Выбрать главу

- Чї хел – касеро? – њайрон шуд Догуланг.

- Худамро, албатта, худи худамро!

- Мањ, рўи дастонат бигир лундачаро. Сабуке њаст, ки мегўї бачаи заргўш бошад.

Юзбошї ноўњдабароёна тифлакро рўи даст гирифт. Ќуввату вазни дастонаш он лањза дигар нобарљову нодаркор буд ва ў, њайрон, ки чї кор кунаду кафњояшро барои нигоњ доштани он мављуди маъсум чї гуна созгор созад, боэњтиёт тифлакро ба дилаш зер кард, – аниќтараш, наздики наздик намуд ва, барои он њиси нозуки то кунун барояш ноошно ифодаи мувофиќ љуставу аз дарки онлањзаинааш хушбахтона лабханд зада, мутаассирона гуфт:

- Медонї, Догуланг, ин бачаи заргўш не, дили ман аст рўи дастам…

Навзодро зуд хоб бурд. Ваќти ба љои худ баргаштани юзбошї њам шуда буд.

Як поси шаб, аз юртаи мањбубааш баромада, Эрдене-юзбошї ба мањтоб, ки дар фарози дашти Сарой торафт мунаввартар мешуд, нигарист ва якбора эњсоси комили танњої фарояш гирифт. Рафтанаш намеомад, дилаш боз назди Догуланг, пеши писаракаш баргаштан мехост. Садоњои асроромезу пуртанини шаби бардавоми дашт диќќаташро љалб мекард. Аз он ки равонаи юриши Ѓарб онњо бо амри ќисмат шарики корномањои њоќони кабиранд ва, хидмати ўро ба љо оварда, дар айни замон зери хатар ќарор доранд, - њар лањзае љазои ногузири вай барои тавлиди тифл нобудашон карда метавонад, - Эрденеро ким-чизи ноаёну мудњише дармеёфт. Яъне, пайванди онон бо Њокими Чањор Сўи Олам ѓайритабиї, аз њамин лањза ин љониб бо њаёти шахсии худашон оштинопазиру носозгор аст ва, баробари ин, хулоса ягона хоњад буд – бояд фирор бикунанд, озодї дарёбанд, њаёти тифлашон-ро наљот бидињанд…

Базудї Эрдене дуртар аз юрта Алтун-канизакро, ки тамоми ин муддат аспи ўро нигоњубин мекарду аз тўрбаи сафарї љаваш медод, пайдо намуд.

- Хайр, чї хел, бачањакатро дидї? – зуд ба гап сар кард вай.

- Рањмат, Алтун, дидам.

- Номаш мондї?

- Мондам – Ќунан!

- Номи наѓз – Ќунан.

- Ња, бигзор Осмон бишнавад… Акнун, Алтун, гўш кун, ин гапро дигар ќафо партофтан мумкин нест. Ту ба љои хоњарам њастї, Алтун. Барои Догулангу кўдакаш – модаре њастї, ки таќдир фиристодааст. Ту намешудї, ману ў дар ин сафар бо њам буда наметавонистему дарди фироќ мекашидем. Кї медонад, шояд дигар њаргиз њамдигарро намедидем. «Кулўхандозро подош санг аст» мегўянд, мо имрўз кулўхандозем… Ман миннатдорам аз ту, бењад миннатдорам, Алтун…

- Медонам, Эрдене, - гуфт Алтун, - медонам, чиро дар назар дорї. Охир, коре кардаї ту њам - гўшношунид! – Алтун сар љунбонда, илова намуд: - Илоњї, бахубї бианљомад… Медонам, - идома медод ў, - ту имрўз юзбошии ин ќўшуни бузургї, пагоњ нойон мешудиву як умр бо обрўву эътибор мезистї. Он ваќт ману ту чунин сўњбат намекардем. Ту юзбошиию ман – канизак. Ман куљову ту куљо. Лекин ту чизи дигарро интихоб кардї, бо амри дилат рафтї. Ман, ѓайр аз нигоњубини аспат, кўмаке ба ту карда наметавонам. Вазифаи ман, худат медонї, ба Догуланг ёрї расондан аст. Ва ман, ба ў мењр бастаам, чунки ў, ба гумонам, духтари худои њусн аст. Оре, оре! Зебост ў – љои гап нест. Лекин ман чизи дигар гуфтаниам. Дастони Догуланг сењрофаранд – чанд калобаву порае матоъ њар касе њам ёфта метавонад, вале он чизе, ки Догуланг медўзад, беназир аст. Аз худам ќиёс мекунам. Аждарњое, ки медўзад, зинда барин рўи байраќ медаванду ситорањояш рўи матоъ, чун дар осмон, медурахшанд. Гуфтам-ку: њунарманди худодод аст ў. Ман аз ў људо намешавам. Рафтанї бошед, ман њам – бо шумо. Танњо дар роњ азоб мекашад ў, нав халос шудааст, охир…

- Ман њаминро гуфтанї будам, Алтун. Пагоњ, ќарибињои ними шаб, тайёр будан даркор. Мегурезем. Ту бо Догулангу кўдак – дар ароба, ман, лаљоми аспи эњтиётиро гирифта, аспсавор – бар-баратон. Ба дарёбоди Жаиќ меравем. Муњимаш – то бомдод дуртар рафтан, ки сањар аз паямон наафтанд. Он тарафаш осон…

