Выбрать главу

«Худоё, - аз дил мегузаронд Абўтолиб, - барфатро нигоњ бидор. Сабр кун каме. Ваќти барфборї меёбї баъд. Мешунавї, худоё? Илтиљо мекунам!» Мух задаву дастонашро байни зонувонаш фишурда, мекўшид њушашро љамъ биёрад, тоќат бикунад, ба худ фурў биравад, то фоли ќисматашро халалдор насозаду чизеро, ки аз сарнавишт дархоста буд – аз тирезаи ќатора дидани зану фарзандонашро – интизор бишавад. Бошад, ки онњо њам ўро бубинанд… Субњ, ваќте ки зери назорати посбон дар њољатхона дастурў мешуст, ба оинаи зангорбастаи болои дастшўяки зангзада нигаристу худро пуркидарангу мурдасон хазончењра, чандон хазончењра, ки њатто дар асорат ин хел набуд ва тамоман мўсафед дарёфт; чашмонаш њам чун пештара не – аз њасрат бенур шудаву пешониашро ожанг зер карда буд… То њол пирї дар хаёлаш њам намеѓунљид… Бачаяконаш Довулу Эрмак ва Зарифа бубинанд, гумон аст бишносандаш. Њатто шояд аввал бињаросанд. Вале баъд чи хел шод мешаванд онњо; ў низ, њамин ки ба хонадонаш баргашту дар бари фарзандону њамсараш осудагї дарёфт, боз батадриљ асли ќадим мешавад…

Дар ин хусус андешида, боз ба тиреза чашм давонд Абўтолиб. Ана, боз љоњои шинос – ду тараф пуштањову байнашон – хамгаште. Орзў дошт, ки ягон ваќт бачањои Бўрониро ин љо биёрад, то пушта ба пушта, чун рў-рўи амвољ, хурсандона нидо намуда, даводав кунанду даводав…

Њамин ваќт калидњои дари њуљразиндон баланд садо доданду дар кушода шуд. Дар остона ду нозир меистоданд.

- Ба пурсиш баро! – Фармуд калонашон.

- Кадом пурсиш? Барои чї? –Беихтиёр баромад аз дањони Абўтолиб.

Нозир њатто мутааљљиб ќадаме сўяш монд, ки мабодо аз аќл бегона шуда бошад:

- Чї хел «ба кадом пурсиш»? Њоло њам намедонї–чї? Ку зуд баро!

Абўтолиб маъюсона сар ба зер афканд. Панљарааш намешуд, бе ягон фикру хаёл бод барин аз тиреза берун мепарид… Лекин чї илољ – маљбур аст итоат кунад. Насиб набудааст. Акнун, аз дилу љон ба тиреза часпида, он чизеро, ки ин ќадар интизориаш мекашид, намебинад. Абўтолиб, чун одаме, ки бори гароне ба дўш дорад, оњиста аз љо хест ва зери назорати посбон, њамчунон ки тањи дор мерафта бошад, сўи равонњуљраи*[‡‡] Тансиќбоев ќадам монд. Ќадам монду шўълаи охирин умед, ки дар пеш боз якунимсоата роњ асту шояд то он ваќт пурсиш тамом бишавад, дар дилаш рўшан шуд. Њамин буд ягона умед. То равонњуљраи Тансиќбоев њамагї чањор ќадам буд, вале бо чї машаќќати тўлоние тай кард онро Абўтолиб.

Муфаттиш бесаброна интизораш буд.

- Биё, Ќуттибоев, биё, камтар кор кунем, - љиддияти чењраву овозашро риоя намудаву манањи навтарошидаашро, ки атри тезбўе шакида буд, молида, нигоњашро ба Абўтолиб дўхт Тансиќбоев. – Бишин, иљозат медињам, бишин. Шишта гапзанон кунем, њам ба ту ќулай мешаваду њам ба ман.

Посбонон, ки омода буданд баробари нахустнидо пайдо бишаванд, паси дар монданд. Шунќорчашмро куштан имконнопазир буд. Чизе набуд, ки бо он куштааш бишавад. На шишае ба назар мерасиду на истаконе, њарчанд ин ашёро тасодуфан дар њуљрааш мондани шунќорчашм имкон дошт. Бўи араќу хуришњо аз ин дарак медод.

Ќатора њамоно, чун пештара, дашти Саройро бурида мерафту то дуроњаи Бўронї торафт камтар роњ мемонд. Вале Тансиќбоев шитоб надошт, батакрор ким-чї хел навиштањоро мехонду дурудароз коѓазњояшро љамъу парешон мекард. Абўтолибро тобу тоќат намонду саропо бемадору љонбезор шуд дар он чанд лањза – њамин хел гарон буд даъвати навбатии муфаттиш. Оќибат ба Тансиќбоев гуфт:

- Ман интизорам, гражданин сардор.

Тансиќбоев мутањаййирона сар бардошт:

- Интизорї? – њайратзада гуфт ў. – Чиро интизорї?

- Пурсишро. Саволњоро…

- Ана, ин – га-а-п! – кашоласухан гуфт Тансиќбоев, шодмониашро фурў нишонда. –Хайр, бад не ин, бад не, Ќуттибоев, рости гап, бисёр хуб аст, ки айбдоршаванда, чунон ки мегўянд, ба ихтиёри худ, аз карда пушаймон, интизори пурсиш бишаваду ногуфтањояшро бигўяд… Пас, гуфтание дорад, асроре дорад, ки бояд пеши маќомоти тафтишот бикушояд. Њамин хел не? – Тансиќбоев фањмид, ки пурсишро имрўз мањз њамин тавр, тањдидро ба оњанги фиребои хайрхоњона бадал намуда, бурдан лозим аст. – Маълум мешавад, ки, - идома дод ў, - гуноњатро фањмидаї ва, фарз кардем, худат низ, душман њам бошї, ба маќомоти тафтишот дар мубориза бо душманони Њокимияти шўравї ёрї расонданиї. Муњим он ки барои ману ту чизи аввалиндараља, аз падару модар њам азизтар, Њокимияти шўравист, албатта, њар касро ба тарзи худ, - вай, ќонеъона лањзае хомўш монда, баъд илова кард: - Ман аз аввал мегуфтам, ки ту, Ќуттибоев, бааќл одамї. Ва њамеша умед доштам, ки забони њамдигарро меёбем мо. Чаро хомўшї?

