Выбрать главу

Догуланг рўи навзод хам шуд:

- Гўш кун, писарам, падарат номатро мегўяд!

Ва Эрдене-юзбошї гуфт:

- Номат – Ќунан, писари љонам, шунидї – Ќунан.

Онон, гирифтори моњияти он лањзаи умри хеш, чанде хомўш монданд. Шаби сокит буд. Танњо дар бошишгоњи њамсоя саге худ ба худ мељакид ва аз дур шињаи аспе ба гўш мерасид – шояд дар ин нимашаб ватани кўњсор, рўдњои тезоб, марѓзорњои сабзу хуррам ва анвори офтоб, ки пушти аспонро гарм мекард, ба ёдаш меомад…

Навзод, ки акнун соњиби ном шуда буд, бепарво мехобид. Ќисмати тифлонааш низ алњол пањлўи ў ором мехуфт, вале љаста бар по хестанаш дур набуд.

- Ман натанњо дар хусуси номи фарзандамон фикр кардам, - хомўширо халалдор кардаву мўйлабашро бо кафи баќуввати дасташ молида, ѓамгинона гуфт Эрдене-юзбошї. – Дар бораи чизи дигар њам андешидам, Догуланг. Худат медонї, ки бо навзод дар ин љо монданат мумкин нест. Тезтар рафтан лозим.

- Рафтан лозим?

- Оре, Догуланг ва, њар ќадаре тезтар бошад, бењтар.

- Ман њам дар ин бора фикр кардам, вале куљо биравем, куљо? Ту чї кор мекунї?

- Њозир мегўям. Њамроњ меравем.

- Њамроњ? Ин номумкин аст, Эрдене!

- Фаќат њамроњ! Магар дигар хел шуданаш мумкин аст?

- Як бор фикр кун, охир, ту юзбошии тумани ростї!

- Фикр кардам, бисёр фикр кардам.

- Аз дасти хоќон куљо меравї? Чунин љо дар рўи дунё нест! Ба худ биё, Эрдене!

- Оромтар гўшам бикун, Догуланг, ман њамаашро фикр кардаам. Мо сари ваќт, дар шањрњои серодаму бозордору пури оворањо, ки имкон буд, пинњон нашудем. Њамон рўзњо бењуда нагуфта будамат, ки љандаи ѓарибї бипўшему њамроњи мусофирон овораи дунё шуда биравем.

- Кадом дунё, Эрдене?! – Бо алам хитоб кард Догуланг. – Куљост он диёре, ки ба њоли худ зиста битавонї? Аз Худо гурехтан мумкин асту аз хоќон не. Худат медонї – барои њамин њам љуръат накарда будем. Касе њам аз ањли ќўшун чунин љуръат намекунад. Бино бар ин, миёни тарсу муњаббат мондем ману ту бо сирри хеш – ту аз саф рафта наметавонистї, ки њамбањои сарат буд, ман - аз ту, ки њамбањои бахтам. Ва, инак, танњо нестем мо, писар дорем.

Банди изтироби фаровон њарду хомўш монданд. Баъд юзбошї гуфт:

 - Одамон баъзан аз шармандагї, бешарафї, аз љазои хиёнат мегурезанд, мегурезанд, ки љонашонро халос кунанд. Мо маљбурем барои он бигурезем, ки ќисмат фарзандамон додааст, вале бањо њамон хоњад буд. Тарањњум интизор шудан маънї надорад. Хоќон њаргиз амрашро вайрон намекунад. Њоло ки дер нашудааст, гурехтан лозим, Догуланг, илољи дигар нест. Решаи бахту бадбахтї як аст. Бо њам хушбахт будем, акнун – бо њам набояд аз бадбахтї битарсем. Гурехтан лозим.

- Мефањмамат, Эрдене, - оњиста гуфт зан. – Ту, албатта, њаќї. Лекин дар андешаи онам, ки мурдан хуб аст ё зиндагї. Ман ѓами худамро намехўрам. Ман бо ту чунон хушбахт будам, ки ба худ мегуфтам: лозим шавад, мемурам, лекин нишони туро кушта наметавонам. Намедонам, аз доної буд ё аз нодонї, ки дастам пеш нарафт…

- Худатро азоб надењ, Догуланг, ту бояд фикри мурдан ё зинда монданро накунї! Ману ту онеро, ки њанўз таваллуд нашуда буд, ќурбон кардан нахостем. Акнун, ки таваллуд шудааст, ба хотири ў бояд зист. Бояд гурехту зинда монд. Ману ту писар мехостем, охир.

- Ман худамро дар назар надорам. Дигар чиз гуфтан мехоњам. Намедонї, агар маро бикушанд, туву писаракатро зинда мемонанд ё не?

- Бас кун ин гапњоро, Догуланг, маро шарм надорон. Ман чї мегўяму ту чї! Бењтараш, бигў, ки ањволат чї хел аст, ба роњ баромада метавонї? Ту њамроњи Алтун дар ароба меравї, вай аллакай омода аст, ки њамроњиат кунад. Ман – бар-баратон аспсавор, то ки агар њодисае рўй бидињад, рафъ карда битавонам…

- Чизе, ки худат бигўї, - кўтоњакак љавоб дод зардўз. – Бо ту бошам, шуд! Дар бари ту…

Сарњояшонро сўи гањвора хам карда, боз чанде хомўш шуданд.

