Выбрать главу

Дар њамин бора меандешид он шаби мењмонї Тансиќбоеви шунќорчашм ва, пушти миз нишаставу њар замон миёни сўњбат луќмањо партофта, мисли шиновари дарёи пуртуѓён, он лањза дар гирдоби њирсу раѓбати хеш шино мекард. Ва танњо занаш Ойќумис, ки шавњарашро хуб медонист, пай бурд, ки бо ў ким-чї рух додааст ва, чун даррандаи хашмї, ки нимашаб ба шикор баромадаву бўи сайдро гирифтааст, ба кадом як иќдоме тайёрї мебинад. Занак инро дар чашмони ў, ки нигоњи устувори шунќоронаашон гоњ сард мешуду гоњ бо дуди эњтирос пўшида, диду пичиррос зад: «Њамроњи њама мехезему рост хона меравем». Тансиќбоев бо дили нохоњам сар љунбонд. Дар пеши мардум эътироз накард, њарчанд ки лозим буд. Дар майнааш наќшаи наву васеътари амалиёт такмил меёфт. Охир, њамроњи Ќуттибоев боз бисёр касон дар њайати партизанњои югославї буданд, њарчанд ки имрўз аз мушхонањояшон намебароянд, мантиќан онњо низ баъзе чизњоро медонанду ба хотир оварда метавонанд. Ќуттибоевро маљбур кардан душвор нест, ки фаъолтаринњояшонро бигўяд. Маводи заруриро омўхтан даркор, худи пагоњ дархост бояд дод. Ва ё шахсан њарчи зудтар ба марказ бояд рафт. Кофтаву ёфта, Ќуттибоевро маљбур намудан лозим, ки нуктањои даркориро тасдиќ кунад. Дар асоси шањодати ў, асирони собиќи њарбиро, ки дар Югославия љангидаанд, гунањкор намуда, барои њангоми тафтиши комиссияи бозгардонданашон ба Иттифоќи Советї хабар надодану пинњон кардани ниятњои хоинонаи ревизионистњои югославї ба љавобгарї кашидан лозим. Ин навъ одамон шояд њазорон нафар бошанд, мебояд ин фикрро - зудтар ва бењтараш дар шакли хатчаи махфї – ба боло расонд; њамаи онњоро аз осиёби пурсишњо гузаронида, ба лагерњо њай кардану ба ин кор хотима гузоштан даркор…

Ин фикр, ки дар сари мизи пур аз анвои хўрданию нўшиданї аз дилаш гузашт, Тансиќбоев рўњбаландї эњсос кард, аз роњату эњсоси ќаблии гардиши наве дар зиндагиаш боз нўшидану хўрдану сурудану бо њамнишинњо шўхї намуданаш омад. Вай њамнишинњоро бо нигоњи чашмони пурасрор дурахшонаш аз назар гузаронд; њама њозирон худї, азизу ќарин, аз як хок ва, аз ин рў, он лањза чунин дилљў буданд ва ин одамони ба љону дил наздик пай намебурданд, ки шоњиди лањзаи тавлиди фикрњои бузурги ўянд. Аз ин эњсос хуни гарм дар сараш туѓён мекарду дили шоду пурфарањаш тезтар мезад.

Ин ният Тансиќбоевро њатман ба зинаи баланд-тари мартаба мебурд. Кори бааќлонаю мантиќї: њар ќадаре ки душмани пинњоншударо безарар гардонї, њамон ќадар худ бурд мекунї. Чунин пешомад дилро пурфарањ мекард. Ва ў бо ифтихор аз дил гузаронд: «Одамони бааќл, ана, њамин хел кор мекунанд! Ман низ, њазор мушкил ба сарам биёяд њам, аз ин роњ намегардам!» Хоњише пайдо шуд, ки бетаъхир ба кор сар бикунад – њамоно мошин љеѓ бизанаду ба он љо, ба нимтањхонаи тирезањояш панљарадор, ки изолятори тафтишотї ном дораду Абўтолиб Ќуттибоев он љост, бишитобад ва њамин замон ба кор шурўъ бинамояд – ягон лањзаро аз даст надода, дар худи њамон љо, дар камера ба истинтоќ бипардозад, чунон истинтоќе, ки аз тарсаш дар бадани мањбус љон намонад. Ва рўирост фарљоми корашро бигўяд: агар Ќуттибоев гуноњашро ба гардан бигираду супоришњои Англияву Югославия-ро иќрор кунад ва њамаи онњоеро, ки њамроњаш партизанї мекарданд, бигўяд, мувофиќи моддаи 58, банди 1 «б» 25 сол мањкумии лагер мегирад, агар не – барои хиёнат, њамкории љосусї бо хадамоти махсуси хориљї ва вайронкории мафкуравї миёни ањолии мањал парронда мешавад. Бигзор наѓзакак фикр кунад.

