— Саломат бошед, эй шоҳмарди соҳиби инсоф ва қавлу ҳиммати баланд!
Дар кӯйи вафои Шоҳи инсоф
Як дил ба ҳазор ҷон дареғ аст!
— Офарин, эй Шайхшоир! Акнун вақти он расид, ки ба Ирвес бо хати худ чизе нависед. Хитоби шайхӣ ва итоби муваккалие, ки доред, ёд кунед ва ин якравро ба салоҳ хонед. Агар мисли Хоразмшоҳи мағрур амал карда, фарзандӣ напазирад ва маро нури чашм шудан нахоҳад, ҳар чӣ тезтар аз пеши назарам дафъ шавад! Баъде, ки қалъаи наҳси ӯ тиккаю пора ва ғарқоби дарё кунам, дигар ҳама ваъдаю қавли хеш мӯ ба мӯ иҷро намоям…
Ходимон дарҳол коғазу қалам ҳозир гардонданд ва Шайхи мулоҳизакор бешитоб номаи мухтасар навишт: «Ассалому алайка, ё азиз-ул-буния! Туро махфӣ ва пинҳон намонад, ки муколамаи мо ба некӣ анҷомид. Хуҷанд наҷот ёфту хуҷандӣ беосеб монд. Фақат қисмати тую ҳазораи ту норавшан аст. Подшоҳи бузурги замон Чингиз Ёғу, ки ӯро Худованди инсоф ва қавлу амал дарёфтам, Мирмӯҳсинро набера ва туро дар қатори Ҷӯҷӣ ва Ҷағатой фарзанд хонданист, то бо лақаби Ирвес — паланг арҷманд гардонад ва амалҳои гаронманд фармояд. Агар мункир шавию гарданкашӣ идома додан хоҳӣ, боиси мазаммати Шоҳи булкарам хоҳӣ шуд ва ин қудратманд бо тамоми ҳастӣ мекӯшад, туро бо Хоразмшоҳ ҳамтақдир гардонад. Агар ба ҷафои хештан розӣ бошӣ, охирин маслиҳати мо ин аст, ки ҳар чӣ тезтар ва зудтар аз мадди назари Шоҳи бузург ғайб занӣ ва шаҳри Хуҷанд ба дасти мо супорӣ. То даме, ки дар ҳудуди вилоят ҳастӣ, касе ба ту ҳуҷум намекунад. Чун ба занҷири ҳаёту мамот расидию ба шаҳр бозпас нагашта, аз ҳад гузаштӣ, туро ба Худо ҳавола карда, ҳамон соат Хуҷанд ба Чингиз Ёғу тақдим мекунам. Ал-боқӣ ва-д-доим ҳува ҷалла ҷалолуҳу. Алфироқ, ё азиз-ул-буния143»
* * *
Мирмалик наҷотулбаротро хонду аз ишоратҷумлаи охирин фаҳмид, ки бояд биравад. Бедиранг ба гармобаи кунҷи қалъа рафта, чанд сатил оби сард бар сар рехт ва тафти худ паст нишонд. Сипас ба иҷрои ҳукми Пири ваколатдори Хуҷанд шурӯъ намуд ва ҳар чизеро, ки коршоям буд, ба киштиҳо бор кард. Ёрони худро ба сафинаҳои ҷангӣ шинонд. Худ бо ҷамоати ҳамнафасон дар заврақ нишаст ва машъалҳо барафрӯхта, бо роҳи обӣ ҷониби Хоразм ҳаракат кард, то Султон Ҷалолиддинро дарёбад ва бар зидди урдуи муғул баҳри озодии меҳан набарди ному нангро дар сатҳи пирӯзӣ идома бахшад. Бо амри Парвардигор шамол аз самти шимол худ аз худ қатъ гашту боди ҷанубӣ тунд вазид. Сорбони ҳафтод киштӣ аз андӯҳ шитобон чун тири партоб равона гардид…
Киштинишинҳоро дар ҳудуди вилоят касе безобита накард. Муғулон аз соҳил паёпаи корвони обӣ мерафтанд ва фақат назорат менамуданд. Мирмалик киштиҳоро аз бод тезтар давонда, то Фанокат расид. Занҷире фӯлодин дар миёни об кашида дид. Заврақро нигоҳ дошта, лаҳзае ҷониби Хуҷанд нигарист. Чеҳраи нуронии Пири Бузургвораш пеши назараш омад, ки охирин ҷумлаи номаи наҷотро бо овози пичирросӣ бори дигар гӯшрас кард: «Алфироқ, дидор дар қиёмат, эй фарзанди азиз!»
Вопасин хитоби Шайхи азимулқадр ва маслиҳатҳои қаблии вай ишораи қотеъ ба идомаи роҳи мубориза барои ҷиҳоди бузурги динӣ алайҳи кофирон буд. Ғазанфари шӯрида фиғони дилро бо азобе фурӯ нишонд. Бо вуҷуди ин қатрае ашки хунин аз мағзи ҷигараш берун ҷаҳид ва ба оби Сайҳун чакид. Бо дарду алам табарзин мисли дирафши Ковиёнӣ баланд бардошту бар фарқи занҷир зад.
Бо як зарбаи Рустамона занҷир шикаста шуд!
Мирмалик завлонаро пора кард, то роҳ кушода гардад. Роҳи наҷоти Аҷам ва миллати мусулмон аз асорати кофирон…
Поёни китоби сеюм
ҒУРУБИ МОҲУ АХТАРОН
Пешгуфтори китоби чаҳорум. Ғамномаи ғамбарори андалеби гирёни Исфара
Сайфуддини Исфарангӣ дар панҷоҳсолагӣ маротибаи охирин ба Ворухи андалебнавоз омад. Дар сари болини Абдулмаҷиди бемор нишаст ва муколамаи шоирона бо байти зер оғоз намуд:
Дар назму наср лашкари иқбол рондаам,
Дар қалби он ба фахр алам даркашидаам!
Сипас ба кӯҳи Душоха нигаристу андалебосо нола оғоз кард:
— Айёми ҷавонӣ дар буни ин кӯҳи ошиқкуш орзу карда будам, ки дар боби ишқу муҳаббат достоне хоҳам навишт. Вале дар ин замона зи ҳар санге садои ғами ёре меояд бар дил… Лоҷарам, ғамнома мебояд навишт…
* * *
Тибқи одат, имшаб пас аз намози хуфтан ба саҳни ҳавлӣ баромада, моҳи осмонро нигаристам, ки рух ба хуни шафақ олуда, мисли шамъи танҳо дар хонаи торик аз фироқи зулфи сарбуридаи оҳувашони диёр хуноба мегирист. Барои ба риштаи тасвир кашидани ин манзараи ҳузнангез дар ҷойхоб аз як паҳлу ба паҳлуи дигар гаштаю хаста шуда, заргӯшвор хоб рафтам ва Султон Муҳаммади Хоразмшоҳро дар хоб дидам. Гирён нола мекард: «Искандари Сонӣ, Санҷари замон будаме… Ангуштари тавқеъ ба Нигина бахшидаме… Ангуштари по шудаме…» Мисли гург нолиду ба хок афтид, рӯй бар хок молиду то ҷон дошт, баланд «Дод!» гуфт. Қад парида, аз ҷойхоб ҷастам ва бо алам гуфтам:
143
Пояндаву мудом танҳо он Ягона аст ва бузург аст ҷалоли ӯ. То боздид, эй фарзанди азиз.