- Намедонам, - номафњум љавоб дод Абўтолиб, - намефањмам, ки гуноњам чист, - илова намуд ў, дуздона аз тиреза ба берун нигариста. Ќатора бошиддат равон буду дашти Сарой, зери осмони гирифтаи овезон, чун дар кинои беовоз, бо суръати бењад аќиб мегурехт.

- Гапи маро гўш кун, Ќуттибоев, биё, рўирост гап бизанем, - давом дод Тансиќбоев. – Бидон, ки бењуда шоњ барин дар вагони махсус намебарандат. Ин хелаш њамту нашудааст. Барои андак-мандак гуноњ дар купеи алоњида намебаранд. Яъне, ту дар ин тафтишот шахси муњимї. Ба ту вобаста аст бисёр чизњо. Бино бар ин, талабот њам махсус аст аз ту. Фикр кун. Сахт фикр кун. Ва гапи маро бишнав: имрўз, беваќтии шаб ба Оренбург, ба Чкаловск яъне, мерасем. Он љо моро интизоранд. Нуќтаи аввалина-мон аст он. Медонї, ки дар он љо ду шарикат зиндагї мекунад – Попов Александр Иванович ва Њамид Сайфуллини тотор. Њардуяшон, воќеан, аз рўи баёноти ту, мањкаманд аллакай. Њарду њам ќоил шудаанд, ки бо ту дар Бавария асир будаанду баъд њамроњ гурехтаед. Воќеан, ана, њаминаш шубњанок, ки танњо бригадаи шуморо аз кони санг гурехтан муяссар шудааст. Мо њоло инро месанљем. Баъд дар Югосла-вия фаъолият доштед ва онњо њарду шањодат медињанд, ки бо миссияи Англия вохўрдаед. Ту наѓз медонї, ки ман чиро дар назар дорам. Дар ин бора ту дар ёддоштњоят навиштаї, бояд гуфт, ки аљиб навиштаї. Мо медонем, ки Попов резидент асту Сайфуллин – ёрдамчї, дасти росташ. Албатта, ту, Ќуттибоев, дар ин дастгоњи љосусї он ќадар одами муњим нестї, бино бар ин, агар ба тафтишот ёрї бирасонї, гуноњат сабук мешавад.

- Чї хел дастгоњи љосусї? Гуфтам-ку, баъди соли чилупанљ, аз тамом шудани љанг ин љониб надидаам онњоро, - сухани Тансиќбоевро бурид Абўтолиб.

- Ин муњим нест. Тамоман муњим нест. Шарт не шахсан, рўбарў дидан. Касе миёнарав буда метавонад. Фарз кардем, њамон Едигей Љонгелдини њаќиќатпараст њаргиз ба Оренбург ё ягон шањри дигар нарафта буд? Шумо ба воситаи ягон каси дигар њам метавонистед алоќа кунед. Як фикр кун аввал.

- Едигей ба Оренбург савори шутураш Ќаранор рафт бигўям, мешавад? – худро дошта натавонист Абўтолиб.

- Боз њамон гапњо, Ќуттибоев. Бењудаанд ин њама, бењуда. Ман ба хубї гап бизанам, ту худатро намешиносї. Саркашї – танњо бар зарари худат. Ѓами Едигейро њам нахўр. Лозим шавад, ўро њам мањкам мекунем, бо шутураш мањкам мекунем. Бихоњї, ки ба ў даст нарасонем, дар рўбарўкунї ѓам нате.

Ќаторакаш ба ќаторае, ки аз он сў меомад, дурударозу сахт нидо кард. Фиѓони гўшхарошаш дили Абўтолибро реш-реш намуд. То дуроњаи Бўронї торафт камтар ваќт мемонд. Гуфтањои шунќорчашм Абўтолибро ба вањм овард. Барои ин ќувва дар тамоми кишвар имконнопазир коре нест. Лекин њоло ўро беш аз њама он чиз дилтанг мекард, ки Тансиќбоевро ногоњ хуши гапзанї омада буду пурсишро њељ хотима додан намехост.

- Хуллас, - коѓазњоро аз пешаш дур кардаву ба Абўтолиб нигариста, хомўширо халалдор намуд Тансиќбоев, - боварї дорам, ки њамдигарро мефањ-мем, халосиат танњо дар њамин аст. Рўбарўкунии Оренбург чизи асосиро маълум хоњад кард – ё ту ба ман ёрї дода, ба гуфтаам кор мекунї, ё ман њама корро мекунам, ки биступанљ сол ё шояд њукми паррон бигирї, он ваќт пушаймонї судат намекунад. Њамаашро худат наѓз мефањмї. Њоло навбати худи Тито њам мерасад, Титое, ки шумо ин ќадар солњо дар хизматаш будед. Ин кор зери назорати худи Иосиф Виссарионович аст. Ягон кас бељазо намемонад. Њамаро берањмона решакан мекунем. Хуллас, азизам, шукр кун, ки ман бадї намехоњамат. Ту њам набояд ќарздор бимонї. Маќсад фањмо?