Выбрать главу

Тифлак, сер шуда, боз хоб рафт; љисмакаш рўи дастони нимќати зан, бо эътимоди том осуду нафасгириаш мунтазам шуд ва зан, њамаи он чизеро, ки аз сараш гузашта буд, фаромўш кардаву бонги мудњиши добулбасњоро, ки њанўз дар гўшњояш садо медод, бартараф намуда, ѓарќи эњсоси ширини то кунун ноошнои модарї гардид ва дар он эњсос вањдати файзбори замину осмону пистони саршори шири љонбахшро дарёфт…

Дар ин миён юриш давом дошт… Издињоми бузурги фотењи дунё бо љараёни муќарраршуда љониби Ѓарб мерафту мерафт. Дашт аз ќўшуну корвон ва галаву подањо сиёњї мекард…

Чингизхон, савори саманди бебадалу хастагинопазири њамчун сарнавишт дилфиреб – ёлсафеду думсиёњаш, дар ињотаи посбонону ањли рикоб, аз паси байраќњои парафшон, ки аз коми аждањорњои ќоњирашон шўълањо бармељаст, њаракат дошт. Замин, зери суми оњанини самандњо ѓуввас зада, аќиб шино мекард; ќафо медавиду кам намешуд, балки, бо фазоњои нав ба наваш мунтазам то ба уфуќи дастнорас тўл кашида, торафт меафзуд. Охир надошт он, ки надошт. Ва хоќон, ки дар нисбати бекарониву шањомати замин зарраяке беш набуд, њамаи ин аёну нињонро зери даст оварда, Њокими Чањор Сўи Оламаш эътироф кардани њамагонро ноил шудан мехост. Бино бар ин њам, ба фатњи кишварњо равон буду ќўшунро ба юриш мебурд…

Хоќон, чунон ки мебоист, љиддиву хомўш роњ мепаймуд. Вале касе намедонист, ки дар дилаш чї исёнњост ва касе њам ваќте низ чизе нафањмид, ки банохост воќеаи ѓайричашмдошт рух дод – хоќон ногањон аспашро тез аќиб гардонд, чунон башиддат аќиб гардонд, ки думравонаш ќариб ба ў бархўрда буданду ба зўре ду тараф шуданд. Хоќон, кафи ларзонашро рўи чашм соябон карда, музтарибу бесуд осмонро аз назар мегузаронд: не, абраки сафед аќиб намондаву рањгум назада буд - на дар пеш метофту на дар пас…

Њамин хел ногањон ѓайб зад пораабри сафеде, ки бебадал ўро њамроњї мекард. Дигар на он рўз падид омаду на рўзи дуюму дањум. Хоќонро тарк карда буд он.

Дар соњили Итил рух дод ин њодиса. Чингизхон фањмид, ки Осмон аз ў рў гардондааст. Дигар он сў нарафт ў. Писарону наберањояшро ба фатњи Аврупо фиристоду худ ба Ўрда баргашт, то бимираду дар љои ноаёне хок бишавад…

Ќаторањо дар ин бару бум аз ѓарб ба шарќ мерафтанду аз шарќ ба ѓарб…

Нимањои бањманмоњи соли 1953 миёни ќаторањои мусофирбаре, ки дар дашти Сарой аз шарќ ба ѓарб мерафтанд, ќаторае, бо равонхонаи*[§] махсус дар оѓози хеш, низ равон буд. Равонхонаи бераќами мазкур, ки ба баѓољхона мепайваст, зоњиран аз дигаронаш фарќи казої надошт, вале ин њамсонї танњо дар зоњир буд – як ќисми он шўъбаи пўшида*[**] њисоб меёфту нимаи дигараш, ки аз пўшидахона батамом људо карда шуда буд, чун равонмањбаси ашхоси мавриди таваљљўњи хоси идорањои бехатарї хизмат мекард. Ин даъфа, ба “шарофати” парвандае, ки муфаттиши калони яке аз шўъбањои аљалакори** идораи бехатарии давлатии Ќазоќистон Тансиќбоев бофта буд, чунин шахс Абўтолиб Ќуттибоев ќарор гирифт. Ва акнун, њамроњи худи Тансиќбоеву дастаи пурзўри посбонон, ўро мебурданд дар он њуљраи бандиён. Ба дигар шањрњо, барои рўбарўкунї мебурданд.

