанги филпайкар буду Девдод лақаб дошт, дар як шабонарӯз панҷяки лашкарашро аз даст дода, бағоят девзада шуд. Насиҳати падар қабл аз сафар дигарбора дар гӯшаш садо дод: «Эй фарзанди пурҷигар! Туро бо ҳафтод ҳазор пиёдаю савораи ҷаррор ба Хуҷанд мефиристам, то шаҳри қадимаро бигирӣ, қалъаи Ирвесро бикушоӣ, қасоси Улоқ биситонӣ ва ба захми теғи оташбор аз ин диёри обод аз ободӣ осор нагузорӣ! Зинҳор, ки бедору ҳушёр бош ва бар тожикони мусулмон эътимод накунӣ. Хоса аз Мирмалик эҳтиёт шав, ки дар илми ҳарб ва далериву шабравиву кин хостан ба садо омадааст…»
Ба ҳақиқати суханҳои падар амалан бовар карда, ончунон маъюс гардид, ки базӯр нафас мекашид. Зеро ба чашми худ дида, бо ақли худ бовар кард, ки суханҳои Улоқ Нуйон дар бораи филҳои тилисмшуда сафсата нею ҳақиқат аст ва ин балоҳои сиёҳи рӯйиобӣ ба муғулҳо дарди сари бисёр меоранду дасти қудратманди ғазанфари Хуҷанд ҳақиқатан ҳам панҷаи филафкани шери жаён аст…
Номаи муфассали дардноке ба дасти худ навишту аз падар кӯмак хост ва дар рӯзи дуюми ҷанг як қисм сипоҳиёнашро аз соҳили тирраси дарё дуртар ҷойгир намуда, ҳашариёнро пеш андохту онҳоро маҷбур намуд, ки дар фосилаи як фарсанг125 аз даҳ ҷой барои убур кардани Сайҳун ҷадал намоянд. Ҳазорон ҳашарчии дигарро фармуд, ки аз кӯҳ санг кашонда, дар соҳили муқобили қалъаи обӣ ғарам намоянд. Панҷ ҳазор савораро бо сарварии Улоқ Нуйон ба тарафи офтоббаро роҳӣ кард ва фармуд, ки муқобили маҷрои дарё ҳар чӣ дуртар рафта, аз ягон ҷойи мувофиқ ба соҳили муқобил гузаранд. Ду ҳазор савораро бо сарварии Мангу Буқа тарафи офтобшинам фиристод ва амр кард, ки барои аз об гузаштан қадри имкон кӯшиш намоянд.
Мирмалик ин фармоишотро намедонист, аммо аз дидбонгоҳи баланди ҳисори обӣ, ки даҳ фарсанг бештар масоҳатро пеши назар меовард, ташвишу тараддуди муғулонро назора карда, нақшаву нияти Ҷағатойро тахмин муайян намуд ва ба навбатдор вазифаи мушаххас супорида, худ шитобон поён фуромад, то аксуламал мураттаб созад. Сафинае ба поёнобу ҳафт киштии дигар ҷониби боло роҳ гирифтанду тирандозӣ шурӯъ шуд. Ҳамзамон камонғӯлакҳо ба кор даромаданду санги бисёре бар сари ҳашарчиёни «роҳкушо» мисли жола фурӯ рехт. Дар они воҳид ранги тирафоми оби дарё арғувонӣ гашт ва мурдаю ниммурдаи зиёд чун хас дар болои об ба шино омад. Аммо ба дарё фурӯ омадани мардони қаддароз ва оббоз лаҳзае қатъ намегашт. Зеро ҳашариён басо сершумор буданду муғулон басо бераҳм ва муслиминро бедареғ ба марги яқин мефиристоданд…