Выбрать главу

Аз он даме, ки Абўтолибро дар мошини мањками мањбас ба истансаи Алмаато оварданду ба равонхонаи махсус, ба њуљраи зери назорат шинонданд, дилаш саршори њамин умеду интизорињо буд. Ва њамин ки аз рўи њаракаташ ба самти Сарой рафтани ќатораро фањмид, дилаш пурзўртар ба оњу нола даромад; Худо мегуфт, ки аќаллан бо гўшаи чашм, як лањзањак фарзандонашро бубинад, Зарифаро бубинад, баъд – њарчи бодо, бод, як боракак, як назари гузарон бубинадшон, бас…

Чунон пазмон шуда буд, ки дар бораи ягон чизи дигар фикр карда наметавонист, пайваста Худо мегуфт, ки убури истгоњи Бўронї ба рўз рост биёяд. Илоњо, шаб набошад, торик набошад, илоњо, ќатора аз истгоњ мањз њамон ваќте бигзарад, ки Зарифаю љигарбандонаш њам дар чордевориашон не, дар берун бошанд.

Њамин буд ниёзи ў аз ќисмат. Ниёзе буд њам каму њам бисёр. Лекин, агар биандешї, тасодуфро оё зўр меомад мањз чунин њукм кунад, ки бачањову Зарифа он лањзањо рўи њавлї бошанд; бигзор, бачањо саргарми бозиашон бошанду Зарифа – машѓули либософтобкунї ва њамзамон ба ќатораи гузарон бингарад; бачањо низ, баногоњ дар љояшон биистанду чашм аз тирезаи рўшани ќатора накананд. Ва ё, ногањон чизе рух дињад, ки хеле кам, вале воќеъ мешуд – ќатора бепурсупос чанд лањзаяке сари дуроња ќарор бигирад! Аз ин хаёл љигари Абўтолиб хун шуд: њам дилаш мехост, ки бахте чунин баногоњ рух бидињад, њам намехост – тоби чунин озмоиши мудњиш надорад ў, љобаљо мемирад; аз кўдаконаш њам дареѓаш меомад, ки падарашонро пушти тирезаи панљарадор бубинанд, чї фиѓон мекунанду њолашон чї мешавад… Не, бењтараш, дидор набинанд…

Ва, барои тасаллии хеш, то ќисматро розиву рањим бисозад, ки орзўњояшро амалї бигардонад, ў, аз рўи нишонањои роњи оњан ва истгоњњое, ки дучор меомаданд, беихтиёр ќаринањои гуногуни њаракати ќатораро њисобукитоб мекард - муњим буд бидонад, ки Дуроњаи Бўрониро кадом ваќт мегузаранд. Вале шубњаву изтироб њангоме њам таркаш накард, ки њисобукитобаш нек баромад; охир, ќатора таъхир карда метавонист, дер монда метавонист – чунин њолатњо дар зимистонњои сербарф кам воќеъ намешуданд.

Бисёр аламнок мебуд, ки ќатора нимистгоњро шабона убур кунад, ваќте бигзарад, ки Зарифаву кўдаконаш, бехабар аз он ки падарашон њамагї дањ ќадам дуртар аз хона равон аст, хоб бошанд. Ин аз эњтимол дур набуд ва, бечорагиву вобастагии комилашро ба њукми тасодуф дарк карда, бештар азият мекашид ў.

Абўтолиб боз аз як фалокат бисёр хавф дошту Худо мегуфт, ки аз он амонаш бидињад – мабодо ки муфаттиши шунќорчашм Тансиќбоев пурсиши навбатиашро мањз њангоми убури дуроњаи Бўронї сар кунад.

Чї ќадар монеаву хатарњо буданд, ки бењад берањмона ба таманнои поки як назар пайвандони хешро дидани як инсон муќобилат мекарданд – њамин буд сазои мањбусї ва танњо як чиз шодиву умедаш мебахшид, ки алњол бахташ хандидаасту тирезаи равонзиндон аз рост, мањз аз тарафи дуроњаи Бўронист.

Њама ин андешаву њарос ва шубњаву гумонњо Абўтолибро чандон ба гирдоби андўњ мекашиданд, ки худашро аз ёд мебурд; саропо ѓарќи интизории шадид шуда, дигар дар бораи худ фикр намекард ў, ба моњияти њодиса сар фурў бурдан намехост; тасаввур намекард љиноятњои мудњише, ки Тансиќбоев ба вай мечаспонаду бораш мекунад, ба сараш чињо меорад; ин муфаттиши мунтазам толиби иќрори ў мутаассибонаву бешармона маќсади азмкардааш – ифшои шабакаи худаш бофтаи љосусњои душманро, ки гўё њанўз аз солњои љанг амал мекардааст, ноил шуданї буд; фош намудан мехост онро, то несту нобудаш бикунаду давлатро аз хатар эмин бидорад.

Тансиќбоев, ки на Рањмонро мешинохту на шайтонро, чун Рањмону чун шайтон њама чизро ба њисоб гирифтаву ќаблан муќаррар карда буд ва акнун танњо амал мебоист. Бино бар ин њам, равон буд ў, бино бар ин њам, дар равонмањбас Абўтолиб Ќуттибоевро рўбарўкунї мебурд, то ин корро саранљом бисозад.