Паи дарёфти маќсади хеш устувор касе будааст Тансиќбоев – пурсупосњо рањбарањ њам давом доштанд. Вазифаи Тансиќбоев аз он иборат буд, ки батадриљ шабакаи вайронкори аз ашхоси дар њолатњои шубњанок аз асорати немисњо гурехтаву дар Югославия натанњо бо ревизионистњои ояндаи он кишвар, балки бо разведкаи Англия алоќабарќарор-карда сохтаи хадамоти махсуси душманонро ошкор намояд. Тавассути пурсишњои бардавом, муќоисаи баёноти шоњидон, далелњои мустаќиму ѓайримустаќим ва, муњимаш, тавассути тантанаи шоњи тафтишот – гуноњи худро комилан эътироф кардани айбдоршаван-дагон ва пушаймониашон аз амали хеш фош намудани душманони зархариду то кунун пинњон-шудаи Њокимияти шўравї зарур буд.

Асоси ин корро аллакай гузоштааст ў – дар рафти пурсиш Абўтолиб Ќуттибоев номи ќариб дањ нафар асирони собиќи њарбиро, ки дар Югославия љангида буданд, ба ёд овард; тафтиш нишон дод, ки аксари онњо зиндаву саломат дар гўшањои мухталифи мамлакат умр ба сар мебаранд. Онњо њама аллакай њабс шуда буданд ва, дар навбати худ, њангоми пурсиш боз номњои бисёреро ба забон оварда, рўйхати хоинони югославиро пурра карданд. Хуллас, кор љон мегирифту бо розигии сардорони боло, ки низ ифшои унсурњои душманро њамеша муфид медонистанд, ба марњалаи батамом љиддии хеш ворид мешуд. Зимни зиддияти њардамафзои байналмилалї бо њизби коммунисти Югославия ва Титоро радди маъракаи идеологї хондани худи Сталин барор кардани он бењад муфид мебуд ва натанњо ба оѓозгараш - Тансиќбоев, балки ба бисёр њампешёањояш низ, дар дигар шањрњо, ки бо њамон сабаби истифода аз фурсати мувофиќ “боло” рафтан мехостанд, “њосили фаровон” ваъда мекард. Сарчашмаи мувофиќати амал њамин буд. Ба њар њол, дар Чкаловск (Оренбурги собиќ), Куйбышев, Саратов барин марказњои вилоятњо, ки Абўтолиб Ќуттибоевро барои рўбарўкунї ва пурсишњои муштарак мебурданд, Тансиќбоевро бесаброна интизорї мекашиданд.

Тансиќбоев таъхир намекард, суръату суботи корро дўст медошт ў. Аз назараш пинњон намонд, ки берун шудан аз мањбас ба бандї чї таъсире расонд; медид, ки бандиаш аз паси панљара бо чї дарду њасрат ба дењкадањои пушти тирезаи равонхона гузарон менигарад. Тансиќбоев туѓёни ботини Ќуттибоевро мефањмиду мекўшид бо оњанги ба њадди имкон боварибахш талќинаш кунад, ки ўи муфаттиш ба вай заррае бадї намехоњад, зеро тахмин мекунад, ки гуноњаш начандон калон аст, резидент – рањбари шабакаи љосусие, ки хадамоти махсус барои фурсати мувофиќтар нигоњ доштаанд, низ, албатта ў, Абўтолиб Ќуттибоев, нест ва, агар вай ба тафтишот дар ошкор кардани резидент ёрї расонад ва, муњимаш, инро њангоми рўбарўкунї ошкору ќатъї исбот кунад, гуноњаш хеле сабук мешавад. Хеле. Мебинї, ки панљ-њафт сол пас ба хона, пеши фарзандонаш баргаштааст. Ба њар њол, агар ба кори тафтишот кўмак кунад, аз љазои олї – паррондан халос мешавад, вагарна, њар ќадар зиёдтар пофишорї намояду корро вайрон кунад ва њаќиќатро аз идорањои муљозот пинњон дорад, ањволи худашро батар мекунаду ба ањли оилааш бадбахтии бештар меорад. Он гоњ, аљаб нест, суди махфї ба паррондан њам њукмаш кунад…