-Эрдене, - гуфт Догуланг, - мегўянд, ки ба ќарибї ќўшун ба соњили Жаиќ*[‡] мерасад. Алтун аз одамон шунидааст.

- Ња, баъди ду рўз мерасад, чандон ваќти зиёд намондааст. Ба љойњои обхезаш бошад, пагоњ мерасем. Он тараф љангал сар мешавад. Жаиќ њамон љост.

- Калон аст Жаиќ, чуќур аст?

- То Итил бузургтарин дарёи сари роњи мост. На њар асп гузаштааш метавонад, махсусан, љои тезобашро. Шохобњояш рўяктаранд.

- Чуќуру ором аст, бигў.

- Оина барин сокит, лекин тезобљо њам дорад. Медонї-ку: бачагии ман дар даштњои соњили Жаиќ гузаштааст – мо аслан аз ин љоњоем. Сурудњоямон њам њама дар бораи Жаиќанд. Мањтобшабњо замзама мешаванд сурудњои мо.

- Ба ёдам њаст, - андешамандона љавоб дод зардўз, - боре як суруд хонда будї - суруди духтаре, ки аз мањбубаш људо кардандашу худро ба Жаиќ афканд - то њол фаромўшаш карда наметавонам.

- Суруди ќадимаест он.

- Як орзў дорам, Эрдене, мехоњам, рўи абрешими сафед манзараеро зардўзї кунам: об аллакай бањам омадааст ва он љое, ки духтарак худро афканда буд, мављњои мањине ба назар мерасанду халос, дар атроф - рустанињо, парандањо, шапаракњо, вале духтарак нест, ба он алам тоб наовард ў. Мехоњам, ки њар касе он дўхтаро бубинад, суруди пуралами бар фарози дарёи пуралам танинандоз дар гўшаш садо бидињад.

- Баъди як рўз мебинї он дарёро. Бадиќќат гўш кун, Догуланг: шаби дигар бояд ту омода бошї. Њамин ки ман бо аспи эњтиётї пайдо шудам, соати чанде ки бошад, бояд гањвораро гирифта, барої. Таъхир кардан мумкин нест. Дилам мехоњад њамин рўз бубарамат, ба куљое, ки рост биёяд, бубарамат. Лекин атроф – дашти кушод, чор сў – чун дар кафи даст, љое нест, ки сар бизаниву пинњон бишавї. Шабњо њам мањтобї шудаанд. Бо ароба дар ин дашти кушод аз таъќиби саворон дур гурехта наметавонї. Лекин онтарафтар, дар наздикињои Жаиќ, буттазорњо сар мешаванду кор ранги дигар мегирад…

Онњо боз дергоњ машѓули гуфтугў буданд. Гоњ хомўш мешуданду гоњ аз нав ба муњокима мепардохтанд, ки дар остонаи ќисмати ноаёни оянда, ки акнун - бо он тифлаки навзод - се нафаррост, чияшон интизор аст. Майдаяк низ дер мунтазирашон накард – баъди чанд лањза дар гањвора ба љунбидан даромад ва, бабача барин минг-минг карда, гиря оѓоз намуд. Догуланг рўи даст гирифташ ва, аз бетаљрибагї худро гум карда, ба пистонњои хеш љафсаш намуд, пистонњое, ки ин ќадар ба юзбошї шинос буданд, пистонњое, ки дар љўши эњсос бешумор бўсида будашон, пистонњои суфтаву сафеде, ки ў ба пушти лундаяки мурѓобї ташбењашон медод. Акнун пистонњои љонбахши модар буданд онон. Чашмони юзбошї аз њайрату шавќ дурахшиданд ва ў, чизеро аз дил гузаронда, хомўшона сар љунбонд, - чї ќадар ѓам хўрд ў рўзњои охир ва, инак, он чизе, ки дар мўњлати муайянкардаи табиат бояд ба амал меомад, ба вуќўъ пайваст: акнун вай падар асту Догуланг – модар, онњо писар доранду модар тифлакашро сина медињад… Аз ќадим њамин хел аст ин дунё. Алаф аз алаф мерўяду фармонбари табиат аст, њайвон аз њайвон ба дунё меояду фармонбари табиат аст, танњо инсон аст, ки якравона попархам меистаду садди роњи табиат мешавад…

Тифлак чалап-чалап пистон мемакиду аз файзи пистон-мурѓобї бањра мебурд.

- Вой, ќуљ-ќуљакам* меояд, - хушнудона хандид Догуланг. - Ин хел балояк аст-е, часпидаасту дигар људош карда намешавад-е, - мегуфт ў, гўё барои хандаи хушбахтонаи худ маъзарат хоста. – Аз ростї, ки Ќунанмон ба ту бисёр монанд аст. Аждарбача – зодаи аждари калон! Ана, чашмаконашро кушод! Бубин, Эрдене, бубин, чашмони туро канда гирифта-аст, биниву лабњоятро њам…

- Монанд аст, бисёр монанд, - бо майли тамом розї шуд юзбошї. - Касеро ба хотирам меорад ин майдача!