Аз байн бардоштани чархи сангафкан кори осон набуд ва Мирмалик барои ҳалли ин масъалаи сарбаста хеле майна об кард. Зеро сатлу муҳаррику парраҳои аслиҳаи такимилёфтаи ҷангӣ аз филиз буду онро шикастан ё сӯзондан имконнопазир. Тирборони мусалсал ҳам манфиати беш надошт, чунки чархгардонҳоро садҳо сарбоз аз ҳама ҷониб бо сипарҳои нимдавра муҳофизат мекарданд. Ногаҳонӣ ҳуҷум оварда, чархро мисли сангдевор ба дарё чаппа гардондан ҳам амри муҳол буд — ҳазорон сипоҳи нарганишаста аслиҳаи фатҳоварро шабу рӯз бо дидаи ҳамешабедор посбонӣ менамуданд.
Мирмалик бечора монда, саргарми хаёлот ба арк баромад ва аз боло ба поён нигариста, роҳи ҳалли масъаларо ёфт! Фармуд, ки ба бурҷи баланд камонғӯлак бароранд. Чор ҷавони ҳузарб ним соат бештар азият кашида, асбоби дағалсохти вазнинро аз зинаҳои танги морпеч боло оварданд. Шаҳриёр бо салоҳдиди худ се санги баробарҳаҷмро ба бордон ниҳода, камонғӯлакро саҳле росту чап ҷунбонда, бодиққат нишон гирифту меҳварро пахш кард. Сангҳои якпудӣ мисли тири хаданг башаст аз боло ба поён парида, бехато ба нишон расиданду муҳаррик пачақ гашт ва дастаи чарх шикаст. Аслиҳаи қалъашикан аз кор монду санге, ки аз сатли боло бояд ҷониби ҳисори обӣ мепарид, ба поён сарозер афтид ва рост ба фарқи сари яке аз чархгардонҳо зада, вайро ба замин парчин намуд.
Ҳисориҳо оҳи сабук кашиданд. Вале Мирмалик аз шаҳди шодӣ табъи дил ком ширин накард. Зеро чопари рангпарида ба вай хабари мудҳиш расонд, ки хайли панҷҳазораи Улоқ Нуйон андаке дуртар аз Хистеварз, дар қарибии Маҳрам дарёро убур карда, ҳазор ҷанговари каминнишастаи Сабзалиро торумор намуда, ҷониби Хуҷанд мешитобанд.
Рӯзи равшан дар чашми шаҳриёр ба шаби тор табдил ёфт. Ба сарҳангҳо дастури амал доду тавассути роҳи пинҳонӣ савори заврақ оҷилан сӯйи шаҳристон равона шуд, то бо Пири раҳнамои хеш Шайх Маслиҳатдин, ки лаҳзае бе ёди Худо ором наменишаст, рӯйдодҳои охиринро таҳлил намуда, тадбири солеҳ андешад.
Бенаво афтодаам дар кӯят, эй Султони дин,
Бо нигоҳи марҳамат аҳволи зори ман бубин…
Раҳ ба раҳ аз дили абгор ва пуршӯри шаҳриёр ҳарфу каломи оташбор чун сиришк мешорид:
Баски ҷаҳон шуд зи муғул пурхилоф,
Рӯйи замин гашт хира аз ихтилоф.
Бахш кушо роҳи мани хастаро,
Боз намо ин дами сарбастаро…
Аз нахустнидои воқифи афкори ниҳонӣ ва кошифи асрори маонӣ маълум буд, ки омадани садри Хуҷандро интизор аст:
— Кабутар мехостам фиристодан ба ҳисори обӣ, то аз пайи он маро дарёбӣ. Хуш омадӣ! Мебинам, сахт маҳҷур астӣ аз он, ки муғул бармаҳал Сайҳунро убур карду Сабзалӣ нобуд гашт?
— Бале, Пирам. Аз ғаму андешаи ояндаи шаҳри азиз сахт ошуфтаҳолу аз талафоти гарон беҳад синафигорам ва ҷуз Шумо чорагаре надорам.
— Алҳақ, марги фаҷои130 мардони мард боиси таассуфи бузург аст. Алайҳим-ур-ризвон мин-ал-малики-л-ҷалил!131
Аммо аз тақдири шаҳри азиз сахт ошуфтаҳол нашав. То як хишти мазори саҳобаи Ҳарамайн (алайҳис-с-салоту-л-малик-ил-маннон)132 боқист, Хуҷандро ҳеҷ офат нарасад. То зиндаем, ҳафт дарвозаи шаҳр маҳкам медорем. Азеро Парвардигори олам моро муваккал133 бар Хуҷанд сохтааст.
— Эй Пири бузургворам, партави идроки Шумо мисли шамъи Худо роҳнамои мост. Вале аз фитнаи охирзамон, гапу кори каҷи аҳли хато андешамандам…
— Зиқ нашав. Гарчанде бо хушомадгӯй ҳамсӯҳбат шудан хатост, қабл аз омадани ту бо Аҳмади баззоз ва ёронаш гуфтушунуфти тундутез кардем, вале бахайр анҷомид. Онҳо ба номи Худо қасам хӯрданд, ки бе изни мо касеро ба Хуҷанд иҷозати духул надиҳанд.
— Ба қавлу қасами Аҳмадак заррае бовар надорам. Зоҳиран тоҷир, ботинан кофир вай! Агар иҷозат диҳед, ӯро ба қалъаи обӣ бурда, муддате боздорам, то дар куфрони шаҳри ободи мо ҳамдостон набошад…
— Гумон аст, ки ӯро дар шаҳр дарёбӣ. Дар роҳ аст, пеши хоҷааш мешитобад.
— Ба таъзими Чингиз меравад?
— Не, ба истиқболи Улоқ меравад, мехоҳад, роҳи гарон ба хоҷааш осон гардонад…
– Ӯро бибояд кушт! Ҳайф бар хоин бод!
– Ӯро чӣ ҷон, ки баҳри ӯ ҷон дар хатар гузорӣ?!
— Эй Пири бузургворам, нияти ман дигар аст. Иҷозат медиҳед, ки барои ситондани хунбаҳои Сабзалӣ теғ аз ғилоф кашам ва ҳамроҳи ёрони сарсупурда шабохун занам? Бисёр мехоҳам, то рӯҳи бародарам ранҷур нагардад…