Боз як бурди Тансиќбоев дар он буд, ки бандиро талќин менамуд: агар њамкорї кунад, ривоятњои китобаткардааш, билхоса, “Ќиссаи манкурт” ва “Ќатл дар Сарой” ба парвандаи љиної њамроњ карда намешаванд ва баръакс, агар ин корро накунад, Тансиќбоев матнњоро чун тарѓиби пардапўши миллатгарої пешкаши суд месозад. “Ќиссаи манкурт” даъвати зарарноки эњёи забони нодаркору фаромўшшудаи гузаштагон ва муќобилат ба омезиши миллатњост, “Ќатл дар Сарой” бошад, мањкум кардани њокимияти пурзўри олї, шикастани ѓояи бартарияти манфиатњои давлат аз манфиати шахсї, таваљљўњ ба худпарастии пўсидаи буржуазї, номаъќул донистани коллективикунонї, яъне, мутеи маќсади ягона будани њамагон аст ва аз ин њама то маънидоди манфии сосиализм чандон дур нест. Ва, чунон ки маълум аст, њар як вайрон кардани принсипу манфиатњои сосиалистї сахт љазо дода мешавад… Бењуда дањ сол намедињанд ба ашхосе, ки бе иљозат аз сањрои љамъият хўшае чидаанд. Чї љои касе, ки “хўша”-њои идеологї мечинад! Мавод, ки ин хел пешкаш бишавад, суд метавонад, бино бар моддањои иловагї, њукмњои изофа барорад. Барои эътимоди бештар Тансиќбоев якчанд бор хулосањои возењашро оид ба ќиссањои Сарой ќироат кард, оид ба ќиссањое, ки њамчуноне ў гаштаву баргашта таъкид менамуд, нахустсабаби зиндонї шудани Ќуттибоев ва оѓози парвандаи љиної гардиданашон тасодуфї набуд…

Шабонарўзи дуюм буд, ки ќатора роњ мепаймуд. Ва њар ќадар ки ба дашти Сарой наздиктар мешуданд, Абўтолиб, аз тирезаи панљарадор ба пањнои њардамафзо нигариста, бештар ба њаяљон меомад. Соатњои фориѓ аз пурсишњо, баъди талќинњои дилфишору тањдидњои бадхашмона, вай имкон дошт дар зиндонњуљраи оњанкўбаш худ ба худ бошад. Ин њам, чун нимтањхонаи Алмаато, зиндон буд, панљараи тирезањояш мањкамтар буд, ки сусттар не ва дар ин љо њам нигоњи сангдилонаи нозир аз чашмаки дар канда намешуд, вале, бо вуљуди ин, зиндонњуљра њаракат дошт, мунтазам љой иваз мекард ва нињоят дар ин љо ў аз нури пурсўзу чашмбари саќф халос буд; муњимтар аз њама, умеди таскиннопазиру љонсўзе, ки гоњ аланга мегирифту гоњ хира мешуд – умеди аќаллан як назар дидани зану фарзандонаш дар нимистгоњи Бўронї – дилашро гарм медошт. Дар ин ќадар ваќт натавонист, ки ба онњо номаякеву хабараке бифиристад, аз онњо низ сатраке нарасидаш.