Замоне, ки Қутбиддин Муҳаммади аввал аз олам гузашт, Исмоили Ҷурҷонӣ пири хирадманди ҳаштодсола буд. Аз асрори тиб, ки огаҳии комил дошт, бо табъу завқи ҷавонӣ эҷодкориро идома медод. Шоҳ Отсиз низ дар пайравии падар меҳрубонию олиҳимматиро нисбати ин олими забардаст идома медод. Маҳз бо дархости подшоҳи ҷавон муаллифи китоби азими «Захираи Хоразмшоҳӣ» онро хулосатан ба шакли ана ин дуҷилдаи хурдҳаҷми сафарӣ дароварда, «Хуфии Улоъӣ» номид, ки ҳамеша бо ман аст. Маҳз бо маслиҳати Отсиз китоби наве бо номи «Ағроз» навишт. Вале оқибати кор нохуб шуд…
— Яке дигареро ранҷонд?
— Не. Султон Санҷар, ки мисли дигар шоҳони салчуқӣ хату саводи кофӣ надошт, Исмоили Ҷурҷониро ба меҳмонӣ даъват карду иҷозати аз Марв баргаштан надод. Вайро нисбати Отсиз ду карат бештар иззату эъҷоз кард, то «Зихираи Хоразмшоҳӣ» ба номи худ гардонад. Ин рафтори ғаразнок ҷунуни Отсизро бедор кард. Аз дилаш оҳи оламсӯз бархест. Азбаски дар шарёни вай аллакай хуни бардагӣ кам буд ва ба Султон Санҷари Салчуқӣ дили нохоҳам сари итоат фуруд меоварду пайваста барои исён пайти мувофиқ меҷуст, аз супоридани хироҷ сар печид. Султон Санҷар сахт малӯл гашта, шоири дарбораш Адиб Собири Тирмизиро гумоштаи худ хонд ва гуфт, ки аз китобхонаи шоҳаншоҳӣ чаҳор уштур дастнавис ва девонҳои камарзиш бо худ бигирад ва аз Марв ба Хоразм рафта, бо удабо ва уламои он иқлим дар иртибот бошад ва ҳокими нофармонро ба итоат даъват кунад. Бигзор ин амал ошкоро, дар мадди назари ҳамагон сурат бигирад, аммо зимнан «мутаҳафизи ҳолот ва мутафаҳҳис ва мунҳӣ бошад».
— Ин ибора чӣ маъно дорад? Ҷосус ва хабаркаш?
— Ё ҳар ду. Саҳеҳтараш, чашми бино ва гӯши шунавои подшоҳ.
Отсиз вакили Султонро бо иззату икроми шоиста пазируфт ва гуфт: «Ман коре ба тариқи қасд накардаам, ки хилофи ҷонсупорӣ ба Султони Кабир бошад. Ниҳоли хилоф шинондану меваи дӯстӣ ҷустан шеваи мо нест ва моро насиҳати падар он аст, ки дар роҳи садоқат каҷрафтор набошем, то давлати ҳумоюнӣ осеб наёбад ва мурғи бахт парканда нашавад».
Ҳокими исённиҳод хашм як сӯ ниҳода, ба ин радиф каломи ширин бисёр густарид, то ба самъи Султон гуворо ояд ва шоирро бовар кунонд, ки ӯ ҳамеша мутеъ ва фармонбардори Санҷари Бузург аст. Сипас шоири дарбори худ Рашиди Ватвотро ба хидмати Адиб Собир гузошт ва барои ташкили маҳфили шуаро ба уламои Ғӯрганҷ дастур дод.
Чун шоирон берун шуданд, Алоуддавла ба гӯшаи хилват рафт ва ғарқи дарёи тафаккур шуд. Зеро аз омадани гумоштаи хосаи Султон ваҳми азиме дар дилаш роҳ ёфта буд. Баъди андешаи тӯлонӣ ду шермарди фидоиро пинҳонӣ ба Марв фиристод, то илоҷи воқеаи номатлуб қабл аз вуқӯъ кунанд ва бо ҳилаю тазвир ё сӯиқасд Султон Санҷарро бикушанд.
Ин супориши билкулл махфӣ буд, аммо Адиб Собири зирак ва чолок тавонист онро бо тамоми ҷузъиёташ ошкор созад. Чеҳраи ин ду фидоиро возеҳу равшан рӯи коғаз ба тасвир кашиду хонумеро, ки машқи шеър дошт, киро карда, ду тасвира дар ду соқи мӯзаи вай ниҳод ва оҷилан сӯи Марв фиристод.
Баъди чанде навкарони махсуси Султон Санҷар он ду фидоиро дар хароботе дарёфтанд ва ба қатл расонданд. Чун овози ин фоҷиа ба Ғӯрганҷ расид, Малик Отсизро ҳатто як тора мӯйи абрӯяш хам нахӯрд. Зеро қабл аз вуқӯъ ҳама гуна фарҷоми ҳодисаро ба ҳисоб гирифта буду бе ягон дудилагӣ фармуд, ки дасту пойи Адиб Собири ҷосусро бо ресмон мазбут баста, ба дарёи Ҷайҳун андозанд ва бо азобу шиканҷаи алим ғарқ кунанд…
— Вай ман мурам!! Чунин бераҳмӣ нисбати шоир гуноҳест нобахшиданӣ! Маълум мешавад, ки Отсиз турки золим аст, на шоҳи одил!
– Ҳақ ба ҷониби туст. Баъди ин фоҷеъа аҳли илму адаб аз Отсиз ранҷиданду рамиданд, вайро бо танаффур нигаристанд. Шоҳи ошуфта бошад, хунсардона гуфт: «Агар маро танқид намекард, шояд сабуктар ҷазо мегирифт». Ҳама фаҳмиданд, ки Отсизи ришпаҳнро ду байти Адиб Собир нороҳат кардааст:
Хоҷаро бо ҳама зиштӣ ҳаваси мадҳи худ аст,
Бар лаби Хоҷа чӣ ҷойи ҳаваси бӯса бувад?
Ин ҳамоқат чӣ аҷаб бошад аз ин риши бузург,
Ҳар киро риш бузург аст, хирад кӯса бувад!
Хулласи калом, марги як шоир боиси ҷанги ду амир шуд. Шоҳ Отсиз бо чашмони хунполо муқаррабони худро нигариста, бо лафзи туркӣ хитоб кард: «Вақти он шуд, ки баҳри истиқлоли Хоразм азми ҷанг кунем! Олға7!!»
Лашкариёни Хоразм бо як ҳамла Сарахсро ишғол намуданд ва беист, чун регбоди биёбон, ҷониби Марв — пойтахти салчуқиён дамиданд. Султон Санҷар дар шаҳр набуд. Баъди шикаст хӯрдан дар ҷанги қарахитоиҳо ба дасти туркманҳои ғӯз асир афтода, роҳи наҷот меҷуст. Аз ҳамин сабаб Отсиз ва қушуни ӯро дар остонаи Марв имоми маъруф Аҳмади Бохарзӣ «истиқбол гирифт», то аз хунрезию сӯхтор ва шикан — шикан пешгирӣ намояд. Баҳри дафъи бало рӯи тааббуд бар замин дошт ва аз номи сокинони Шоҳи Ҷаҳон амон хост. Отсиз розӣ шуд, аммо бо як шарт: аҳли Марв амру фармони ӯро бечунучаро иҷро намоянд ва ба мансабдору коргузорони вай халалу зарар нарасонанд.