Выбрать главу

Бино бар ин њам рух дод ќатл дар Сарой, ки ќиссаашро солњои зиёде пас, ба бадбахтии хеш, Абўтолиб Ќуттибоев рўи коѓаз овард…

Боре, њангоми шаббош, саворапосбонон мавќеи ќўшуни тумани ќаноти ростро аз назар гузаронданд. Берун аз бошишгоњи сарбозон истгоњи корвону галабонону дигар ањли хидмати юриш љойгир буд. Посбонон аз он њам сарфи назар нанамуданд. Низоми комил њукм меронд. Одамон, ки аз ин сафари беохир хаста шуда буданд, дар њама љо – дар юртањо, хаймањо, аксаран зери осмони кушод, назди гулханњои нимсўз, пањлўи њам мехобиданд. Атроф сокиту кулли юртањо торик буданд. Талояи савора тафтишро анљом медод. Се нафар сарбози он, аспњояшонро нигоњ дошта, аз кадом хусусе сўњбат мекарданд. Сарбозе, ки сари талоя буд, - савораи тануманди телпаки юзбошї бар сар, - ба овози паст амр дод:

- Хайр, шуд, шумо рафта ѓанаб кунед, ман боз каме њамин љоњоро аз назар мегузаронам.

Ду савора рафтанд. Юзбошї, аввал атрофро бодиќќат назораву гўш карда, баъд аз асп фуромад ва, онро этак намуда, аз назди корвону устохонањои сафарї, аробањои беаспи саррољону дўзандагон ва силоњсозон сўи юртаи танњои канори бошишгоњ ќадам зад. Ў, сарашро хам кардаву ба садоњои атроф гўш дода, андешамандона мерафту анвори моњи афлок тарњи рўи калонаш ва чашмони хира-хира дурахшони аспашро, ки ањлона аз аќиб равон буд, рўшан мекард.

Эрдене-юзбошї ба юртае наздик шуд, ки аз афти кор, интизораш буданд. Аз юрта зане, рўмол бар китфон, баромад ва мунтазирона назди дари он истод.

- Самбайну*[†], - садояшро пахш карда, ба зан салом дод ў, ва ташвишомез пурсид: - Чї њол доред?

- Њамааш наѓз, шукри Осмон, кор ба хубї анљомид. Дигар ташвиш нашав, - пичиррос зад зан. – Интизорат аст вай, бисёр интизор.

- Ман њам аз љону дил диданаш мехоњам! – љавоб дод Эрдене-юзбошї. - Аксии корро бинед, ки нойон ба њисобукитоби аспњо сар карду се рўзи дароз аз байни гала баромада натавонистам.

- Њељ гап не, Эрдене, худро нахўр. Ин љо њам мешудї, аз дастат чї кор меомад? Аз пеши чашми мардум дур бошї, бењтар. – Занак, тасаллибахшона сар љунбонда, илова намуд: - Аз њама муњимаш – наѓз гузашт, осон таваллуд кард. Ягон бор њам дод назад, тоќат кард. Сањарї дар аробаи пўшида љо кардамаш. Њамааш наѓз, гўё њодисае рўй надодааст. Бисёр олиљаноб аст занат… Ња, чї ин ќадар лаќќидам ман! – Ба худ омад занак. – Бози давлате, ки сари китфат нишаст, насибат кунад! – Муборакбод намуд ў. – Барои писарат ном биёб.

- Осмон дуоятро мустаљоб гардонад, Алтун! Ману Догуланг умрбод аз ту миннатдорем. Ном бошад, меёбем, ѓам нахўр.

Эрдене лаљомро ба занак дод.

- Ташвиш нашав, Эрдене, чї ќадар ки лозим бошад, нигоњубинаш мекунам, - гуфт Алтун. – Бирав акнун, бирав, ки Догуланг бисёр интизорат аст.

Юзбошї, лањзае истода, шиддати эњсосашро фурў нишонду баъд назди юрта рафт, пардаи мањкаму вазнини намадиашро нимво кард ва, хам шуда, дарун даромад. Дар мобайни юрта гулхани калоне месўхт ва ў, дар партави хираву заифи он, Догулангашро дид, ки пўстини савсор ба китф, дар кунљи боло нишаста буду бо дасти рост оњиста-оњиста гањвораи бо кўрпаи лаганда пўшидаро мељунбонд.

- Эрдене! Ман ин љоям, - оњиста юзбоширо садо кард ў. – Мо ин љоем, - шармин табассум намуда, худро ислоњ кард пас.

Юзбошї, саросема силоњи хеш – тирдону камону шамшери дарѓилофашро кушода, назди даромадгоњ монду дастонашро ёзонда, назди зан рафт Пеши ў ба зону зад ва рўйњояшон ба њам расид. Онњо, сарњошонро ба китфони њам монда, якдигарро ба оѓўш гирифтанд ва чанде ба њамон њолат монданд. Ва дигар дунёи онњо фазои зери гунбази њамон юрта буду бас. Њама чизи берун аз он истиќоматгоњи сафарї дигар вуљуд надошт. Фаќат он ду нафар, фаќат он чизе, ки ишонро њини ѓалаёни эњсос мепайваст ва мављуди хурдакаки гањвора, ки се рўз пеш ба дунё омада буд, вуљуд доштанду халос.

