Аз ман дилпур бошу бо дуои нек интизор шав ва ҳоли худ ба ҳеҷ кас нагӯй. Бархезу шаҳр бубину коху боғу роғ, қалъа бубину арку тахти подшоҳ! Медонам, ки Ғӯрганҷ пур аз чангу най ва тарабу шодист, бикӯш, то аз боли орзуят паре кам нашавад ва ҳамеша ғазанфари Хуҷандро шодиафзой бошӣ!
Бизӣ ҳамчунин солҳои дароз,
Данону дамону чамону чарон!10
Хайр, то боздид паноҳат ба Худо»…
* * *
Дили Нигина гирифт. Ҳамроҳи Шакархонуму Сайфуддин ва шогирди шоирпешаи ӯ рӯй ба роҳ оварданд, то дар навбати аввал маликаи даргоҳ Дилоромбону — модари Ҷалолиддинро зиёрат намоянд. Раҳораҳ Шакархонум нақл кард, ки модари шоҳзода зотан аз тоҷикони Марв буда, қиссаи арӯсиаш вирди забонҳост.
— Вақте подшоҳи имрӯзаи мо Қутбиддини Муҳаммад ҷавони шонздаҳсола буд, интухин, азми сафари Марв кард, то аз нодиртарин китобҳои олам, ки фурӯшӣ нестанду дар ганҷинаҳои шаҳри қадима маҳфузанд, баҳра бардорад ва мобайни падару амакаш Султоншоҳ пули васл шавад — қиссаи тӯлониро мухтасар намуд Шакархонум. — Шоири дарбор Рашидудини Ватвот, ки роҳбалади шоҳзода буд, ӯро бо қасидасарои машҳур Анварӣ шиносонду вай дар дили шоҳзода оташи муҳаббат афрӯхт…
— Чӣ хел?
— Чӣ хел буданашро намедонам…
Сайфуддин зуд ба кӯмак шитофт:
— То ҷое медонам, дар маҳфиле, ки се шоир — Анварию Ватвоту Асиридини Асхикатӣ бо шоҳзода Қутбиддин ҳамнишин шуданд, мавзӯи сӯҳбат ишқу ҷавонӣ буд. Ватвот бо чашмони махмур сӯйи Қутбиддин нигоҳе аҷиб афканду аз ҳамнишинон пурсид:
— Шунидам, ки аз канораи Марвруд моҳи тобоне рух намуда, ҳоли ҷумла ҷавонмардон парешон кардааст. Ин гап рост ё дурӯғ?
Асиридин мисли булбули маст ба хониш даромад:
Ҳусни рӯяш дида пурхун мекунад,
Чашми ӯ, ё раб, чӣ афсун мекунад!
Дасти ҳуснаш моҳро гесӯкашон
Аз бисоти чарх берун мекунад!
— Офарин, Асхикатӣ, ки дар васфи он нозукниҳол шеъри арзанда гуфтӣ! — шоири ҷавонро рӯҳбаланд кард Анварӣ. — Аҳсанта валлоҳ-ил-ҳақ11, ки рухони зебо дорад он маҳҷабин! Дар ҳама дилҳо ҳаваси рӯйи вай аст. Зеро чеҳраи гулрангу зулфи гулбӯяш бо забони ҳол мегӯяд, ки андар ҷаҳон аз ӯ хушрӯйтар ёре набошад:
Қиблаи рӯйи варо ҳар кӣ шабе бурд намоз,
Чор такбири дигар рӯз бар ин панҷ кунад.
Наргиси масти вай ҳушёртарин мурғеро
Сина чун нор кунад, чеҳра чу норанҷ кунад!
Сутуни сабри дили шоҳзода андаке ларзид ва пурсид:
— Номаш чию нисбаташ ба кист?
— Исми латифаш Дилором, духти Рустами оҳангар, — Анварӣ мувоҷеҳ шудани шоҳзодаро пай бурда, шохчаи ангур болои хон пас гузошт:
Ҳуснаш андар ҷаҳон намеғунҷад,
Номаш андар даҳон намеғунҷад!
Ҳама баробар завқиданду шоири пир мисли ҷавони дилбохта ба хурӯш омад:
Ҳусни вай бар моҳ лашкар мекашад,
Ишқи вай бар ақл ханҷар мекашад.
Қутбиддин борҳо шунида буд, ки дасти ишқ дар ними нафас ҷомаи сабр пора мекунад. Вале азбаски дар дил шубҳае дошт, лом накафонда, ба Ватвот нигарист. Шоири рамузфаҳм дарҳол пурсид:
— Агар ин моҳсимои хуршедталъатро талабгор аз мӯйи сар зиёд бошад, оё дасташ озод аст?
— Озода ва дастнорас аст ин озодсарв! — бо оҳанги боварибахш ҷавоб гардонд Анварӣ. — Баҳри дафъи чашми назорачиёни рӯйи хубаш аз гулбарги бунафша ниқоб сохта, аммо чини зулфаш домест, ки ҳар ақли расо дар он муаллақ монад:
Азбаски кибриёи ҷамол аст дар сараш,
Бар ошиқон салом ба кибру риё кунад!
— Изни ӯ дар дасти кӣ бошад? — пурсупосро табъи дили шоҳзода идома бахшид Ватвот.
— Изни духтар ба дасти модари ӯст, ки ба ҳама хосторон як ҷавоб мегӯяд: «Гули рухсори шоҳдухтари Шоҳи Ҷаҳон зеби дасти шоҳписари Шоҳи замон аст!»
Шоҳзодаро дигар сабру тоқат намонд ва ходимони ҳамешаҳозирро фармуд, то фавран духтар ва падару модарашро ба меҳмонӣ хонанд…
Шакархонум аз пайроҳаи мармарфарш тарафи рост тоб хӯрда, ба роҳаткурсии таги гулбун нишасту Сайфуддинро паҳлуи худ шинонд ва риштаи сухан ба даст гирифт:
— Интухин, давоми қиссаро ман мегӯям.
Қутбиддини оташқалб, ки ба зудии ҳайратовар фирефтаи сухани шоирон шуда, гоми пурғалаён ниҳода буд, бо як дидан, интухин, ошиқи шайдо гашту дил аз даст дод ва хобу хӯр гум кард. Амакаш Султоншоҳ интихоби бародарзодаашро маъқул донисту интухин, гапу корро пазонд. Азбаски писар надошт, Қутбиддинро фарзанд хонду валиаҳди худ эълон кард ва бародарашро водор намуд, ки ба ваҳдати онҳо пайвандад. Бародарон ба қароре омаданд, ки базми арӯсии фарзанди шарикиро дар Марв оғоз карда, дар Ғӯрганҷ идома медиҳанд.