— Вақти шикори шерон ҳама гургу палангҳо сокит мешаванд! Имрӯз Ирвес мӯяшро намеҷунбонад…
— Вай то ин дараҷа фармонбардори Шайх аст?
— Вай покгавҳар аст ва ҳамеша эҳтироми пирону бузургонро нигоҳ медорад.
— Афсӯс, вайро надидаам ва намешиносам. Аммо хеле донистан мехоҳам, ки ӯ кист?
— Паҳлавон асту хирадманд. Ҳоким асту хоксор. Ба ҳарб чолок даромада, бебок берун меояд. Он қадар чобук аст, ки бо нӯки пайкон хол аз рӯйи ҳариф мерабояд. Аз ягон амал дастхолӣ барнагаштааст. Пирӯзҷанг аст, ҳеҷ шикасте надидааст. Теғаш мӯъҷизанок асту аз зарбаи ҷонкоҳаш кӯҳ об шавад. То ӯ сипаҳсолор аст ва камони пайғамбарӣ бо ӯст, лашкари Хуҷанд таровате қавӣ дорад.
— Аҳмади колофурӯш сухан ба мазмуни дигар гуфта, вайро ҳокими мағрур, ишратпараст, зудранҷ ва золим хонда, бо танз «шогирди Хоразмшоҳ» гуфта буд…
— Худо гуноҳашро бахшад, ки баззози ба кори худ доно буд…
— Ман ба вай гуфта будам, ки агар ҳокими Хуҷанд ба хубию хушӣ дасти таслим бардорад, ӯро вилоят бозпас диҳам. Ҳозир иловатан мегӯям, ки агар Ирвес ба тарафи ман гузарад, пас аз Ҷӯҷӣ ва Ҷағатой дар қатори фарзандонам ҷой мегирад. Писарашро набера мехонам…
— Наҳанги Сайҳун соҳибихтиёр аст. Ин пешниҳодро барқвор ба самъаш мерасонам.
— Агар ҳақиқатан хирадманд бошад, бахти сабзро пажмурда намекунад. Зеро ҳар кас аз итоати мо сар печад, бо зану фарзанд, хешу пайванд ва билоду ибод несту нобуд мешавад!
— Инро ҳама медонанд. Лашкари замину замон аз лашкари Чингизхон метарсад!
— Дар ҳақиқат Шайхи Хуҷанд Пири давлат будааст! Бовар кардам, ки кам мегӯяд, лекин дуруст мегӯяд. Аммо Ино қоон гуфта буд, ки тожик мардум аҷаб халқи ғалатӣ — ҳам пуртоқат асту ҳам пурсухан. Худро масхара карда, «гапи бисёр — ба хар бор» мегӯянд.
— Оне, ки беш медонад, кам мегӯяд…
— Ман ба Шайхи гӯсфандпарвар ҳамфикр. Ба вай гуфта будам, ки дар олам ду бузургворро эътироф мекунам — яке Кубро, дуюмӣ — Нурӣ. Қутбиддин шоҳи дупула аст, шоҳи дину давлати Хоразм ин ду бузургворанд!
— Таъриф басанда. Сипос дорам.
— Ман ҳам даъвои бузургӣ надорам, аммо ба қавлу лафзи худ устуворам. Чун назди шоҳи муғул омадаӣ, ҳар чӣ хоҳӣ — бар ту диҳам ва ҳар чӣ муроди дилат бошад, бар он бирасонам! Бигӯ, чӣ мехоҳӣ?
— Муташаккир ва сипосгузорам. Вале аз подшоҳи меҳрубон ва содиқулқавл ҳеҷ чиз нахоҳам.
— Чаро?!
— Пиёлае шир хостам, наоварданд…
Чеҳраи Чингизхон ранги шири турш кабудфом гашт ва бо теғи нигоҳ ходимонро ларзонд. Онҳо даст пеши бар ниҳода, бо овози гиряолуд гуфтанд, ки ҳарчанд кофтанд, қатрае шир наёфтанд.
Чингизхон тез-тез мижа зада, вуҷуди сарходимро бо теғи нигоҳ шудгор карду башаст аз гиребонаш гирифт ва бо шиддати том гуфт:
— Аз таги замин бошад ҳам, дарёбед! Ин ҷо набошад, ба Фанокат асп тозонед!!
— Дигар ҳоҷати ҷустуҷӯ нест, эй шоҳи бузург! — Чингизхонро аз ваҳшат нигоҳ дошт Шайхи Бухоро, ки рамзи дини ислом будани шир ва мақсади таҳтонии Пири Хуҷандро хуб медонист. — Ин камбудиро ман ислоҳ мекунам.
Зангӣ Бобо пиёлаи обро ба кафи даст ниҳоду дуое хонда, се маротиба куфу суф кард. Дар пеши чашми ҳамагон об ба шир табдил ёфт!
Мӯйлаб ва рухсораи чапи Чингизхон худ аз худ беист ба ҷунбиш даромаду аз кашиши тори асаб дарак дод. Вай, ки то чилсолагӣ Темучини ҷодугар буду аз сеҳри ҳунари устодони машҳури муғул огаҳӣ дошт, чунин мӯъҷизаро бори аввал медид. Ба чашмони худ бовар накарда, ҷуръае аз обшир нӯшид ва… бе ягон дудилагӣ ба Пири тавонои Хуҷанд, ки шогирдаш чунин қудрат дорад, қоили сидқ шуд.
— Лутфан бигӯед, ки дар дил чӣ мурод доред, эй Шайхи Кабир?
— Муроди аслии ман обод будани мулки шоҳи ҷаҳоношӯб Чингизхон ва дилшод зистани табааи ӯст.
— Ба кадом маъно?
— Аз Утрор то Самарқанд даҳҳо шаҳри хурду калон ва ободон валангор гашту агар забткорӣ ба ин сурат идома ёбад, Чингизхон шоҳи мулки вайрон мешавад…
Мо, «сартаулҳо» шоҳи мулки вайронро бум мегӯему намедонам, ки қавми муғул аз ин паррандаи шум дарак дорад ё не?
— Ин паррандаи наҳс ва бехосиятро муғулҳо чуғд мегӯянд, — шарҳ дод тарҷумон.
— Яъне ки буму ҷуғзи моро муғул чуғд мегӯяду мо намехоҳем, ки номи ин паррандаи харобадӯст лақаби шоҳи ҷаҳонгир шавад…
— Ман ҳаргиз лақаби бад нахоҳам! Ҳамқавмон маро Ёғу142 унвон кардаанд, ҳамин кофист!
— Ман ҳам аз ин лаҳза эътиборан Шуморо Чингизхони Бузург мехонам ва дуо мекунам, ки Шоҳи Бузурги мулки обод бошед!
— Ташаккур, эй Шайхи Ёғу! Гап тамом: муроди дили муваккали Хуҷанд бар ман аён гашт. Қавл медиҳам, ки аз хонаю девори шаҳри шумо хиште беҷо намешавад, хасе ба яғмо намеравад ва шахсе озор намебинад! Изҳори фараҳ ва шодӣ намоед, ки Тирози ҷаҳон давлатсарои хеш кунам ва азбаски Самарқанду Бухоро ба таъбири шумо «Хонаи ҷуғз» шудааст, Хуҷандро маркази Мовароуннаҳр гардонам, то абадан хонаи хуршед бошад!