Аввал Эрдене лаб ба сухан кушод:

- Чї хелї, љонам? Ањволат чї хел? – пурсид ў, нафаси номураттабашро базўр боздошта. – Ман бисёр хавотир шудам.

- Њамааш гузашт, - табассум намуда, љавоб дод зан. – Дар ин бора фикр накун. Бењтараш, дар бораи вай бипурс, дар бораи писарчаамон. Њамин хел баќувватаке њаст, ки… Чунон сахт мемакад синањоямро… Ба ту бисёр монанд аст. Алтун њам мегўяд, ки бисёр монанд аст!

- Нишонам бидењ, Догуланг, бимон бубинамаш!

Догуланг худро канор гирифт ва, пеш аз он ки гањворапўшакро бардорад, беихтиёр хавотиромез ба садоњои берун гўш дод. Атроф сокит буд.

Юзбошї, дар чењраяки њанўз беифодаи тифли хобида нишонањои ба худ монандро љуста, дурудароз ба ў нигарист. Нафасашро ба дарун гирифта, ба навзод менигаристу шояд бори аввал моњияти яздонии ба дунё омадани авлодро њамчун асоси абадият дарк менамуд. Аз афти кор, барои њамин њам, њар як калимаро ќаблан санљида, сипас гуфт:

- Баъд аз ин ман њамеша бо ту хоњам буд, Догуланг, њамеша, њар балое ба сарам биёяд њам. Чунки писари ман бо туст.

- Бо ман хоњї буд? Кош! – Лабханди талхе кард зан. – Гуфтаниї, ки тифлак нусхаи дуюми туст, њамчунон ки Буддоро буд? Њангоми ўро сина додан ин фикр ба сарам омад. Ўро, ки се рўз пеш дар ин дунё набуд, рўи даст гирифтаму аз дилам гузашт, ки ту аз ман таваллуд шудї. Ту њам њозир дар њамин бора фикр кардї?

- Ња, лекин каме дигархелтар. Ман худамро бо Буддо баробар карда наметавонам.

- Баробар њам накун! Ту Буддо не, аждари манї, аждараки ман, - мењрубонона пичиррос зад Догуланг. – Ман умрест, ки дар байраќњо тасвири аждар медўзам ва касе намедонад, ки он њама туї. Дар њама байраќњои ман акси туст. Баъзан хобаш мебинаму дар хоб зардўзиаш мекунам, он гоњ аждар зинда мешавад ва ман, илтимос наханд, - дар хобам оѓўшаш мегирам, мо ба њам меоему парвоз мекунем, аждар, бол кушода мепараду маро њам мебарад ва дар лањзаи ширинтарин дармеёбам, ки туї он. Дар хобам ту гоњ аждариву гоњ одам. Ва, бедор шуда, намедонам ба кадомаш бовар кунам. Ман пештар њам мегуфтамат, ки аждари оташнињодам туї. Бешўхї мегуфтам. Њаќиќатан њамин хел буд. Дар сурати аждар ман туро, таљассуми туро зардўзї мекунам. Пас, маълум мешавад, ки аз аждар таваллуд кардаам.

- Чизе, ки дилат бихоњад, бигзор њамон бошад. Вале гапи маро гўш кун, Догуланг. – Юзбошї хомўш монд ва лањзае пас гуфт: - Акнун, ки фарзанддор шудем, ояндаамонро фикр кардан даркор. Њоло дар ин бора сўњбат мекунем. Лекин ќаблан, бидонї њам, ба ту гуфтан мехоњам, ки њамеша дар орзуи дидорат будаму њастам. Мудњиштарин чизе, ки метарсам, ногоњ дар набард мурдан не, балки гум кардани ин ормон аст. Дар куљое, ки бошам, пайваста меандешам: чї хел ормони хешро аз худ људо кунам, то њамроњи ман намираду бо ту зинда бимонад. Илоље намеёфтаму орзу мекардам, ки ормонам парандае ё дарандае, умуман, мављуди зиндае бишавад, то ба дасти туаш дода, гуфта битавонам, ки бигир, ин ормони ман аст, бигзор дигар њамеша бо ту бошад. Он гоњ аз њалокат боке нест. Акнун дарёфтам, ки писарам њосили он ормони ёду дидори туст. Ва аз ин пас њамеша бо ту хоњад буд.

- Мо-ку њоло номаш њам накардаем. Ту ягон ном ёфтї? – пурсид зан.

- Ёфтам,- љавоб дод юзбошї, - агар ту розї бошї, Ќунан номаш мекунем!

- Ќунан!

- Оре.

- Номи наѓз. Ќунан! Саманди љавон.

- Бале, аспи сесоле, ки дар айни мадору ќувват аст. Ёлаш бўронро мемонаду сумаш – сурбро.