Мирмалик, ки рафти муҳорибаро бо назари тадқиқ мушоҳида ва мулоҳиза мекард, дар паҳлуяш пайдо шудани Шоҳмуродро пайхас карда, бе муқаддима пурсид:
— Ёрони мо чӣ хел меҷанганд?
– Ҳар чӣ дар ҷаҳди одамист, баҷо меоранд. Вале…
— Чӣ?
— Адӯ чун мӯру малах беадад… Ҳарчанд дар набард дастбурди мо назаррас аст, мардуми шаҳр дар ҳаросанд, фарзанду молу матоъ ба рустоҳо фиристодан мехоҳанд.
— Тарси мардум асос дорад, он тарафи соҳил то кӯҳ — се фарсах бештар — пур аз сарбоз… Ман ҳам медонам, ки лашкари чун кӯҳро, бахудо, кас кам шикастааст… Лекин… то ҷон дорем, ҳарб мекунему истодагарӣ, то шаҳриён дар амон бошанд.
— Мардум ба шаҳриёри худ бовар доранд ва мегӯянд, ки садри мо ба доми ҳар хатаре андар наёяд ва дасти ҳар муштзӯре бар вай нарасад. Фақат Аҳмади баззоз ва думравонаш бадгӯӣ мекунанд…
— Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад! Чӣ гапи нав дорад Аҳмадак?
— Мегӯяд, ки имрӯз ё фардо муғул ҳисобашро ёфта, аз Сайҳун мегузараду ҳама лофи Мирмалик ба ҳаво меравад ва ҳоли шаҳр табоҳ мешавад…
— Ман чӣ лоф задаам?
— Оё гуфтаед, ки лашкари муғул ба ҳазор мард бизанам?
— Оре, гуфтаам. Ман ба размиёни сарсупурдаи худ бовар дорам!
— Мардум чун анбӯҳи лашкари муғул мушоҳида карданд, дар шубҳа монданд, ки садри Хуҷанд бо ҳазор сипоҳӣ оё тоқати муқовимат ва қуввати мусодамат дорад ё не?
— Мо аллакай дар дили душман ваҳми бисёр афкандаем… Агар лашкари рахнагарро саросар натавонем кушт, бегумон, дасташ мебуррем, то ҷангида натавонад!
— Дуруст мегӯед, эй шаҳриёр. Лекин тарсам аз он аст, ки агар гапи Аҳмади баззоз саҳеҳ бошад, бо ҳазор сипоҳӣ бар ду ҷабҳа бо душман ҳарб кардан мумкин нашавад…
– Ҷабҳаи дуюм куҷост?
— Кашшофон гапи Аҳмадро таҳқиқ намуда, фаҳмиданд, ки Улоқ Нуйон дуртар аз Хуҷанд гузаргоҳ меҷӯяд…
— Киштие фавран ба болооб равона мекунем. Тавре маслиҳат карда будем, ман қалъаи обӣ нигоҳ медораму ту шаҳристонро, лекин Сабзалиро бо ҳазор сарбоз ба Хистеварз мефиристем, то қад-қади дарё дар камин шинанду садди роҳи Улоқ шаванд.
— Фармон маликрост! Чун хасм аз ҳар канор меояд, ҳаматарафа омода бояд буд…
Пас аз нисфирӯзӣ манзараи муҳориба тағйир ёфт. Ягон ҳашарӣ барои дарёфти гузаргоҳ ба даруни дарё надаромаду ҳама ба сангкашонӣ сафарбар гардиданд. Лашкариён корфармо шуданду бо зарби тозиёна суръати ҳаракати корвони боркашҳои дупоро метезонданд. Гурӯҳе бо мадади каланду тешаю бел ва хоку лой рӯ ба рӯйи қалъа аввал сангдевори бузурге сохтанду худро аз тирборон эмин гардонда, сипас ба бунёди саркӯб — теппакӯҳи баланду паҳнбар шурӯъ намуданд, то аз боло ба ҳисори дастнорас бо манҷаниқ сангу оташ андозанд.
Мирмалик шунида буд, ки Ҷағатой сарҳанги тавоно ва доно асту бисёр ҳилаву найранги ҷангӣ медонад ва талафоту ҳамли бори гарон ӯро ранҷур намегардонад. Шояд дар шеваи ҳарб ҳиласоз буданашро ба эътибор гирифта, Чингизхон маҳз ҳамин писари худро ба шикастани қалъаи обӣ, нобуд кардани «филҳои тилисмотӣ» ва фатҳи Хуҷанд фиристодааст. Яъне, рӯ ба рӯи Мирмалик рақиби пурзӯру пуршӯр қарор дорад ва ӯро мебояд даҳчанд пурдону пурҷигар бошад, меҳтар ва беҳтар будани худро амалан исбот намояд, ба ҳар тазвири бад тадбири нек андешад, то хасми бадсигол барои интиқом маҷол наёбаду ёрони ҷонфидояш аз ҳар ҳалокатгоҳ ба саломат берун оянд.
Оре, ёрони фидокори Мирмаликро ҳар лаҳзаи гузарон хатари ҷон беш аз пеш таҳдид мекунад. Имрӯз онҳоро лозим меояд, ки аз коми дев коми дил ба даст оранд ва он девору кӯҳи сангин ба дарё чаппа гардонанд, то душман ба ҳисори олӣ газанде расонда натавонад. Яъне, бар ивази ҳар санги сиёҳ сари сабзе ба гарав ниҳанд. Аммо… магар осон аст дидаю дониста сар бар санг задан?! Баҳри иҷрои ин амали сангин чӣ қадар ҷасорат ва шуҷоат мебояд? Оё сарбозон худро ба коми аҷал меандозанд??
Сипаҳсолор ҳама андешаҳои худро ба гурӯҳи сесаднафараи сарбозон бепарда аён карду шарҳ дод, ки сафарбарӣ ба ин ҳамлаи пурхатар комилан ихтиёрӣ асту ҳар касе ба ҷонфидоӣ розӣ бошад, аз саф берун ояд. Аз нисф зиёди ҷанговарон бе ҳеҷ андеша довталаб шуданду ҷавонмарди шигарфу қавиҳайкал, ки ҷуфте кафш дар пой дошт ҳар яке нимманӣ, аз миёни таъмиргарони киштӣ чусту чобук худро ба ҳалқаи хоҳишмандон расонд ва бо овози баланд ба Мирмалик хитоб кард:
— Эй бузургвор! Аз ту мӯҳташамтар маро сарвар нест. Ту халифаи ман ҳастӣ. Илтимос, манро ҳамроҳат ба овардгоҳ126 бар!
— Эй озодмард, номи ту чист?
— Мардуми Румон маро Мирзои дароз мегӯянд.