— Улуғмомои ҷон, агар иҷозати Шумо шавад, як даҳан гап дорам.
— Бигӯ.
— Дамир Малик гуфтанд, ки шоҳзода Ҷалолиддин ин духтаракро ҳамчун раққосаи зӯр аз Мовароуннаҳр ба падарашон тӯҳфа овардагӣ…
— Кай бо Дамир Малик ҳамсӯҳбат шудӣ?
— Шаб…
— Хеле хуб, Ойчечак. Бо хабари хуш оташи ғазабро паст кардӣ. Акнун давоми гапатро гӯй!
— Улуғмомои ҷон, илтимос, иҷозат диҳед, ки лаҳзае ҳунари ин сойкелдиро тамошо кунем…
— Раво набувад! То шоҳаншоҳи олам ба Ғӯрганҷ наояд, ин ҷинқарча ба ҷилва намеояд, дар паси ҳиҷоб ҷимакак мешинад.
Ду ҷавонзани дигар ба паҳлӯи Ойчечак рост шуданд.
— Эй Худованди олам, илтимос, Ойчечакро ноумед накунед. Мо ҳам ҷилваи ин сойкелдиро дидан мехоҳем…
— Ором шавед! — мисли модашер садо баровард Турконхотун. — Паси дар боз як сойкелдӣ интизор истодааст. Аввал ҳунари вайро бинем, баъд ба ягон хулоса меоем. Ин хушрӯчаро ягон ҷо шинонеду шоирро ҷеғ занед!
Баробари баланд сало додани дарбон Сайфуддини Исфарангӣ бо виқори шоирона ба тутуқ ворид гашту андаке чамида, мобайни чодир омад. Бо саломи хушк, вале пурлутфу табассум дили ҳозиринро фараҳманд гардонду бо саломи чарб Турконхотунро бинавохт:
— Ассалом, эй садру сарвари бонувони олам!
Эй ёфта оби зиндагонӣ
Дар лаъли ту оташи ҷавонӣ.
В-эй меҳри ту дар суродиқи дил
Афрӯхта шамъи шодмонӣ!
Бингар, ки ҷоми субҳ гул кард
Хушдил зи насими бӯстонӣ.
Савғои ту оташин баҳорест,
Чун шамъи сарой ҷону ҷонӣ!
Пӯшида чу гавҳари хушоб аст
Дар лаъли ту оби зиндагонӣ.
Турконхотун ҳар калимаи шеърро бодиққат шунид, аммо чунин вонамуд кард, ки чизеро нашунидааст.
— Эй шоир, бигӯ ки Ватвотро медонӣ?
— Агар муроди шумо шабпарак бошад, бовар кунед, то ҳол надидаам.
Ҳама ноаён хандиданду Турконхотун асабонӣ шуд:
— Бутун ҳафтафаҳм будаӣ-ку, эй қалмош!13 Ман Ватвоти шоирро дар назар дорам…
— Шоир Рашидуддини Ватвотро хуб медонам. Фаровон шеъри накӯ дораду номаҳои пурҳикмат ва мондагор. Фахр-ул-удабои дарбори Хоразмшоҳиёни Кабир будӣ…
— Ин қадар дониш дорию худро гӯлу гаранг нишон медиҳӣ. Минбаъд ҳушёр бош, то масхараи дарбор нашавӣ!
Ана акнун маро бодиққат гӯш кун! — Турконхотун китоберо аз рӯйи миз боло бардошт. — Ин китоби ана ҳамон Ватвоти шоир. Дар пушти муқова ба писари мо ким-чӣ навиштагӣ. Аввал ба овози баланд хон, баъд давоми гапро мегӯям.
Сайфуддин китобро аз дасти канизаки хидматрасон гирифта, тибқи дастури улёҳазрат амал кард:
— Номи китоб «Ҳадоиқ-ус-сеҳр фи дақоиқ-уш-шеър». Дастхати муаллиф: «Ин нусхаи хосса аз ҳадиқаи маонӣ ва ганҷи ҷовидонӣ тӯҳфаи ихлоси муаллиф Амир Рашидудин Саъдулмулк Муҳаммад бинни Абдуллоҳ бинни Яҳёи Мардуз мутахаллис ба Ватвот аст барои шоҳзодаи дақиқунназар, амиқулфикр ва каримуннасл Қутбиддин Муҳаммад, ки соҳиби вуқуфанд ва басо нуктасанҷу нозукфаҳм:
Маъшуқа дилам ба тири андӯҳ бихаст,
Ҳайрон шудаму касам намегирад даст.
Мискин тани ман зи пойи меҳнат шуд паст,
Дасти ғами дӯст пушти ман хурд шикаст»
Сайфуддин қироатро тамом карда, саволомез кампири инҷиқро нигарист, ки боз чӣ мефармояд.
— Мазмуни шеър барои ман тамоман нофаҳмост! — бо абрӯи чин хитоб кард Турконхотун. — Кадом маъшуқа? Чаро мискин тани ман? Чӣ хел меҳнати паст ва барои чӣ пушти ман шикаст? Ин гапҳои муғлақ ба писари ман чӣ дахл дорад?! Ин пурсишҳоро аз ҳамаи шоирҳои дарбор пурсидам, касе ҷавоби дуруст надод. Ту чӣ посух мегӯйӣ?
— Мазмуни дубайтӣ ба шоҳписари муаззами шумо ягон зарра дахл надорад, эй садру сарвари бонувони олам! Шоир ҳолати душвори худро тасвир намуда, аз шоҳзодаи замон дастгирӣ умед кардааст, — орому осуда шарҳ дод Сайфуддин ва китобро ба дасти Турконхотун баргардонду бо лабханд гапашро давом дод. — Эй Худованди олам, агар ба сарҳарфи ҳар як мисраъ аҳамият диҳем, мебинем, ки шоир тавассути санъати мувашшаҳ лақаби ирфонии шоҳзодаи муаззамро шаҷара бастаасту чор ҳарфи аввалро дар алоҳидагӣ якҷоя нависем, исми мубораки «Муҳаммад» берун меояд…
Турконхотун бори дигар ба соядасти Ватвот нигаристу ҳарф болои ҳарф гузошта, дурустии сухани Сайфуддинро санҷид ва хандид:
– Қанд ур, эй келганшоир! Аз ҳама суханчинҳои дарбор ту зирактар будаӣ, ки ниқоб аз болои муаммо бардоштӣ. Вале ман ҳаргиз намегӯям, ки ту беҳтарӣ аз дигарон. Зеро шоирон, ки одати бад доранд, бо арбада ба ту шӯранд ва зиён оранд. Барои он ки маро ва худатро хиҷил накунӣ, чун шеър мегӯйӣ, ончунон гӯй, ки ҳамкасбонат қойил шаванд. Шеър ончунон гӯй, ки шоҳаншоҳи олам хоҳад…