Абўтолиб бошад, аз Худованд фаќат як талаб дошт – мехост чизе халал нарасонадаш, ки аз тирезаи равонхона аќаллан як лањза бачаяконаш Эрмаку Довулро бубинад, Зарифаро бубинад, бори охирин бубинад, барои умрбод бубинад. Зиёдтар аз ин дар зиндагї чизе намехост ў, бо њасрат дарк мекард, ки аз азал дар пешониаш њамин хел навишта будаанд; њамон дам вопасин лањзаи бахташ хоњад буд, дигар ў њаргиз ба хонадонаш барнахоњад гашт, зеро айбе, ки Тансиќбоев - Тансиќбоеве, ки пешорўяш ў билкул бењимояту бењуќуќ аст ва, табиист, пешорўи њокимияти абарќудрат низ њамин гуна њимояту њуќуќе надорад, - ба гарданаш бор кардааст, љуз марг, марги фаврї ва ё батадриљи дар лагерњо, боре намеорад. Абўтолиб ба хулосаи ногузир расид, ки ќурбонии комили дасти Тансиќбоев аст ў. Дар навбати худ, Тансиќбоев як мурватчаи сохти бемаънии муљозотии мунтазам ќудратафзое беш набуд. Ва ин сохт зидди душманоне, ки њаракати љањонии сосиализмро боз-доштан мехостанду тантанаи коммунизмро дар рўи замин монеъ шуданї буданд, беамон мубориза мебурд.

Њамин ки ин ифодаи пурсењру љоду боре ба касе чун айбнома пешнињод шуд, дигар роњи халосї набуд. Натиља танњо ва танњо љазое – паррондан, биступанљ, понздањ ва ё дањ сол мањбусї – буда метавонисту бас. Натиљаи дигар пешбинї нашуда буд. Касе њам дар чунин мавридњо натиљаи дигарро интизор намешуд. Њам љафокаш ва њам љафокор яксон мефањмиданд, ки ин тасвияти љодугарона, баъди эътибор пайдо кардан, љазодињандаро натанњо пуштибонї мекунад, балки, беш аз ин – ўњдадор месозад, ки барои решакан намудани душманон аз тамоми воситањо истифода бубарад ва љафокашро, ки пеши деви дигарандешихор чун ќурбонии навбатиаш афкандаанд, вазифа-дор мекард саранљоми худро чун зарурати томе бипазирад.

Њамин хел њам шуд. Ќатора дар дашти Сарой мерафту мерафт ва Тансиќбоеву муљримаш дар як равонхона мусофират доштанд, то бо њам ва дар айни замон њар яке ба тарзи худ кори ба манфиати зањматкашон муфид – ифшои навбатии душманони пинњоншудаи мафкуравиро ба иљро бирасонанд, вагарна сосиализм имконнопазир мегардаду дар шуури оммањо нопадид мешавад. Бино бар ин, бетанаффус бо ким-кињо мубориза кардану ким-кињоро фош намудану ким-кињоро аз байн бурдан талаб карда мешуд…

Ќатора њамоно мерафту мерафт. Абўтолиб, ки таќдирашро заррае таѓйир дода наметавонист, ноилољ ба ќисмати пешонї, чун ба балои рафънопазире, тан дод. Акнун асли воќеаро чандон мутеъонаю навмедона мепазируфт, ки ќаблан бааламу ноилољона муќобилаташ мекард. Ў торафт бештар имон меовард, ки аз нав ба дунё биёяд њам, аз бархўрд бо ќудрати бечењраю ноодамонае, ки Тансиќбоев тимсолаш аст, гурехтан муяссараш намешавад. Ин ќудрат аз љангу аз асорат њам дањшатноктар будааст, зеро фалокатест бемўњлат ва шояд аз замони офариниши дунё бардавом. Эњтимол Абўтолиб Ќуттибоев – як омўзгори оддии мактаб – нафаре аз он абнои башар аст, ки љаримаи азияти бекории бардавоми шайтонро мекашанд; љаримаи замонеро, ки њанўз инсон дар пањнои Коинот пайдо нашуда буд ва баъдан пайдо шуду ягона миёни њама мављудоти рўи замин њамоно ситорааш бо ситораи шайтон мувофиќ омад ва рўз ба рўзу аср ба аср тантанаи шарро роиљ кардан гирифт. Оре, танњо инсон ба ин дараља золим баромад. Ба ин маънї Тансиќбоев барои Абўтолиб тимсоли азалии шайтанат буд. Ва, аз ин рў, дар як ќатор, дар як равонхонаи махсус, бањри иљрои як кори фавќулмуњим равон буданд онњо.

Тансиќбоевро дар истгоњњои гуногун њамхизматони мањаллиаш пешвоз мегирифтанд ва, яке ба расми ёриву дигаре ба таќозои њамкорї рањтўшањои хўрданиву нўшиданї оварда, аз кораш мемононданд. Ва ин Абўтолибро хурсанд мекард, зеро барои пурсишњои пуразоб њарчи камтар ваќт мемонд.

Махсусан, дар вокзали Ќизилўрда зўр пешвозаш гирифтанд дўстони њампеша – ба равонхона таоме оварданд, ки рўяш бо сачоќи сафед пўшида буду њанўз њавраш мебаромад. Дар долон давуѓечи посбонон, ки зиёфатро ќабул мекарданд, сар шуд. «Ќазї! Ќабурѓа! – баиштињо пичиррос зад якеи онњо. – Чї хел бўи наѓз! Дар шањр ин хелаш нест, ин гўшти сањрост!»