Њарду хомўш монданд. Пеш аз он ки ба асп савор бишавад, Эрдене-юзбошї, сарашро хам карда, кафи дасти харобаки Алтун-канизакро бўсид. Ќисмати мењрубон фиристодааст барои ўву Догуланг ин зани резаандомро, ки солњои зиёде пеш аз ин дар мулки Чин ба асорат афтодаву њамин тавр то пирї канизи корвони Чингизхон монда буд. Зоњиран беш аз њамсафари тасодуфие дар гирдоби юриши Чингизхон ба Ѓарб набуд ўро ин занак. Вале аслан дар рўзњои сарнавиштсози умрашон пуштибони содиќу ягонаи дилдодањо буд. Юзбошї мефањмид, ки дар ин дунё љуз ў, канизак Алтун, ба касе умед баста наметавонад. Ба касе. Дар байни дањњо њазор одамони мусаллањи ба юриши кабир равону бо нидоњои мудњиш набардљў танњо як њамин канизаки пир тарафи ўро мегирад. Як ў танњову бас. Оќибат њамин хел њам шуд.

Беваќтии он шаб, савори саманди пешониќашќааш Оќжулдуз, аз пањлўи ќўшуни дар бошишгоњу ќароргоњњои корвон фориѓ гузашта, юзбошї воќеаи пешомадро меандешиду ба хотири мављуди навзоду бегуноњтарин аз Худо мадад мехост; охир, њар як навзод пайке аз нияти Худост, пайки нияте, ки мувофиќи он замоне ягон кас чун Худо дар сурати одамї зуњур мекунад ва њама мебинанд, ки инсони њаќиќї бояд чї сон бошад. Худо Осмон аст, Осмони бекарон, Осмоне, ки аќл ба даркаш ољиз аст. Ва як ў медонад, киро чї сарнавиште бидињад – кї ба дунё биёяду умр бубинад.

Эрдене-юзбошї кўшиш кард аз рўи зин фазои ситоразорро назора бикунад, фикран Осмонро зорї бинамояду ботинан посухи ќисматро бишнавад. Вале Осмон хомўш буд. Мањтоби танњо, дар намуди сели бунафши анвор, бар дашти Сарой, ки андар оѓўши хобу пурасрории шабистон буд, фурў рехта, дар ављ салтанат дошт…

Сањар, мардумро ба хестан, мусаллању ба аспњо савор шудан, бору бандро ба аробањо бор кардан водор намуда, боз добулбасњо ба ѓулѓула даромаданд ва боз издињоми сањроии Чингизхон, мафтуну маљбури њокимияти тавонои хоќон, сўи Ѓарб роњ пеш гирифт.

Рўзи њабдањуми юриш буд. Ќисми зиёд – љойњои душворгузари дашти Сарой аќиб монд, имрўз-пагоњ дарёбоди Жаиќ оѓоз мешуд, аз он пас роњ сўи Итили бузург – дарёе, ки дунёи хокиро ба ду ќисмат – Шарќ ва Ѓарб људо мекард, тўл мекашид.

Њама чиз чун пештара буд. Пеш-пеш, савори самандњои сиёњмушкин, парчамдорон мерафтанд. Баъди онњо, дар ињотаи кезегулњову ањли рикобаш – Чингизхон. Зери зини ў йурѓааспи дўстдоштааш – Хубаи ёлсафеди думсиёњ мавзун ќадам мезаду дар тори сараш, ноаён нигоњи хоќонро ороставу ѓурури бе ин њам базўр фурўнишини дилашро афзуда, чун њамеша њамсафари људоинопазираш – абраки сафед њаракат мекард. Њељ аз ў људо намешуд он. Дар рўи замин бошад, аз карон то ба карони пањноро пур карда, издињоми одамї – фављ-фављи сарбозон, аробањо, лашкари бењисоби Чингизхон равон буд. Садое чун ѓурриши бањри шўрида фазоро пур медошт. Ва ин њама, тамоми ин сели равони одаму аспу аробаву силоњу дороиву њайвонот, таљассуми ќудрату ќуввати ў буд, ба ў вобастагї дошту аз сарчашмаи ниятњои ў об мехўрд. Ва он лањзањо, рўи зин, ў њамоно дар бораи чизе меандешид, ки касе љуръати андешиданаш дошт ё на – андешааш аз хусуси салтанати дилљўи љањонї, давлати ягонаю љовидонаи рўи замин буд, ки баъди марг њам дар он њукм хоњад ронд. Чї гуна? Тавассути амру фармонњое, ки дар зиндагиаш абадї рўи лавњњои сангин сабт кардааст. Ва, то барљо будани он харсангњо, ки фармонњои собиташон тарзи њукмронии оламро нишон медињанд, амри ў дар ин дунё вољиб хоњад буд.

Рањравон он лањзањо хоќон дар њамин хусус фикр мекарду андешаи љолиби катибањои сангї, њамчун воситаи дарёфти умри абад, аллакай оромаш намегузошт. Ќарор дод, ки бо ин кор њамин зимистон, дар соњили Итил машѓул бишавад. Дар интизори фурсати убур шўрои уламову хирадманду ѓайбдонњояшро љамъ мекунаду андешањои пурбањо-яшро оид ба давлати љовидон иброз дошта, амру фармонњо медињад ва он њама бетаъхир дар харсангњо сабт мешаванд. Он гуфтањо дунёро чаппагардон мекунанд ва олам њама сар ба ќудуми ў меорад. Бино бар ин њам, ў ба юриш равон асту мебояд кулли мављудоти рўи замин ба ин маќсад хизмат бикунад. Ва њар чизе, ки хилофи ин маќсад асту ба комёбии юриш мусоидат намекунад, мањкуми бартараф намудану решакан кардан хоњад буд.