Љараёни ин њодисотро тасаввур карда, Тансиќбоев бисёр чизњоро пешбинї намуд: њам чї хел сурат гирифтани бозпурсї, њам якравї кардани Ќуттибоеву чорањоеро, ки барои шикастани ў ба кор бурдан лозим меояд; вале њамзамон медонист, ки мањбусаш роњи гурез надорад, зинда мондан бихоњад, ягона илољаш њамин аст. Албатта, якравона худро сафед мекунад, ки гуноње надорад, гуноњи асоратро, силоњ ба даст, дар љанги якљоя бо партизанњои югославї, захмї шудаву хун рехта, љуброн кардааст, бо анљоми љанг аз тафтиши комиссияи бозгардондани асирон гузаштаасту баъдан аз сидќи дил зањмат кашидааст ва ѓайраву њоказо. Лекин њамааш бењуда. Аз куљо медонад Ќуттибоев, ки ў на бад-ин сифат, балки тамоман ба сурати дигар лозим аст. Ва дар он сурате, ки лозим аст, чун сарриштаи маъракаи томи решаканкунии душманони пинњоншуда хизмат мекунад. Ў ба сифати нахустњалќае лозим аст, ки занљири тамоме аз пас дорад. Волотар аз манфиати давлат чї њам буда метавонад? Баъзењо гумон доранд, ки њаёти одамї. Содањо! Давлат бухориест, ки њезумаш одамонанд Ва як лањза бе чунин њезум бимонад, хомўшу сард мешаваду дигар ба кор намеояд. Вале, аз љониби дигар, њамон одамон низ бе давлат вуљуд дошта наметавонанд. Яъне одамон худ маросими сўхтани хешро баргузор мекунанд. Аловмонњо бошанд, бояд пайваста њезум бипартоянд. Ана, ба њамин равиш барљост ин дастгоњ.

 Зимни баъзе чизњои як ваќтњо дар мактаби њизбї оид ба таълимоти классикї шунидааш фалсафаронї кардаву дар бари занаш, ки фикрњояшро баосонї мехонд, нишаста ва сўњбати њамнишинњоро шунидаву об дода, Тансиќбоев пеши асрори офариниши одам лол мешуд. Ана, масалан ў, дар маъракаи мењмонони азиз нишаставу вонамуд мекунад, ки бо њама вуљуд банди моњияти ин лањзањост, вале дар асл хаёлњои билкул дигар дорад. Кї тасаввур карда метавонад, ки ў чї ният дораду дар дилаш чї наќшањое тарњрезї мешаванд?! Дарки он ки андар ўи оромакак сари миз нишаста ким-чизи харобкору ногузири вобастаи як иродаи вай нињон асту ниятњояш, ки ќудрати нињонашон, баробари амалї шудан, одамонро назди ў ва, тавассути ў, пеши худи Худо-Њокимият ба зону задан маљбур мекунад, ва , бино бар ин, ў яке аз зинањои афзуну бо вуљуди ин, ангуштшумори пояи мудњиши Худо-Њокимият аст, вуљудашро чун њини дидани таоми лазиз ва ё интизории карахтонаи љимоъ, роњату беќарорие мебахшид. Ва, баробари нўшидани њар як ќадањи навбатї, ин раѓбат меафзуду дар шакли бемадорие вуљудашро фаро мегирифт ва ў, ба як зўре ба худ талќин карда, ки иљрои наќшаашро аз пагоњ дер намемонад ва њоло ваќти кофї дорад, худро нигоњ медошт.

Љузъиёти парвандаи ояндаро хаёлан тањурў карда, Тансиќбоев аз матонати маќсаду мантиќи нияти хеш эњсоси ќаноатмандї намуд. Бо вуљуди ин, њис мекард, ки њанўз чизе намерасад, лозим буд, ки боз чизи наве дарёбад, гўё далелњое њанўз корбаст нашудаву чунон ки мебояд, мавриди дарки амиќ ќарор нагирифта буданд.

Масалан, ишорањои Ќуттибоев аз вазъи манкурт нињонї чизе дорад, охир. Манкурт! Манкурти фирефтае, ки модари худро куштааст! Албатта, ривояти ќадима аст он, вале Ќуттибоев, ки онро сабт кардааст, зимнан чизеро дар назар доштагист?! Бењудаву тасодуфї бо чунин љидду љањд ва муфассал рўи коѓаз наовардааст он ривоятро. Манкурт, манкурт… Чї нуктае нињон аст ин љо, агар рамзест, чї маънї дорад? Ва, муњимтар аз њама, Ќуттибоев ќиссаи манкуртро дар фаъолияти вайронкориаш чї хел, дар кадом шакл, ба чї тарз истифода бурданї буд? Хира-хира ким-чизи аз назари идеологї шубњанокеро дар ривояти манкурт пай бурда бошад њам, Тансиќбоев њанўз онро ќатъї изњор карда наметавонист, њоло пурра бовар надошт, ки мањбусро муттањам намуданаш муяссар мешавад. Хайр, ќиссаро, чунон ки дар ин мавридњо роиљ аст, зиддихалќї бигўяду мањз барои њамин ба љавобгариаш бикашад-чї? Дар ин љињат Тансиќбоевро салоњият камтар буд, инро худаш хуб мефањмид. Ба ягон олим мурољиат кардан даркор. Ифшои миллатчиёни буржуазї, ки имрўз ќайдаш карда истодаанд, њамин хел сурат гирифт-ку – аввал гурўњеро дарёфтанд, ки дар миллатчигию бар зарари даврони сталинї тавсиф намудани гузашта айбдораш кунанд ва њамин кофї буд, ки осиёб рўзу шаб гардон бошад. Не, ягон сир њаст, ки Ќуттибоев он ќадар бо љидду љањд ќиссаи манкуртро рўи коѓаз овардааст. Боз як бор бодиќќат њар як калимаро бояд хонд ва агар ягон асосаке пайдо бишавад, тањияи ќиссаро њам истифода карда, ба парванда афзудан ва чун гуноњ ба кор бурдан лозим.

Ѓайр аз ин, аз байни коѓазњои Ќуттибоев матни боз як ќисса бо номи «Ќатл дар Сарой», ки аз замонњои Чингизхон ривоят мекунад, пайдо шуд. Тансиќбоев, ки дар ибтидо ба он ќиссаи доќиёнусї ањамият надода буд, танњо акнун ба хаёл рафт. Охир, дар он њам, агар наѓзакак биандешї, кинояи сиёсие метавон дарёфт.