Гар панҷ вақт чеҳра дар ойина бингарӣ,
Дар моҳ мушк бинию дар анбар офтоб.
Ҳама ба офарин лаб кушоданду Сайфуддин чашм бар замин дӯхта, ҳукми Маликаи ҷаҳонро нигарон истод.
— Офарин бар чунин шоир бод! Акнун боз як бори дигар зӯри худро нишон деҳ, эй улуғшоир! Ду набераи дигарам дар паҳлӯи Ойчечак истодаанд. Инҳо экизак14. Номашон Гулрӯ ва Маҳрӯ. Дар васфи ҳар дуяшон чор хат — чор хат шеъраки ширин ва дилнишин бигӯ, то армони дилашон шикаста шавад. Лекин шарт ҳамин, ки ҳар ду ғазал ҳамқофия бошад, яъне экизак, то дили ҳеҷ кадомашон шикаста нашавад…
Сайфуддин дугоникҳоро ба паҳлуи худ хонду сар то пояшонро бо дидаи борикбин муойина карда, аввал ба васфи Моҳрӯ пардохт:
Эй Маҳи рӯят офтоб шикаста,
Зулфи ту бозори мушкноб шикаста.
Нози ту пирояи ниёз гусаста,
Ғамзаи ту корвони хоб шикаста…
Моҳрӯ бо чеҳраи шукуфта гоҳ ба модаркалонаш менигаристу гоҳ ба аҳли толор, аммо Гулрӯ сар ба зер афканда, бо илтиҷо ба даҳони шакаррези шоир нигоҳ мекард. Сайфуддин вайро маътал надошт:
Эй Гули рӯят ҷаҳон шикаста,
Аз ғамзаи ту синон шикаста.
Мурғест вафои ту чу анқо,
Бар худ қафаси ҷаҳон шикаста…
Каломи шакарбору гуҳаррез ҳамаро ба ваҷд расонд ва шӯридадил гардонд. Турконхотун аламбардори эшон буд ва ангубин бар шакар омехт:
– Қанд ӯр, эй улуғшоир!15 Се гули хандони ман, се набераи зебои ман энг16 аз ту хурсанд.
Қоб!!17
Нидои Худованди оламро шунидан ҳамон пешхидмат дарҳол табақи заррин пур аз нуқра оварду пеши пойи Сайфуддин ниҳод. Турконхотун бо рӯҳияи аввала суханашро идома дод:
— Се гули хандони ман мехоҳанд, ки аз ҷилваи кабки дарӣ, ки ҳамроҳи худ овардаӣ, лаззат баранд. Ман ин корро ба таъхир гузоштам. Ту, ки ба ин духтарак қаловуз18 ҳастӣ, чӣ гуфтанӣ дорӣ?
— Эй садру сарвари бонувони олам, то ҷое медонам, ин кабки хиромон аз кӯҳистони Ворух — дурдасттарин рустои давлати Хоразмшоҳиёни Кабир махсус барои шумо — уммулхалоиқи замон рақси наве тӯҳфа овардааст бо номи «Кабки дарӣ».
— Наход? Чаро ин гапи нағзро худаш нагуфт? Маълум мешавад, ки ҳанӯз гӯсола аст, калла аз каҳдон берун накардааст! Лекин… моли кироӣ, тарбият мекунем. Эй лӯъбатак, канӣ ту?! — Турконхотун ин карат бо чашми ноҳифозӣ сар то пойи Нигинаро шудгор кард. — Пакар нашав, духтар, қомататро рост гир! Як умр аз Ойчечаки ман миннатдор бош, ки мушкилатро осон кард. Аз шоири қаловуз миннатдор бош, ки пеши роҳатро кушод.
Зуд мутрибонро садо кунед! Эй улуғшоир, кабки кӯҳӣ ба ҷилва андоз!
Сайфуддин зуд ба замзама пардохт:
Эй лабат тӯтии шакарпардоз,
Зулфи ту ҳиндуи камандандоз.
Ҳин, ки мурғони андалеби наво
Баркашиданд безабон овоз.
Булбулон аз нишот чу анқо
Боз гаштанд арғунунпардоз
Саъд бартофт гӯшҳои рубоб,
Пардае кард дар Раҳовӣ соз.
Пойкӯбон ба ҷилвагоҳ баро,
Эй кабк, рақсидан намо оғоз!
Ромишгарон бо сарварии Шакархонум дохили тутуқ шуданду дар ҷойгоҳи ҳамешагӣ маътали ишора истоданд. Нигина ҳам аз пешайвон ба майдон гузашту бо чеҳраи шукуфон Турконхотунро нигарист. Ин карат овози хастаи Маликаи бонувони олам фараҳфизо садо дод:
— Шакархонум, бинавоз! Эй кабкрафтор, бихиром!!
Ту ҳунар бинамой, то бувинем. Фақат… аз ёд набарор: на ҳар ки даст ба рақс занад, хиромаш дилпазири мост!
Мусиқӣ танин андохтан ҳамон Нигина маҳин ба ҷилва даромад ва оламу одамро фаромӯш кард. Чун авҷи мақом расид, кабки дариро лаҳзаи ҷунун омад — мисли мастаки шӯрида ба шодӣ садо дардод ва чаммона болу пар афшонд. Турконхотун беихтиёр тарфи кӯлоҳ қаҷ намуда, дар нишемангоҳи хоси хеш бар кабки раққоси хеш хироманда шуд. Нигина мечархиду меболид, бо дасту китфон ва чашму абрувон болу пар меафшонд, ҳар мӯйи гесу ва тори мижгонаш болафшонӣ дошт. Кампири ҳафтодсоларо табъ хуш гашт ва сабру қарор аз даст дод. Чолок аз ҷой хесту тӯзӣ19 аз тан кашид ва бо табъи болида ҳаммароми Нигина шуд. Дигарон низ ба по хестанд ва тутуқ пур аз кабки дарӣ шуд.
Баъди анҷоми рақс Турконхотун пешонии Нигинаро гарм бӯсид ва «Шод бош, аҳсант, рақси зебо дорӣ!» гӯён, як каф ақча20 бахшид. Дигар бибисанамҳо ва гулдухтарон низ момои бузурги худро пайравӣ намуда, ба қадри ҳиммати хеш диноре ё рӯймоле шоҳӣ барояш нисор карданд.